Мудофиа
Мудофиа (ар. مدافعه — дифоъ кардан, ҳимоя ва тарафдорӣ кардан) — навъи ҷанг, ки ба мақсади пешгирӣ кардан ё зада гардонидани ҳуҷуми душман, шикаст расонидан ва мавқеъро нигоҳ доштан ва барои ҳуҷум шароит ба вуҷуд овардан ба вуқӯъ меояд. Аксаран қӯшун дар шароити номусоид ё номувофиқии ҳуҷум ба Мудофиа мегузарад. Мудофиа вобаста ба вазифа ва қувваю воситаҳое, ки ҷалб карда мешаван, дорои аҳамияти стратегӣ, оперативӣ ва тактикӣ мешавад.
Падофанд (форсӣ: پدافند аз пад- < *pati- (пешванд) 'муқобил, зидд' + офанд ‘ҷанг, набард’)[1]: ин истилоҳ дар улуми низомӣ корбурдҳои зерин дорад:
- маҷмуъаи ҷангафзорҳое, ки барои дафъи ҳамлаи душман ба кор меравад;
- маҷмуъаи корҳо ва равишҳое, ки барои дафъи ҳамлаи душман ба кор меравад; дифоъ дар баробари ҳамла.
- системи иқдомоти сиёсӣ, иқтисодӣ, низомӣ, иҷтимоъӣ, ҳуқуқӣ ва дигар чораҳо барои омодасозии дифоъи мусаллаҳона аз кишвар, якпорчагӣ ва масунияти сарзамини он; дифоъ.
- гунае аз амалиёти низомӣ (ҷангӣ), ки бар амалиёти дифоъии нерӯҳои мусаллаҳ бунёд шуда ва барои боз доштану пас задани офанди душман, нигаҳ доштани минтақаҳо, маҳаллҳо, ҳудуд ва созаҳои муҳим, замингир кардани нерӯҳои бартари душман ва фароҳам сохтани шароит барои офанд задан ва дигар ҳадафҳо ба кор меравад; мудофеъа
Бархе аз гунаҳои падофанд:
вироишпадофанди омил: амалиёти офандиву амалиёти маҳдуду подтак барои пешгирӣ аз ҳамлаҳои душман.
падофанди ҳавофазо: иқдомоти падофандӣ барои нобуд ё сарнагун кардани ҳавогардҳову мушакҳои муҳоҷим ва низ пешгирӣ аз фаъолиятҳои фазоии душман.
падофанди перомунӣ: падофанде, ки ҷиноҳи мушаххас надорад ва нерӯҳоеро дар бар мегирад, ки перомуни як минтақаи дифоъӣ густариш ёфтаанд.
падофанди пӯё: падофанде, ки дар он ба нерӯи душман иҷоза дода мешавад пешравӣ кунад ва вориди минтақае шавад, ки имкони анҷоми подтак ва корбурди нерӯҳои зарбати пӯё дар он вуҷуд дошта бошад.
падофанди нуқтаӣ: дифоъ ва ҳифозат аз таъсисоту аносири ҳаётии вижа, монанди таъсисоти фармондеҳиву вопоиш ва пойгоҳҳои ҳавоӣ.
падофанди ғайри омил: иқдомоте кунишпазирона барои коҳиши хисорат ё пешгирӣ аз хисоратҳое, ки дар паи амалкарди душман рух медиҳанд.
падофанди кайҳонӣ: падофанде тарроҳишуда барои аз миён бардоштан ё хунсо кардан ё коҳиши асарбахшии таҷҳизоти кайҳонии душман, аз ҷумла мушакҳо дар кайҳон.
падофанди минтақаӣ: падофанде барои нигаҳдошти минтақаи вижае, ки дар он нерӯҳои душман ба маҳдудае кашонда мешаванд, ки имкони пешрафтро аз онҳо мегирад ва сипас бо таку тохт аз тарафайн ба кулли нобуд мешаванд.
Нигаред
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Ҳасандӯст, Муҳаммад. Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ. Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Нашри осор, 1393. ISBN 978-600-6143-56-9. — ҷ. 2, с. 638.
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |
- Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.