Вазирак (Barbarea) — гиёҳест ду ё бисёрсола. Баргаш паршакл, гулаш зард, ғилофакаш махрутшакл. Пояаш рост, 30–70 см қад мекашад. Дар марғзор, канори роҳ ва заминҳои партови Тоҷикистон (дар баландии 700–3000 м аз с. б.) ду намуди В. мерӯяд: B. arcuata ва B. plantaginea. Даври гулшукуфташ апрел – май; гулаш сершаҳд аст. Онро чун сабзавот низ истеъмол кунанд. Тухмаш 30–36% равған ва гликозиди синигрин дорад. Рустании шифобахш. Бо мақсади табобат барг ва тухми онро истифода мебаранд (барои муолиҷаи зангила ва норасоии витамини С давои хубест). Бо тухми он қабзияти шикамро рафъ месозанд (доруи мусҳил аст): як чумча тухмиро дар як истакон об рӯйи оташи паст 5–6 дақ. ҷӯшонда, баъди полудан меошоманд. В. plantaginea 25–60 см қад мекашад. Баргҳои поёниаш байзашакл, баргҳои болоиаш дарозрӯяи дандонадор. Дар заминҳои партов мерӯяд.

Вазирак
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Curcuma longa typus L., 1753
Мутародифот

Адабиёт

вироиш
  • Травянистые растения СССР, Т. 1. М., 1971;
  • Биологический энциклопедический словарь. М., 1986.

Сарчашма

вироиш