Вазорати дифоъ
Вазорати дифоъ (форсӣ: وزارت دفاع) — ниҳоде мудириятӣ дар таркиби давлати кишвари мустақил аст, ки созмонҳои низомиро раҳбарӣ ва системи иқдомоти сиёсӣ, иқтисодӣ, низомӣ, иҷтимоъӣ, ҳуқуқӣ ва дигар чораҳо барои омодасозии дифоъи мусаллаҳона аз кишвар, якпорчагӣ ва масунияти сарзамини он аз таҳдидҳои хориҷиро созмондеҳӣ ва роҳандозӣ мекунад.
Ин вазорат дар бисёре аз кишварҳо ва дар давраҳои гуногуни таърих номҳои гуногун дошта, аз ҷумла:
- Девони сипоҳ (дар замони Сомониён)[1];
- Вазорати ҷанг;
- Вазорати дифоъи миллӣ;
- Вазорати нерӯҳои мусаллаҳ;
- Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Раҳбарӣ
вироишМаъмулани ин вазоратро вазири дифоъ ё дабири дифоъ ва ё дар бархе аз кишварҳо мудири кулл идора мекунад, ки масъулияти мудирияту назорат бар кулли нерӯи низомиро бар уҳда дорад.
Тобеъият
вироишВазорати дифоъ аз вазир ва ӯ дар навбати худ аз раҳбари кишвар (раисҷумҳур, подшоҳ ё дигар кишвардор) фармонбардорӣ мекунад.
Таркиб
вироишВазорати дифоъ метавонад ситоди кулл, кумитаи сардорони ситодҳо ва дигар ниҳодҳоеро дар бар гирад, ки масъули таъмини амнияти кишвар аз таҳдидҳои хориҷӣ ҳастанд.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Ноҷӣ, Муҳаммадризо. Фарҳанг ва тамаддуни исломӣ дар қаламрави Сомониён. — Теҳрон: Амири Кабир, 1386. — 904 саҳ. — ISBN 964-00-1086-3.