Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон — мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи рушди иқтисод ва савдо. Фаъолияти вазорат аз татбиқ намудани сиёсати ягонаи давлатӣ дар тамоми соҳаҳои марбут ба иқтисод ва савдо, таҳия ва ба танзим даровардани санадҳои меъёрии ҳуқуқии бахши таҳия ва таҳлили консепсияҳо, стратегияҳои роҳбурдҳои кӯтоҳмуддат, миёнамуддат ва дарозмуддат, тартиб додани барномаҳо ва дурнамоҳои рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат, фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, савдо, патентҳо (парвонаҳо), ташаккули захираҳои иттилоотӣ, ҳамчунин ҳамоҳангсозии масъалаҳои доир намудани мониторинг, баҳо додан ба татбиқи стратегияҳои миллии рушд, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва тадвини барномаҳои давлатии сармоягузорӣ иборат мебошад.
Иттилооти куллӣ | |
---|---|
Кишвар | |
Қаламрави додрасӣ | Тоҷикистон |
Вазорат тамоми фаъолиятҳои худро бар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва асноди ҳуқуқии байналмилалии аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофшуда, Низомномаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3.05.2010 (№ 148) тасдиқ шудааст, созмон медиҳад.
Таъсис
вироишСавдо ва иқтисод аз қадимтарин бахшҳои зиндагии рӯзмарраи мардум маҳсуб ёфта, ҳанӯз баробари пайдоиши тақсимоти ҷамъиятии меҳнат ва муносибатҳои пуливу молӣ дар даврони таназзули сохти ҷамоаи ибтидоӣ ба вуҷуд омадаанд. Дар ҷамъиятҳои ғуломдорӣ ва феодалӣ, ки дар онҳо хоҷагии натуралӣ ҳукмрон буд, асосан савдои берунӣ рушд кард. Бо пайдоиши капитализм савдо босуръат инкишоф ёфта, соҳаи алоҳидаи хоҷагӣ гардид. Дар даврони сотсиализм дар мамолики ин сохти давлатдорӣ қонуниятҳои хосса ба вуҷуд омаданд. Пас аз эъломи Истиқлоли давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба қатъ гардидани робитаҳои хоҷагӣ байни корхонаҳо, лағв шудани бозорҳои анъанавии фурӯш, камбуди ҷиддии захираҳои молиявӣ иқтисод ва тиҷорат ба мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ омаданд.
Номи ин ниҳод дар солҳои мухталиф чқнин буд:
- 1925—1927 Комиссариати халқии савдои дохилӣ,
- 1927—1930 Комиссариати халқии савдо ва саноат,
- 1930—1934 Комиссариати халқии савдо ва таъминот,
- 1934—1946 Комиссариати халқии савдо,
- 1946—1992 Вазорати савдо,
- 1992—1994 Вазорати савдо ва захираҳои моддӣ,
- 1994—2001 Кумитаи давлатии қарордод ва савдо,
- 2001—2006 аввал Вазорати иқтисод ва робитаҳои иқтисоди хориҷӣ ва баъдан Вазорати иқтисод ва савдо,
- аз соли 2007 Вазорати рушди иқтисод ва савдо.
Сохтори вазорат
вироишДар даврони Истиқлоли давлатӣ ва гузариш ба муносибатҳои иқтисоди бозоргонӣ мақсаду вазифа ва уҳдадориҳои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон куллан тағйир ёфта, системаи молияи давлатӣ мувофиқи сохтори нав ташкил карда шуд.
Сохтори дастгоҳи марказӣ
вироишРоҳбарият; Сарраёсати таҳлили макроиқтисодӣ (иқтисори кулл), дурнамо ва ислоҳоти иқтисодӣ; Сарраёсати рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёт; Сарраёсати таҳлили конъюктураи (вазъияти) бозор ва танзими фаъолияти тиҷоратӣ; Сарраёсати пешгӯии сиёсати сармоягузорӣ ва танзими рушди минтақаҳо; Раёсати ҳамкориҳои иқтисодии хориҷӣ; Раёсати рушди соҳаҳои иҷтимоӣ; Раёсати таъминоти ҳуқуқӣ; Раёсати котибот; Раёсати молиявию баҳисобгирӣ; Раёсати кадрҳо ва бахши махсус; Раёсати корҳо.
Муассисаҳои системаи вазорат
вироиш- Раёсати давлатии «Суғдсавдо»,
- Муассисаи давлатии Маъмурияти минтақаҳои озоди иқтисодии «Панҷ»;
- Муассисаи давлатии Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Суғд»;
- Муассисаи давлатии Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Данғара»;
- Муассисаи давлатии Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим»;
- Маркази миллии патенту иттилооти назди вазорат.
Роҳбарони вазорат
вироишНабиев Н. — Комиссари халқии савдои ҶШС Тоҷикистон (1940-43); Саломатшоев З. — Комиссари халқии савдои ҶШС Тоҷикистон (1943-44); Қосимов М. — Комиссари халқии савдои ҶШС Тоҷикистон (1945-50); Шарифов Х. — Вазири савдои ҶШС Тоҷикистон (1950-60); Қаҳҳоров А. — Раиси Кумитаи плангузории ҶШС Тоҷикис тон (1956-61); Тоҳиров Ғ. — Вазири савдои ҶШС Тоҷикистон (1960-61); Вайсов М. — Вазири савдои ҶШС Тоҷикистон (1961-63); Маҳкамов Қ. М. — Раиси Кумитаи плангузории ҶШС Тоҷикистон (1963-82); Сатторов Ғ. — Вазири савдои ҶШС Тоҷикистон (1963-72); Воҳидов Д. — Вазири савдои ҶШС Тоҷикистон (1972-74); Гришина Р. М. — Вазири савдои ҶШС Тоҷикистон (1974-81); Катаев О. К. — Вазири савдои ҶШС Тоҷикистон (1981-91); Каримов Б. Б. — Раиси Кумитаи плангузории ҶШС Тоҷикистон (1989-90); Кошлаков Г. В. — Раиси кумитаи плангузории ҶШС Тоҷикистон (1991-92); Ғафоров Т. — Вазири иқтисод ва равобити хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1995-98); Исмоил Давлатов — Вазири иқтисод ва молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз май то декабри 1992); Солиев Ҳ. Ҳ. — Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон (1991—2006); Давлат У. — Вазири иқтисод ва робитаҳои иқтисоди хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1998—2000); Азимов Я. Н. — Вазири иқтисод ва робитаҳои иқтисоди хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2000—2001); Бобозода Ғ. Ҷ. — Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон (2006—2009); Ҳамралиев Ф. М. — Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон (2009—2012), Шариф Раҳимзода — Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон (2012—2015), Неъматулло Ҳикматуллозода — Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 2015—2020), Завқӣ Завқизода — Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 2020)
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.
- Энсиклопедияи советии тоҷик Ҷ. 6. Д., 1986;
- История таджикского народа. Т. VI. Д., 2011;
- Рушди иқтисоди миллӣ дар даврони истиқлол. Д., 2011;
Пайвандҳо
вироиш- medt.tj/tj/ — вебгоҳи расмии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон(тоҷ.)(рус.)