Ваколатдар
Ваколатдар — мансаби дарборие дар низоми идории Сомониён, Ғазнавиён, Салҷуқиён ва Хоразмшоҳиён.
Дар истилоҳи «Ваколатдар» пасванди «дар» ҳамчун ихтисораи даргоҳ ё дарбор ба кор рафтааст. Мансабҳои Ваколатдар ва ҳоҷибӣ бо ҳамдигар шабоҳат дошта, Ровандӣ онҳоро ҳамчун нишони салатанат дар канори якдигар овардааст. Ба қавли Бундорӣ, мавқеи Ваколатдар дар даргоҳ аз ҳоҷиб баландтар буда, ба унвони вакил низ ёд мешуд.
Ваколатдарҳо бо вуҷуди шабоҳати вазифаашон ба ду гурӯҳ тақсим мешуданд. Гурӯҳи якум ба унвони намояндаи амирон ё ҳокимони маҳаллӣ ба дарбор муқим гашта, корҳои ба хоҷагони худ марбутро иҷро мекарданд. Фармон ва супоришҳои фаврии дарбор ба воситаи Ваколатдар ба ҳокимони маҳаллӣ расонида мешуд. Ваколатдарҳо бояд забондон, хушмуомила ва ба рафтори султон ошно буда, дар мавридҳои зарурӣ ҳоҷату хостаҳои хоҷаашонро бароварда метавонистанд. Хоразмшоҳиён, амирони Чағониён, Гургон, Мукрон ва баъзе соҳибмансабони пойтахт дар даргоҳи Ғазнавиён Ваколатдар доштанд. Гурӯҳи дуюм соҳибмансабоне буданд, ки аз ҷониби султон дар девонҳо ё назди арбоби сиёсии дигар Ваколатдар таъйин мешуданд. Султон ба воситаи Ваколатдари худ бо доираҳои ҳукмрони кишвар дар иртибот буда, аз ҳоли зердастон, корҳои идорӣ ва дархости соҳибмансабон бохабар мешуд. Ваколатдар чун дигар соҳибмансабон аз дарбор иқтоъ дарёфт мекард. Либоси Ваколатдар аксаран аз ҷомаи хосси нақшин, кулоҳи ороёфтаи симин, камарбанди мурассаъ ва болопӯш иборат буд.
Адабиёт
вироиш- Муҳаммадризо Ноҷӣ. Фарҳанг ва тамаддуни исломӣ дар қаламрави Сомониён. Д., 2011;
- ؛ بنداری فتح بن علی. تاریخ سلسله سلجوقی. ترجمه محمد حسین جلیلی. تهران. 1356 محمد امیر شیخنوری, هوشنگ خسروبیگی. امرای صاحب منصب در درگاه خوارزمشاهیان.// 1384 ، میان رشته ای. شماره 40
Сарчашма
вироиш- Ваколатдар // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |