Вазнавд
Вазнавд (аз ваз- буз ва навд — гирён гирифта шудааст) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Абдулвосиеви ноҳияи Рӯшон.
Деҳа | |
Кишвар | Тоҷикистон |
---|---|
минтақа | ВМКБ |
Ноҳия | Рӯшон |
Ҷамоат | Деҳоти Абдулвосиев |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Минтақаи замонӣ | UTC+5:00 |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 543 тан (2012) |
Миллият | тоҷикон |
Эътиқодот | мусулмонон |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Пешшумораи телефон | +992 |
Ҷуғрофиё
вироишДар соҳили дарёи Панҷ ва сари роҳи автомобилгарди Душанбе — Хоруғ, дар ҳудуди хоҷагии деҳқонии Вазнавд воқеъ аст. Аз Вазнавд то маркази ноҳия 50 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 543 нафар (2012), тоҷикон. Мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, мактаби ибтидоӣ, 4 ошхона, клуб, китобхона, бунгоҳи тиббӣ, нуқтаи савдои хусусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: чорводорӣ, ғаллакорӣ, сабзавоткорӣ ва боғдорӣ. Заминҳо аз оби чашма ва Вазнавддара обёрӣ мешаванд.
Сарчашма
вироиш- Вазнавд // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.