Вазорати савдои ИМА

Вазорати савдои ИМА , ҳамчунин Департаменти савдои ИМА (англ. the United States Department of Commerce) – яке аз департаментҳои иҷроияи ИМА мебошад.

Вазорати савдои ИМА
англ. United States Department of Commerce
Иттилооти куллӣ
Кишвар
Қаламрави додрасӣ Иёлоти Муттаҳидаи Амрико
Таърихи таъсис 4 март 1913[4][5]
Роҳбарӣ
Ниҳоди болоӣ Federal Government of the United States[d][6]
Сохтор
Дафтари марказӣ
Вебгоҳ commerce.gov(англ.)
 Парвандаҳо дар Викианбор

Аз 28 феврали соли 2017 вазир Уилбур Росс аст.

Вазорат ба рушди иқтисодӣ дар ИМА, мусоидат ба тиҷорати озоди ИМА дар саросари олам, миссияҳои байналмилалии иқтисодӣ, дастгирии навоварӣ, идоракунии захираҳои баҳрӣ ва пешниҳоди иттилооти обу ҳаво тамаркуз кардааст.

Шумораи умумии кормандон дар соли 2011 43 105 нафарро ташкил медиҳад [7]. Дар соли 2009 онҳо 56259 нафар буданд [8]. Ҷолиби диққат аст, ки дар соли 2010 шумораи кормандон ба 123.580 нафар афзоиш ёфт [9]. Ин ҷаҳиш натиҷаи ҷалби тақрибан 70,000 кормандони муваққатии Бюрои барӯйхатгирии ИМА барои дастгирии барӯйхатгирии соли 2010 буд.[10]

Воҳидҳои асосии сохтории вазорат (аз моҳи августи соли 2005)

вироиш
  • Агентии рушди бизнеси хурд (Minority Business Development Agency, MBDA)
  • Идораи патентҳо ва тамғаи молӣ (Patent & Trademark Office, USPTO)
  • Бюрои саноат ва бехатарӣ (Bureau of Industry and Security, BIS)
  • Идораи миллии уқёнусҳо ва атмосфера (National Oceanic & Atmospheric Administration, NOAA)
    • Корпуси миллии истифодаи маъмурии уқёнус ва атмосфера (National Oceanic and Atmospheric Administration Commissioned Corps, NOAA Corps)
    • Хадамоти миллии моҳигирии баҳрӣ (National Marine Fisheries Service, NMFS)
    • Хадамоти миллии уқёнус (National Ocean Service, NOS)
    • Хадамоти миллии обуҳавосанҷӣ (National Weather Service, NWS)
    • Маркази омӯзиши уқёнусҳо ва атмосфера (Office of Oceanic and Atmospheric Research, OAR)
  • Идораи миллии телекоммуникатсионӣ ва маълумотӣ (National Telecommunications & Information Administration, NTIA)
  • Идораи савдои байналмилалӣ (International Trade Administration, ITA)
  • Идораи технологияҳо (Technology Administration)
    • Бюро сиёсати техникӣ (Office of Technology Policy, OTP)
    • Институти миллии стандартҳо ва технологияҳо (National Institute of Standards and Technology, NIST)
    • Хадамоти миллии иттилои техникӣ (National Technical Information Service, NTIS)
  • Идораи иқтисод ва омор (Economics & Statistics Administration, ESA)
  • Идораи рушди иқтисод (Economic Development Administration, EDA)

Пайвандҳо

вироиш