Исмоил Давлатов (25 декабри 1946, деҳаи Сағирдашт, ноҳияи Дарвоз, ВАКБҶШС Тоҷикистон26 ноябри 2000, Душанбе, Тоҷикистон) — давлатмарди тоҷик, иқтисоддон, доктори илмҳои иқтисод (1986), профессор (1989). Вазири маорифи Тоҷикистон (1990—1992).

Исмоил Давлатов
15 августи 1997 — 1998
Пешгузашта Худойқул Ҳамроқулов
Ҷонишин Абдураҳим Каримов
1994 — 15 августи 1997
Пешгузашта Сайдулло Хайруллоев
Ҷонишин Неъматулло Сафаров
майи 1992 — августи 1992
1990 — 1992
Пешгузашта Талбак Назаров
Ҷонишин Зокир Вазиров
Таваллуд 25 декабр 1946(1946-12-25)
Даргузашт 26 ноябр 2000(2000-11-26) (53 сол)
Душанбе, Тоҷикистон
Таҳсилот Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин
Дараҷаи илмӣ доктори илмҳои иқтисод
Унвони илмӣ профессор

Зиндагинома

вироиш

Исмоил Давлатов 15-уми декабри соли 1946 ба дунё омадааст. Соли 1963 Техникуми омори ноҳияи Орҷоникидзеобод ва соли 1969 Университети Давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро хатм карда, дар кафедраи иқтисоди сиёсии ин ҷо ҳамчун лаборанти калон ба фаъолият пардохт. Солҳои 1972—1975 дар аспирантураи ҳамин донишгоҳ хонда, 1975—1983 ҳамчун муаллими калон, дотсенти кафедраи иқтисоди сиёсии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин, 1984—1986 докторанти Институти молиявӣ-иқтисодии шаҳри Ленинград (ҳоло шаҳри Санкт-Петербург), 1986—1988 мудири кафедраи иқтисоди сиёсии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин, 1988—1990 ректори Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин, 1990—1992 Вазири маорифи Тоҷикистон буд. Аз соли 1993—1994 муовини Вазири маорифи ҷумҳурӣ, 1994—1997 Вазири ҳифзи табиати ҷумҳурӣ[1], раиси Кумитаи гумруки ҷумҳуриро иҷро кардааст.

Cоли 1994 доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Исмоил Давлатов Вазири ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид ва то июли соли 1997 дар ин мансаб адои вазифа намудааст. Потенсиали кадрии Вазорат дар ҳамин давра то як андоза афзуд. Бо як қатор давлатҳои хориҷӣ робитаи судманд бунёд гардид. Таҳияи Барномаи давлатии маърифат ва тарбияи экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2000 ва дар давраи то соли 2010 дар давраи роҳбарии И. Давлатов ба вуқӯъ пайваст.

Фаъолияти илмӣ

вироиш

Ба масоили мухталифи иқтисодӣ сару кор гирифта, талош варзидааст, ки дар ҳалли мушкилоти соҳа саҳм гузорад. Ковиши илмиаш хоса перомуни қонуниятҳои иқтисодии ташаккули комплекси ягонаи хоҷагии халқ, бисёр мушкилоти марбутаи минтақавӣ, вусъати назарияи интеграсияи иқтисодӣ ва ғайра сазовори ситоиш аст. Вусъати таҳқиқ дар ҳамаи корҳои илмиаш ҳувайдост.

  • Интеграсияи байнирегионалӣ дар системаи иқтисодии сотсиализм. — Д., 1986;
  • Иқтисоди бозаргонӣ. Китоби дарсӣ. — Д., 1994 (ҳаммуаллиф);
  • Межрегиональная интеграция в экономической системе социализма. — Д., 1987;
  • Таджикистана в общесоюзной кооперации труда. — Д., 1979;
  • Экономика Таджикистана за годы Советской власти. — Д., 1987;
  • Дар организми ягонаи хоҷагӣ. — Д., 1983;
  • Иқтисодиёти Тоҷикистон дар солҳои Ҳокимияти Советӣ. — Д.,1987;
  • Таҳлили ҳисоботи нави бухгалтерӣ. — Д., 1993.[2]
  1. Собиқ роҳбарони аввали мақомоти ҳифзи муҳити зист. Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.. 14 апрели 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 3 апрели 2023.
  2. Арбобони илми тоҷик (асри ХХ-аввали асри ХХI) / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2017. — С. 157.