Вакансия (лот. vacans – холӣ, озод), вазифаи холӣ. Истилоҳи «Вакансия» аввал фақат дар калисо мавриди истифода қарор дошт. Феълан онро дар тамоми корхонаю муассисаҳо низ кор мефармоянд. Тартиби ишғоли Вакансия тибқи қонун, ойиннома, дастурамал, низомнома ва дигар санадҳои меъёрӣ новобаста ба шакли моликияти корхонаю ташкилот муқаррар карда мешавад. Бо мақсади таъмини аҳолӣ бо ҷойи кор ва ишғоли вазифаҳои холӣ ҳар бор озмун гузаронида мешавад. Вакансия дар Тоҷикистон бо роҳи эълони озмун, инчунин баргузор намудани ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ банд карда мешавад.

Нигаред

вироиш

Сарчашма

вироиш