Ваксинатсия — ба андомгон фиристодани ҳар гуна ваксина, анатоксин, ғамма-глобулин ва зардобҳои масунӣ бо мақсади ҳосил кардани муқовимат бар зидди бемориҳои сироятӣ.

Таърих

вироиш

Дар бораи ваксинатсия (нағзакканӣ) бори аввал олими тоҷик Закариёи Розӣ иттилоъ додааст. Дар Аврупо онро соли 1796 Э. Ҷеннер кор фармуд. Ба ақидаи ӯ говдӯшоне, ки қаблан ба бемории сабуки нағзаки гов гирифтор шуда буданд, дигарбора бемори нағзаки воқеӣ намешаванд.

Ваксинаҳо аз ангезаҳои фавтида ё зиндаи заиф иборат буда, боиси беморӣ намешаванд. Онҳоро ба андомгон ба тавассути пӯст (ваксинаи зидди сил), таҳти пӯст (домана ва ғайра), мушак (сурфакабудак, хуноқ, кузоз), даҳон (полиомиелит) ва бинӣ (грипп) ворид месозанд.

Анатоксинҳоро дар натиҷаи бо формалин безарар гардондани заҳри микробҳо ҳосил мекунанд. Онҳо ба дохили пӯст ё мушак фиристода мешаванд. Муқовимати фаъол баъди 1–3 ҳафтаи Ваксинатсия ба вуҷуд омада, солҳо маҳфуз мемонад. Ваксинатсияи ҳатмӣ ба муқобили бемориҳои сироятии кӯдакон (сурхча, сурфакабудак), инчунин сил, хуноқ, гулӯзиндонак, кузоз, полиомиелит иҷро карда мешавад. Он гоҳе аҳолии маҳалҳои манбаи табиии туляремия ва энсефалити канаиро низ дар бар мегирад. Дар натиҷаи Ваксинатсия андомгон вокуниш зоҳир намуда, ҷойе, ки моя гузаронда шудааст (пӯст, дохили пӯст ва мушакҳо), варам ва дард мекунад; одам беҳол, таб баланд мешавад. Барои ҳосил кардани муқовимати ғайрифаъол ба андомгон зардоб ва ғамма-глобулини масунӣ мегузаронанд. Зардобҳои масунӣ ва ғамма-глобулинҳо барои ҳифзи саломатии касоне истифода мешаванд, ки онҳо парастори ашхоси гирифтори бемориҳои сироятӣ буданд. Ин гуна доруҳоро ба дохили мушак мефиристанд. Волидайн бояд донанд, ки ба фарзанди онҳо кадом мояҳо гузаронда шудаанд ва дар оянда боз кадоме аз онҳоро бояд гузаронд. Пажӯҳишҳо баҳри дарёфти ваксинаҳои нави самарабахш ва тарзи истифодаи онҳо идома доранд.

Нигаред

вироиш

Адабиёт

вироиш
  • Таточенко В. К., Озерецковский Н. А. Вакцинопрофилактика.М., 1994;
  • Костиков М. П. Иммунокоррекция в педиатрии. М., 1997.

Сарчашма

вироиш