Вазифаи нигоҳубин ва таъмини фарзандон

Вазифаи нигоҳубин ва таъмини фарзандон — яке аз вазифаҳои конститутсионии фарзандон ба ҳисоб меравад, ки тибқи он фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъмини волидон масъул мебошанд. Фарзандони болиғ ва қобили меҳнат вазифадоранд, ки волидони ғайри қобил ва ба ёрӣ мӯҳтоҷи худро нигоҳубин ва ғамхорӣ намоянд. Ёрии моддй асосан дар додани алимент аз ҷониби фарзандон ба волидони ғайри қобили меҳнат ифода мегардад.[1]

Инчунин нигаред

вироиш

Моддаи 174. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои падару модар ва фарзандон

Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои падару модар ва фарзандон, аз ҷумла уҳдадории падару модар дар бобати таъминоти фарзандон мутобиқи қонунҳои давлате муайян карда мешаванд, ки дар он давлат иқоматгоҳи муштарак доранд. Дар сурати иқоматгоҳи муштарак надоштани падару модар ва фарзандон, ҳуқуқу уҳдадориҳои онҳо тибқи қонунҳои давлате муайян карда мешаванд, ки кӯдак шаҳрванди он мебошад. Бо талаби даъвогар нисбати уҳдадориҳои алиментдиҳӣ ва дигар муносибатҳои байни падару модар ва фарзандон қонунҳои давлатеро истифода кардан мумкин аст, ки кӯдак дар қаламрави он истиқомати доимӣ дорад.

Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нигаред

вироиш
  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 110

Пайвандҳо

вироиш