Валдирғо́н, балдирғон, куруш, курух (лот. Heracleum lehmannianum) — як навъ рустанӣ. Мансуби чатргулҳост.

Валдирғон
Гул ва барги валдирғон
Гул ва барги валдирғон
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Heracleum lehmannianum Bge.

Тавсифоти гиёҳшинохтӣ

вироиш

Пояаш ғафси дарунхолӣ, дароз (1-3 м қад мекашад), баргаш калони думчадароз (100—120 см), хӯшагулаш сергул, гулаш майдаи сафед, самараш байзашакл. Тухмаш майда (вазни 1000 донааш 13-15 г); дар шароити табиӣ аз як бех валдирғони сесола то 120 г тухм гирифтан мумкин аст. Тухми валдирғонро дар шароити иқлими Душанбе моҳҳои сентябр — октябр кишт мекунанд. Валдирғон моҳҳои июл — август гул мекунад.

Густариш

вироиш

Асосан дар Помиру Олой ва Тиёншони Ғарбӣ дучор меояд. Дар қаторкӯҳҳои Зарафшон, Ҳисору Дарвоз, Қаротегин, Пётри I дар баландиҳои 1000—2500 м аз с. б. мерӯяд. Дар таркиби баргу пояи хушки валдирғон 18-20 % протеин, 14-16 % сафеда, 2-3 % равған, 45-48 % моддаҳои қиёмии бенитроген, витамин ва намакҳои минералӣ мавҷуданд. Дар узвҳои гуногуни валдирғон кумаринҳо (ангелисин, бергаптен, псорален, пинпиниллин, изопинпиниллин ва ғайра) тақрибан 0,1-2,71 дарсадро ташкил мекунанд. Кумаринҳо ва фурокумаринҳо барои истеҳсоли доруҳои гуногуни бемориҳои пӯст (барас, қубоъ ва ғайра) истифода мешаванд.

Корбурдҳо

вироиш

Валдирғон хӯроки хуби чорвост. Соқаи онро то давраи тухмбандӣ тару тоза истеъмол мекунанд.

Хосияти шифоӣ

вироиш

Барг ва решааш давои бемориҳои ҷигар, гурда ва дигар узвҳост. Бино ба ақидаи мутахассисон, валдирғон ташаннуҷи рагҳоро рафъ сохта, фишори хунро мефурорад, таъсири дардзудоӣ ва зиддиуфунатӣ дорад, гуворишро беҳтар ва илтиҳобро бартараф месозад. Онро чун давои пешоброн низ истифода мекунанд. Ба ақидаи табибони қадим, агар барги валдирғонро як шаборӯз дар сирко тар карда, сипас бо асал истеъмол намоянд, таби рӯздармиён, дарди сина, зардпарвин, истисқо, ҳикак, радикулитро нафъ доштааст. Шираи тару тозаи валдирғон давои саръ, зиқи нафас ва тангнафасӣ мебошад, якҷо бо равғани зайтун кабудии зери чашмро бартараф месозад. Бо хокаи барги валдирғон захмҳои хӯранда ва бавосирро дармон мебахшанд. Хосияти давоии решаи валдирғон нисбат ба алафи он бештар аст. Агар онро кӯфта ба омос, ханозир ва захми пӯст гузоранд, нафъ доштааст. Бо ҷӯшобаи решаи валдирғон бемориҳои ҷигарро муолиҷа мекардаанд. Табибони мардумӣ самғи валдирғонро низ давои бисёр бемориҳо медонанд.

Адабиёт

вироиш
  • Ходжиматов М., Наврузшоева Г. Всхожесть семян и развитие проростков Heracleum lehmannianum Bunge в естественных условиях//Известия АН РТ. Отд. биол. и мед. наук. 2008, № 3 (164);
  • Ходжиматов М., Наврузшоева Г. О кумаринах из плодов Heracleum lehmannianum Bunge//Доклады АН РТ. 2008. Т. 51. № 5 — № 7;
  • Наврузшоева Г., Ходжиматов М. Средниазиатские виды Heracleum L//Известия АН РТ. Отд. биол. и мед. наук. 2010, № 3 (172).