Вайгаҷ
Вайгаҷ — ҷазира дар Уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ, дар сарҳадди баҳрҳои Баренс ва Кара; аз соҳили материк бо гул. Югорский Шар ва аз Замини Нав бо гул. Дарвозаи Кара ҷудо мешавад. Масоҳаташ 3383 км², дарозиаш қариб 100 км, бараш то 45 км. Сатҳаш ҳамвор, дар қисми марказӣ 2 қатортеппа мавҷуд аст, ки баландии ҳар кадоми он то 157 м мебошад. Аз варақсангҳои гилӣ, регсанг, оҳаксанг таркиб ёфтааст. Набототи тундрагӣ дорад. Дарёҳояш кӯтоҳ буда, шаршараҳои фаровон доранд. Ботлоқ ва кӯлҳои хурд бисёранд. Маҳалҳои аҳолинишинаш: Вайгаҷ, Долгая Губа ва Варнек. Дар Вайгаҷ тундраи арктикӣ ва Пойгоҳи қутбӣ (1950) мавҷуд аст.
![]() | |
Кишвар | |
---|---|
Воҳиди марзию маъмурӣ | Nenets Autonomous Okrug[d] |
Ҷойгир аст дар назди обанбори | Уқёнуси яхбастаи шимолӣ |
Шумораи аҳолӣ |
|
Баландӣ аз сатҳи баҳр | 157 м |
Минтақаи замонӣ | UTC+4 |
Дарозӣ |
|
Бар | 45 км |
Масоҳат |
|
![]() |
Эзоҳ вироиш
Адабиёт вироиш
- Вайгаҷ // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2021, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.