Валид ибни Язид (ар. الوليد بن يزيد‎; 706[1], Сурия744, Tadmur[d]) — ёздаҳумин халифаи умавӣ (ҳукмронӣ 743-44), писари Язид ибни Абдулмалик.

Валид ибни Язид
6 феврал 743 — 17 апрел 744
Пешгузашта Hisham ibn Abd al-Malik[d]
Ҷонишин Yazid III[d]
Таваллуд 706[1]
Даргузашт 744
Дудмон Umayyad dynasty[d]
Падар Yazid II[d]
Эътиқод ислом
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Валид ибни Язид мувофиқи тавофуқи падараш ва халифа Ҳишом дар ёздаҳсолагӣ валиаҳд интихоб гардид. Ҳишом Валид ибни Язидро бо баҳонаи риоя накардани арзишҳои динӣ сарзаниш намуда, ҳатто барои даст накашидан аз вали­аҳдӣ ӯро ба қатл таҳдид карда буд. Баъдан Валид ибни Язид чанде дар қалъаи Русофа паноҳ бурда, бо марги Ҳишом (743) ва пуштибонии атрофиёни ӯ ба хилофат расид. Валид ибни Язид сиёсати худро аввалан бо мусодираи амволи наздикони Ҳи­шом ва аз ҳукумат маҳрум кардани онҳо (ғайр аз Мусалама ибни Ҳишом, ки бо ӯ наздикӣ дошт) шурӯъ карда, писаронаш Ҳакам ва Усмонро дар Димашқ ва Ҳумс, ҳам­чунин Юсуфи Сақафиро ҳокими Мадина, Макка ва Тоиф таъйин кард. Бо мустаҳкам намудани мавқеи худ Валид ибни Язид писаронаш Ҳакам ва Усмонро валиаҳди худ эълон кард, ки аз ин тадбир волиёни хилофат пуштибонӣ карданд. Валид ибни Язид дар ибтидои хилофати худ ба мардум муносибати хуб дошта, барои маъюбон ва нобиноёни Шом аз хазина маблағ ҷудо кард. Дар замони ҳукмронии Валид ибни Язид ҷуз шӯ­ри­ши Яҳё ибни Зиёд, ки аз ҷониби волии Хуросон Наср ибни Сайёр (ҳукмронӣ 737-48) пахш карда шуд, во­қеаи муҳимми дигаре сар назадааст. Мубориза барои ба даст овардани Кипр низ бо шикасти Валид ибни Язид ва ғолибияти империяи Рум ба анҷом расид. Баъзе муваррихон ба Валид ибни Язид барои айёшиаш лақаби «Фосиқ» додаанд. Валид ибни Язидро бо сабаби дар ашъораш васф ёфтани ишқу шароб ба зин­диқӣ мутаҳҳам кардаанд. Ба қавле чунин ашъораш баъдан эҷод шуда, ба ӯ нисбат додаанд. Душманӣ бо хонадони халифа Ҳишом ва эҳтироми кофӣ нагузоштани Валид ибни Язид ба арзишҳои исломӣ сабаби сар задани шӯрише бо сарварии Язид ибни Валид ибни Абдулмалик (744) гардид, ки дар натиҷа Валид ибни Язид ба қатл расонда шуд.

Адабиёт

вироиш