Ваксинаҳо, мояҳо (аз лот. vaccina) — доруҳое, ки аз резандомгонҳои кушта ё заифи бемориовар, инчунин аз заҳроба (токсин)-ҳои безарар таҳия карда мешаванд. Ҳангоми ба андомгон (организм) фиристодани Ваксинаҳо нисбат ба бемории сироятӣ масуният (иммунитет)-и фаъол инкишоф меёбад. Ваксинаи нахустинро аз нағзаки гов гирифтаанд. Охири садаи XIX олими фаронсавӣ Л. Пастер дар ҳосил кардани В. асоси илмӣ гузошт. Вай бар зидди сӯхтанӣ (1881) ва ҳорӣ (1895) моякӯбиро пешниҳод кард. Ҳоло бар зидди бисёр бемориҳои хавфноки бактериявию вирусии одам (тоун, вабо, сил, хуноқ, кузоз, полиомиелит, энсефалитҳо ва ғайра) ва ҳайвонот (варами шуши гов, брутселлёз, оқсил, тоуни хук, брадзот, лептоспироз, ҳорӣва ғайра) ваксинаҳо мавҷуданд.

Ваксинаҳо беҷон, зинда, кимиёӣ, анатоксинӣ мешаванд. Ваксинаҳои беҷонро дар натиҷаи коркарди бактерияву вирусҳо бо формалин, спирт, инчунин бо роҳи гарм кардан ба даст меоранд. Ваксинаҳои зинда аз резандомгонҳои махсуси заифсохта, ки бемориовар нестанду хосиятҳои иммуногени (масуният)- и худро гум накардаанд, таҳия карда мешаванд.

Дар муҳити сунъӣ (бактерияҳо) ё ҷисми чорво (вирусҳо) муддати мадид парваридани резандомгонҳо усули асосии коҳиш додани қобилияти бемориоварии онҳо мебошад. Мас., Л. Пастер бо роҳи парвариши чандкаратаи вирусҳо дар мағзи сари заргӯшҳо Ваксинаҳои зидди бемории ҳориро кашф кард; А. Калметт ва Ш. Герен (1921) баъди дар картошказор солҳои дароз кишт кардани батсиллаҳои сил бар зидди ин беморӣ ваксина (БСЖ) ҳосил намуданд. Ваксинаҳои кимиёӣ подгун (антиген)-ҳои махсус ҷудокардаи резандомгонҳо ё маҳсули мубодилаи онҳо мебошад. Ба тавассути формалин заҳрогинии экзотоксинҳои бактерияҳоро рафъ сохта, анатоксин ҳосил мекунанд. Ваксинаҳо бояд барои андомгон бехатар бошанд. Дар амалияи тиб дар баробари Ваксинаҳое, ки аз антигенҳои як намуди резандомгонҳо иборатанд (моноваксинаҳо), ҳамчунин аз Ваксинаҳое истифода мекунанд, ки аз қисматҳои ду (диваксина) ё чанд резандомгон (поливаксина)- ҳо таркиб ёфтаанд. Ваксинаҳо бо роҳҳои гуногун истифода мешаванд: ба даруни мушак (бемории сурхча), таҳти пӯст (паратифҳо, домана, исҳоли хунин, вабо, тоун ва ғайра), сатҳи пӯст (нағзак, сил, туляремия, сӯхтанӣ ва ғайра), бинӣ (грипп), даҳон (полиомелит). Барои ташаккули масуният як бор истифода бурдани В. кофист. Барои пешгирии сил ва гулӯзиндонак Ваксинаҳо аз рӯйи нақша (ба тариқи ҳатмӣ) сурат мегирад; дар дигар мавридҳо онро аз рӯйи зарурат ба кор мебаранд. Мас., одамоне, ки дар манбаъҳои табиии тоун, брутселлёз, туляремия, энсефалити ҷопонӣ ва канагӣ сукунат доранд, ҳатман ваксинатсия карда мешаванд. Ваксинаҳои ҳатмиро бо тартиби муайян мегузаронанд. Мас., ба кӯдакони навзод аввал бар зидди сил (БСЖ), сипас баъди чанд вақт бар зидди хуноқ, кузоз ва сурфакабудак ваксина гузаронда мешавад. Истифодаи Ваксинаҳо имкон дод, ки нағзак, тоун ва туляремия барҳам дода шаванд. Ба тавассути моякӯбӣ ба бемориҳои бактериявию вирусӣ дучор гаштани аҳолӣ садҳо баробар кам шудааст.

Дар амалияи тиб баробари ваксинаҳое, ки аз қисматҳои як намуди микроорганизмҳо (моноваксинаҳо) иборатанд, ҳамчунин ваксинаҳоеро истифода мебаранд, ки онҳо аз қисматҳои ду (диваксина) ё чанд микроорганизм (поливаксина)-ҳо таркиб ёфтаанд.

Ваксинаҳо бо роҳҳои гуногун гузаронида мешаванд: ба даруни мушакҳо (сурхча), зери пӯст (паратифҳо, домана, исҳоли хунин, вабо, тоун ва ғайра), қабати болои пӯст (нағзак, сил, туляремия, сухтанӣ ва ғайра), ба бинӣ (грипп), даҳон (полиомелит). Барои ҳосил намудани иммунитет як маротиба истифода бурдани В. кифоя аст. Он баъди чанд ҳафтаи ваксинатсия инкишоф меёбад ва муддати дароз (чандин сол) боқӣ мемонад. Барои пешгирии чунин бемориҳои сироятӣ, монанди сил ва гулӯзиндонак В. аз рӯи нақша (ба тариқи ҳатмӣ) гузаронида мешавад; дар дигар мавридҳо онро аз рӯи зарурат ба кор мебаранд. Мас., одамоне, ки дар манбаъҳои табиии тоун, брутселёз, туляремия, энсефалити японӣ ва канагӣ сукунат доранд, ҳатман ваксинатсия карда мешаванд.

Ваксинатсияи ҳатмиро бо тартиби муайян мегузаронанд. Мас., ба кӯдакони навзод аввал бар зидди сил (БСЖ), сипас баъди чанд вақт бар зидди хуноқ, кузоз ва сулфакабутак ваксина гузаронда мешавад. Ҳамин тавр, онҳоро аз чанд бемориҳои сироятии хавфнок муҳофизат мекунанд. Истифодаи илман асосноки В. имкон дод, ки бемориҳои сироятии нағзак, тоун, туляремия барҳам дода шаванд. Ба туфайли ваксинатсия дараҷаи ба бемориҳои бактериявӣ ва вирусӣ дучор гаштани аҳолӣ садҳо маротиба кам шудааст.

Нигаред низ

вироиш

Адабиёт

вироиш
  • Петров Р. В., Хаитов Р. М. Искусственные антигены и вакцины. М., 1998;
  • Шабарова З. А., Богданов А. А., Золотухин А. С. Химические основы генетической инженерии. М., 2004.

Сарчашма

вироиш