Валентин Петрович Вологди́н (10 марти 1881, вилояти Перм23 апрели 1953, Ленинград) — олими шӯравӣ дар соҳаи техникаи баландбасомад. Узви вобастаи АИ ИҶШС (1939), Ходими шоистаи илм ва техникаи Федератсияи Русия (1942).

Валентин Вологдин
Таърихи таваллуд 10 (22) март 1881
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 23 апрел 1953(1953-04-23)[1] (72 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ Электротехника[2] ва Радиотехника[2]
Ҷойҳои кор
Алма-матер
Ҷоизаҳо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Хатмкардаи Донишкадаи технологии Петербург (1907). Аз соли 1923 профессор Донишгоҳи Нижегород. Аз соли 1923 директори Трести заводҳои ҷараёни паст. Аз соли 1947 роҳбари Институти таҳқиқоти илмии истифодаи саноатии ҷараёнҳои баландбасомад дар шаҳри Ленинград. Соли 1918 Валентин Вологдин яке аз асосгузорони радиоозмоишгоҳ (радиолаборатория)-и Нижегород буд, ки дар он генераторҳои пуриқтидори ҷараёни баландбасомади ихтироъкардаи ӯ сохта шудаанд. Валентин Вологдин аввалин дар ҷаҳон табдилдиҳандаи ҷараёни баландволти симобиро сохта (соли 1919 – табдилдиҳандаҳои шишагии катодашон моеъ ва соли 1930 – табдилдиҳандаҳои пуриқтидори филиззӣ), назарияи кор ва тарҳи васлкунии онҳоро пешниҳод кард. Соли 1930 бо роҳбарии Валентин Вологдин технологияи кафшери босуръат бо истифода аз ҷараёни баландбасомад, соли 1935 усули обутобдиҳии сатҳии пӯлод ихтироъ карда шуд.

Ҷоизаҳо

вироиш

Дорандаи Мукофоти давлатии ИҶШС (1943, 1952). Бо ордени Ленин ва медали тилои ба номи А. С. Попов сарфароз гардидааст.

Сарчашма

вироиш