Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон — мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи давлатӣ, ки татбиқи сиёсати давлат ва батанзимдарории меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаҳои меъёрэҷодкунӣ, ёрии ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон, тарғибу ташвиқи ҳуқуқӣ, иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, экспертизаи судӣ ва криминалистӣ, дигар соҳаҳои адлияро, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шудаанд, таъмин намуда, фаъолияти мақомот ва ташкилотҳои тобеи худро роҳбарӣ, ҳамоҳанг ва назорат мекунад.
Иттилооти куллӣ | |
---|---|
Кишвар | |
Қаламрави додрасӣ | Тоҷикистон |
пешинаи |
Комиссариати халқии адлияи ҶМШС Тоҷикистон Комиссариати халқии адлияи ҶШС Тоҷикистон Вазорати адлияи ҶШС Тоҷикистон Комиссияи ҳуқуқӣ дар назди Шӯрои вазирони ҶШС Тоҷикистон Вазорати адлияи ҶШС Тоҷикистон |
Роҳбарӣ | |
Масъули иҷроия | Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Вазири масъул | Шоҳмурод Рустам |
Вебгоҳ | minjust.tj/tj/ |
Таърих
вироишМақомоти адлия барои барқарор намудани адолат, таъмини ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ва тарғибу ташвиқи ҳуқуқӣ корҳои зиёдеро ба сомон расонида, мавқеъ ва нақши худро дар низоми идоракунии давлатӣ муайян намудааст. То таъсис ёфтани мақомоти адлия ва забти ҳудуди Осиёи Марказӣ аз тарафи Империяи Русия вазифаи мақомоти адлия ва ҳокимияти судӣ ба зиммаи шахсони мансабдори алоҳида, ба монанди қозикалон, қушбегӣ, ҳокимони меросӣ, бекҳо ва амлокдорон вогузор шуда буд, ки онҳо «адолати судӣ»-ро асосан аз рӯйи парвандаҳои ҷиноятӣ анҷом медоданд. Вазифаи нигаҳбонии маҳбасҳо ба зиммаи одамони махсуси қозиҳо вогузор шуда буд, ки маҳбусонро назорат мекарданд. Шахсони мансабдори зикргардида, асосан, мутобиқи шариат фаъолият карда, гунаҳкории шахс ро аз рӯйи муқаррароти он ва нишондоди шоҳидон муайян менамуданд.
Даврони шӯравӣ
вироишСоли 1924 Комиссариати халқии адлияи Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон таъсис ёфт. Бо фармони Комиссариати халқии ҶМШС Тоҷикистон аз 12 феврали 1925 Комиссариати халқии адлия таъсис дода, ба зиммаи он вазифаҳои мушаххас вогузор гардиданд, ки онҳоро шартан ба ду гурӯҳи калон ҷудо намудан мумкин аст: а) вазифаҳое, ки хислати ташкилӣ доштанд; б) вазифаҳое, ки барои идоракунии корҳои давлатӣ равона гардида буданд. Ба вазифаҳои гурӯҳи аввал роҳбарии умумӣ ба мақомоти адлия, ташкил кардан, дастур додан ва тафтиш намудани муассисаҳои судию тафтишотии ҶМШС Тоҷикистон, аз ҷумла, Сарсуд дохил мешуданд. Вазифаҳои гурӯҳи дуюм аз шарҳу эзоҳи қонунҳои ҷумҳурӣ оид ба масъалаҳои қонунгузории ИҶШС ва ҶШС Ӯзбекистон мутобиқи дархости мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва муассисаҳои ҷумҳурӣ, додани хулосаҳо иборат буданд.
Азбаски мақомоти прокуратура дар солҳои нахустини таъсисёбии худ ба мақомоти адлия вобаста буд, аз ин хотир комиссари халқии адлия дар як вақт прокурори ҷумҳурӣ низ эътироф мегардид. Комиссари халқии адлия– прокурори ҷумҳурӣ дар доираи салоҳияти худ риояи яксони қонунро назорат карда, иҷрои онро таъмин менамуд.
Яке аз вазифаҳои муҳим ва асосии ӯ дар фаъолият ва низоми ҳокимияти шӯравӣ дар Тоҷикистон ҷорӣ намудани қонун ва таҳкими он ба шумор мерафт. Бо ин мақсад комиссари халқии адлия–прокурори ҷумҳурӣ дар ду самти асосӣ фаъолият мекард:
- ташкили васеи қабули шикояту аризаҳои шаҳрвандон;
- ташкили назорат дар иҷрои қарору фармонҳое, ки аз тарафи мақомоти ҳокимияти давлатӣ қабул карда мешуданд.
Шуъбаи прокурории Комиссариати халқии адлия дастурдиҳӣ ва тафтиши бевоситаи дастгоҳи марказии мақомоти мазкурро анҷом дода, таъмини фаъолияти тамоми мақомоти судӣ-тафтишотӣ, вусъат додани судҳои халқӣ, таъйин ва озод намудани прокурорҳо, баланд бардоштани сатҳи сифати фаъолияти онҳо, баланд бардоштани дараҷаи ихтисоснокии кормандони мақомоти судӣ, барпо намудани курсҳои идоравиро назорат намуда, дар айни вақт мақомоти таҳқиқи ибтидоиро ҳам муроқибат мекард.
Дар натиҷаи фаъолияти пурсамари Комиссариати халқии адлия дар самти ташкил ва фаъолияти мақомоти судӣ низ як қатор ислоҳот анҷом дода шуда, дар давоми солҳои 1925–26 дар ҳудуди Тоҷикистон судҳои халқӣ, округӣ, шуъбаи тоҷикистонии Суди Олии ҶШС Ӯзбекистон таъсис дода шуданд. Шуъбаи тоҷикистонии Суди Олии ҶШС Ӯзбекистон дар ҳудуди ҶМШС Тоҷикистон то соли 1927 фаъолият намуда, сипас дар заминаи он Сарсуди ҶМШС Тоҷикистон таъсис дода шуд. 7 июни 1925 бо қарори Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон дар назди курсҳои семоҳаи омӯзгории Комиссариати халқии маориф курсҳои байниидоравии омодасозии кормандон бо шуъбаҳои маъмурӣ ва судӣ таъсис дода шуданд. Комиссариати халқии адлияи ҶМШС Тоҷикистон ба таври воқеӣ мақомоти гуногунсоҳаи ҳуқуқӣ ба шумор рафта, дар худ салоҳияти якчанд мақомотро муттаҳид карда буд. Яке аз вазифаҳои муҳимми онро тибқи Низомномае, ки бо қарори Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон аз 6 майи 1925 тасдиқ гардида буд, иштирок дар таъминоти ҳуқуқии фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ буд.
20 июни 1933 бо қарори КИМ ва Шӯрои комиссарони халқии Тоҷикистон шуъбаи прокурорӣ аз ҳайати Комиссариати халқии адлия бароварда шуда, дар заминаи он мақоми алоҳида ва мустақили прокуратура таъсис дода шуд, ки идомаи мантиқии ислоҳоти мақомоти адлия дар замони ташаккулёбии ҶШС Тоҷикистон ба шумор мерафт. Баробари таъсис ёфтани Прокуратураи ҶШС Тоҷикистон вазифаи амалӣ намудани назорат аз болои риояи қонун маҳз ба зиммаи он вогузор гардида, аз зиммаи комиссари халқии адлия соқит карда шуд.
Комиссариати халқии адлияи ҶШС Тоҷикистон, ки маҳсули давраи аввали барқароршавии ҳокимияти шӯравӣ буд, аз рӯйи мазмун ва моҳияти худ ба пешрафт, тағйироти шакл ва вазифаҳои мақомоти давлатӣ мутобиқат намекард. Аз ин хотир зарурат ба миён омад, ки дар ин самт мақоми алоҳидаи соҳавие таъсис дода шавад, ки он соҳаи мазкурро бо дарназар доштани талаботи нави бамиёномада роҳбарӣ намояд. Соли 1946 бо қарори Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон Комиссариати халқии адлияи ҶШС Тоҷикистон ба Вазорати адлияи ҶШС Тоҷикистон табдил дода шуд. Ин имкон дод, ки ҳудуди салоҳият ва масъулияти ба зиммаи он вогузоргардида ба таври дақиқ ва мушаххас муайян карда шуда, доираи фаъолияти он ба доираи фаъолияти мақомоти давлатӣ мутобиқ гардад.
Вазорати адлияи ҶШС Тоҷикистон дар ин сатҳ то соли 1958 фаъолият намуд. 24 ноябри 1958 Шӯрои вазирони ҶШС Тоҷикистон дар асоси фармони Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон дар бораи барҳам додани Вазорати адлияи ҶШС Тоҷикистон ва таъсис додани Комиссияи ҳуқуқӣ дар назди Шӯрои вазирони ҶШС Тоҷикистон қарор қабул намуд. Минбаъд аксари вазифаҳое, ки қаблан аз тарафи Вазорати адлияи ҶШС Тоҷикистон иҷро карда мешуданд, ба салоҳияти Суди Олии ҶШС Тоҷикистон вогузор шуданд. Тафтиш ва назорати фаъолияти судҳои халқӣ, роҳбарии давлатӣ ба идораҳои нотариати давлатӣ, амалӣ кардани корҳои оморӣ вобаста ба фаъолияти судҳои халқӣ, назорат ба фаъолияти адвокатура аз тарафи Суди Олии ҶШС Тоҷикистон ба амал бароварда мешуд.
Дар натиҷаи гузаронидани ислоҳот фаъолияти Комиссияи ҳуқуқӣ бештар ба таври машваратӣ амалӣ мегардид, ки он самтҳои зеринро дар бар мегирифт:
– омода намудани пешниҳодҳо оид ба мураттабсозии санадҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба онҳо, пас аз қабул гардидани санадҳои меъёрии ҳуқуқии нав;
– таҳия намудани Маҷмӯаи солонаи қарорҳои Ҳукумати ҶШС Тоҷикистон ва нашр намудани онҳо;
– тибқи супориши Ҳукумати ҶШС Тоҷикистон таҳия намудани лоиҳаи санадҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ ва ба баррасии он пешниҳод намудани лоиҳаҳо:
– таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати ҶШС Тоҷикистон пешниҳод намудани қарорҳои беэътибор донисташуда;
– пешниҳоди хулоса ба Шӯрои вазирони ҶШС Тоҷикистон аз рӯйи лоиҳаи санадҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ, ки барои баррасӣ пешниҳод мегарданд;
– таснифи қонунҳо, фармонҳо, қарорҳое, ки хусусияти меъёрӣ доранд, нашри маҷмӯаҳои қонунҳо;
– бо супориши Ҳукумати ҶШС Тоҷикистон тайёр намудани маълумотнома оид ба қонунгузорӣ.
Ислоҳоти дигаре, ки соли 1970 доир шуд, барои ба Вазорати адлияи ҶШС Тоҷикистон табдил додани Комиссияи ҳуқуқии назди Шӯрои вазирони ҶШС Тоҷикистон асос гардида, Вазорати адлияи ҶШС Тоҷикистон аз нав ҳамчун мақоми алоҳида ва мустақили давлатӣ таъсис дода шуд.
Замони истиқолол
вироишБаъд аз соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон бо мақсади таъмини ислоҳоти судӣ ва мустақилияти ҳокимияти судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми мустақил – Шӯрои адлия таъсис дода, мақомоти судӣ аз сохтори В. бароварда шуд (14 декабри 1999). Низоми иҷрои ҷазои ҷиноятӣ аз тобеияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тобеияти Вазорати адлия гузаронида шуд (26 июли 2002). Бо мақсади иҷрои самаранок ва саривақтии санадҳои судӣ ва санадҳои судии давлатҳои дигар истеҳсолоти иҷро аз Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ихтиёри Вазорати адлия дода шуд (2008). Мақоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ки дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ фаъолият мекард, ба Вазорати адлия гузаронида шуд (7 октябри 2011).
Вазифаҳо
вироишВазорати адлия дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият вазифаҳои зайлро анҷом медиҳад:
– таъмини сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи меъёрэҷодкунӣ ва татбиқи санадҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ;
– иштирок дар таъмини фаъолияти ҳуқуқэҷодкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ, гузаронидани санҷиши ҳуқуқии лоиҳаҳои санадҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ, таъмин намудани мутобиқати санадҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ ба санадҳои меъёрӣ ҳуқуқии амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст;
– бақайдгирӣ ва баҳисобгирии санадҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ;
– ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ оид ба тарғибу ташвиқи ҳуқуқӣ, ки барои баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқии шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ, маданияти ҳуқуқӣ дар ҷомеа, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва таҳкими қонуният нигаронида шудааст;
– танзими давлатии фаъолияти мақомоти нотариалӣ, мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, фаъолияти адвокатҳои ваколатдор ва баланд бардоштани самаранокии амали онҳо;
– таъмини риояи меъёрҳои қонунгузорӣ ҳангоми бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, уҳдадориҳои гаравӣ ва консессионӣ;
– дар доираи ваколатҳои худ таъмин намудани самаранокии ҳифзи ҳуқуқии манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муносибатҳои байналмилалии ҳуқуқӣ;
– таъмини иҷрои ҷазои ҷиноятӣ;
– ташкил ва танзими давлатии истеҳсолоти иҷро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қарори Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон аз 1.4.2008, №176); ташкил ва гузаронидани экспертизаи судӣ ва криминалистӣ;
– такмили сатҳи ихтисоси кадрҳои сатҳи соҳа бо назардошти талабот ва меъёрҳои замонавӣ;
– баррасии саривақтӣ ва босифати шикоятҳо, аризаҳо ва муроҷиатҳои шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ.
Вазорати адлия дорои дигар вазифаҳое низ мебошад, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд.
Сохтор
вироиш- Сохтори идоракунии Вазорати адлия:
- Дастгоҳи марказӣ
- Роҳбарият, Сарраёсати қонунгузорӣ
- Сарраёсати робитаҳои байналмилалии ҳуқуқӣ
- Раёсати баҳисобгирӣ ва бақайдгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
- Раёсати ёрии ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон ва корҳои ҳуқуқӣ
- Раёсати бақайдгирии давлатии ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ
- Раёсати ташкили фаъолияти иҷрочиёни суд
- Раёсати кадрҳо ва корҳои махсус
- Раёсати молияву иқтисод
- Шуъбаи умумӣ ва назорати иҷро
- Шуъбаи бақайдгирии давлатии уҳдадориҳои гаравӣ
- Бахши хоҷагӣ.
- Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ;
- Раёсатҳои адлияи ВМКБ ва вилоятҳо;
- Саридораи нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
- идораҳои нотариалии давлатии ВМКБ,
- идораҳои нотариалии давлатиивилоятҳо, *
- идораҳои нотариалии давлатиишаҳрҳо
- идораҳои нотариалии давлатииноҳияҳо;
- Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ;
- Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистӣ.
- Муассисаву корхонаҳои тобеи Вазорати адлия:
- Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони мақомоти адлия ва хадамоти ҳуқуқии корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо.
- Корхонаи воҳиди давлатии нашриётии «Қонуният».
Роҳбарият
вироиш- Вазир — Шоҳмурод Рустам (Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 ноябри соли 2013 таъйин гардид);
- Муовини якуми вазир — Холиқзода Абдуманон Ғаффор (аз ноябри соли 2012);
- Муовини вазир — Мирсайзод Ҳаким Саид (аз ноябри соли 2012);
- Муовини вазир — Нодирӣ Шаҳноза Анвар (аз ноябри соли 2009).
Роҳбарони собиқи вазорат
вироишРоҳбарони мақомоти вазорат ва солҳои роҳбарии онҳо: Т. Сайфиддинов (1925—1927), М. Негматуллоев (1927), М. Саъдуллоев (1927—1931), С. Н. Ҳоҷиёров (1931—1933), Ч. Имомов (1933—1935), Н. Ширинов (1935—1936), Р. Маҳкамов (1936—1937), З. Шарифов (1939—1940), М. Раҷаббеков (1941—1951), Ҳ. Назаров (1952—1959), М. Исмоилов (1959—1970), С. Раҷабов (1970—1978), Ш. Ҷ. Маҳмудов (1978—1990), Ф. Абдуллоев (1990—1993), Ш. М. Исмоилов (1993—2001), Х. Ҳомидов (2001—2006), Б. Т. Худоёров (2006—2012), Р. Ш. Менглиев (аз 2012).
Эзоҳ
вироишПайвандҳо
вироиш- minjust.tj — вебгоҳи расмии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон(тоҷ.)(рус.)
Сарчашма
вироиш- Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — 676 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.