Хилофати Уммавиён

(Тағйири масир аз Хилофати Умавиён)

Хилофати Уммавиён (ар. الخلافة الأموية‎) — давлати феодалӣ дар солҳои 661—750.

Хилофати Умавиён
ар. الخلافة الأموية

 

 

661 — 750



 

Парчами сафед

Хилофати Умавиён дар соли 750
Пойтахт Димишқ
Забон(ҳо) арабӣ
Дин Ислом
Воҳиди пул Umayyad dinar[d], Umayyad dirham (currency unit)[d] ва Umayyad fals (currency unit)[d]
Майдон 15 000 000 км²
Аҳолӣ тақр. 62 млн. наф. (арабҳо, порсҳо, барбарҳо, шомиҳо, испаниҳо ва ғайра)
Шакли ҳукмронӣ подшоҳӣ
Сулола Умавиён
Амирулмуъминин, халифа
 - 661—680 Муовия I ибни Абусуфён
 - 680—683 Язид I ибни Муовия
 - 683—684 Муовия II ибни Язид
 - 684—685 Марвон I ибни Ҳакам
 - 685—705 Абдулмалик ибни Марвон
 - 705—715 Валид I ибни Абдулмалик
 - 715—717 Сулаймон ибни Абдулмалик
 - 717—720 Умар ибни Абдулазиз
 - 720—724 Язид II ибни Абдулмалик
 - 724—743 Ҳишом ибнм Абдулмалик
 - 743—744 Валид II ибни Язид
 - 744 Язид III ибни Валид
 - 744 Иброҳим ибни Валид
 - 744—750 Марвон II ибни Муҳаммад
Давомнокӣ
Хилофати рошидин
Хилофати Аббосиён
Имороти Қуртуба

Таъсисёбии хилофати Уммавиён

вироиш

Уммавии аввалин халифа Усмон буд. Вориси ӯ Муовия ибни Абусуфия мебошад. Ӯ соли 660 дар Байтулмуқаддас аз тарафи қабилаҳои содиқи суриягию арабӣ халифаи Араб эълон карда шуд. Оғози идораи сулолаи Уммавиён дар Димишқ соли 661, баъди кушта шудани Алӣ ба ҳисоб меравад.

Чаро шахсони ба Алӣ наздик халифа эълон карда нашуда, ба ин мансаби олӣ Муовия сазовор дониста шуд? Ин шахс ҳанӯз дар замони ҳукумронии халифа Умар ноиби ивазнашавандаи Сурияи бою ободу зебо буд. Муовия дар ин вазифа зиёда аз 20 сол ҳукмронии намуда, ба роҳбари эътирофшудаи ашрофони авлодии Сурия табдил ёфт. Муносибати Муовия ба мардуми Сурия самимонаю мусолиҳатомез буд. Аз ҳамин сабаб ӯро дастгирӣ мекарданд.

Халифаҳои Уммавиёнро одатан ба ду шохаи хешу табор тақсим мекунанд. Яке аз онҳоро Суфияҳо меномиданд, ки ин унвонашон аз номи падари Муовияи I бармеояд. Ба ин шохаи Муовия, писари ӯ — Язиди I ва набераи ӯ — Муовияи II дохиланд. Шохаи дуюм, ки Суфияҳоро дар тахту тоҷи хилофат иваз намудааст, бо номи Марвониён маьлум аст. Чунии номгузорӣ шудани ин шохаи сулолаи Уммавиён бо номи халифаи чоруми Уммавиён — Марвон алоқаманд аст.

Ҳукмронии Суфияҳо

вироиш

Муовияи I дар Сурия заминҳои аз Византия ишғолкардаро ба даст дароварда, ба заминдори калонтарини ин ҷо табдил ёфт. Гарчанде то омадани арабҳо дар Сурия зироатпарварии обӣ тараққӣ карда буд, дар натиҷаи ҷангҳои тӯлонии арабҳо бо империяи Византия шабакаи обёрии заминҳои Сурия аз кор баромад. Баъди истилои Сурия ба ин ҷо хӯҷаинони нав омада, барои аз худ кардани заминҳои азкормонда аз меҳнати ҳазорон ғуломон истифода бурданд. Ба кандани ҷӯйҳои калон муҳандисон, обу заминшиносони донишманд роҳбарӣ мекарданд. Дере нагузашта заминҳои бекорхобидаю ташналаби Сурия ба минтақаи гулгулшукуфони зироату обчакорӣ ва боғу токпарварии Хилофат мубаддал гардиданд.

Хилофати Уммавиён дар замони ҳукмронии Суфияҳо истилогариро дар Қафқоз, Осиёи Марказӣ ва Эрони Шарқӣ давом дод. Артиши арабҳо, ки дар Сурия буд, дар мубориза бар зидди Византия истифода бурда мешуд. Ҳамин тариқ, Осиёи Хурд ба минтақаи тохтутози доимии арабҳо табдил ёфт. Ҳар сол дар фасли тобистон ҷузъу томҳои артиши Суфияҳо ба дарунтари Осиёи Хурд ворид шуда, ба шаҳри Константинопол наздиктар мешуданд. Муовияи I дар назди худ вазифа гузошт, ки ин Шаҳри ободу зебо ва дилнишинро ишғол намояд.

Соли 668 арабҳо дар соҳили осиёгии халиҷи Босфор пайдо шуданд. Вале зимистони қаҳратун, нарасидани хӯрокворию аслиҳа ва сар задани касалии тоун ба онҳо талафоти калон ба бор оварданд. Аз ин аҳволи лашкар бохабар шуда, Муовияи I бо сардории Язид, ки писари ӯ буд, ба он ҷо нерӯи ҳарбии нав фиристонд. Арабҳо бо ёрии ин қува Шаҳри Константинополро муҳосира карданд, вале онро ба даст дароварда натавонистанд. Бинобар ҳамин сабаб, то муддате аз баҳри он гузаштанд. Баъди якчанд сол арабҳо Константинополро аз нав муҳосира карданд. Шаҳр аз тарафи хушкӣ чунон мустаҳкам буд, ки фатҳи онро имконнопазир мегардонд. Муҳосираи Константинопол қариб панҷ сол тӯл кашид. Оқибат Византия бо ёрии юнониҳо флоти арабҳоро торумор кард. Баъди ин арабҳо маҷбур шуданд, ки муҳосираи Константинополро катъ кунанд.

Ҳангоми лашкаркашии дуюми худ арабҳо ҷазираи Кипрро ишғол карда, то халиҷи Босфор ва Шоҳи Тиллоии наздикии Константинопол рафта расиданд. Дар замони ҳукмронии Муовияи I Хилофати Уммавиён давлати муттаҳидаю марказиятнок набуд. Лашкаркашон ва ҳокимони вилоятҳо бе назорат буданд. Бо вуҷуди ин намояндагонн ашрофи қабилаҳои араб, ки онҳоро халифа ба вазифаҳои баланд таъйин карда буд, панҷяки ғаниматҳои ҳарбӣ ва андози ғункардашударо ба Димишқ равон мекарданд.

Дар минтақаҳои гуногуни Хилофат халифа ноибони худро таъйин мекард. Вале на ҳамаи минтақаҳо ба ӯ итоат мекарданд. Миср пурра дар ихтиёри Амр ибни ал-Аса буд. Дар Ироқ бошад, ба халифа лозим меомад, ки қувва ба кор барад. Шиъаҳо ва хориҷшудагони дар инҷобуда ҳокимияти Муовияро эътироф накарда, роҳбари олии худ писари Алӣ — Ҳасанро, ки модараш Фотима — духтари Муҳаммад (с) пайғамбар буд, эътироф мекарданд. Онҳо Муовняро ҷинояткори ҳокимиятро бо зӯрӣ кашидагирифта мешумориданд.

Хориҷшудагонро дар Ироқ ва Эрон хуб дастгирӣ мекарданд. Мардуми ин ҷо мартабаи халифа ва имоми шиъаро эътироф намекарданд.

Фоҷиаи Карбало

вироиш

Баъди вафоти Муовия ба тахти хилофати Уммавиён писари ӯ Язид нишаст. Ӯро Муовия ҳанӯз ҳангоми зинда буданаш вориси худ эълон карда, хост, ки ба мартабаи халифаи Димишқ расонад. Лекин мувофиқи анъанаи қабилаҳои Макка халифа бояд интихоб карда мешуд. Бо ҳамин сабаб мухолифони ба Язид мерос додани тоҷу тахти хилофат каҳру ғазаби тарафдорони ин иқдомро ба вуҷуд овард. Ба ин иқдом махсусан авлоди Муҳаммад ва Алӣ зид баромаданд. Баромади аввалини ошкорои зидди Язид аз тарафи Ҳусейн доир гардид. Ӯ писари дуюми Алию Фотима ва набераи Муҳаммад пайғамбар буд. Ҳусейн худро вориси Қонун ин ҳокимияти олии Хилофати Уммавиён медонист.

Ҳусейн дар Макка аз ҳисоби ҷонибдорони худ дастаи мусаллаҳи 300-нафара ташкил намуда, ба Куфа раҳсипор шуд. Ба муқобили Ҳусейн ҳокими маҳаллии Уммавиён — Убайдулло ибни Зиёд бо лашкари сершумори худ баромад. Ӯ дастаи камшумори Ҳусейнро дар дашти Карбало муҳосира намуд. Дар задухӯрди нобаробаре, ки соли 680 сурат гирифта буд, дастаи Ҳусейн пурра торумор

карда шуда, худи Ҳусейн ба шаҳодат расид. Ин фоҷиъа дар моҳи муҳаррам ба амал омадааст. Бинобар ҳамин пайравонн мазҳаби шиъа ҳар сол дар рӯзи шаҳодати Хусейн мотам мегиранд.

Хилофати Уммавиён дар аҳди Марвониҳо

вироиш

Халифа Муовияи II, ки ба тахти хилофат ба ҷои Язид нишаст, кори шоёне накарда, дере нагузашта, вафот мекунад. Ин хабарро шунида, лашкари Сурия ба Арабистон баргашга, номзадии Марвон ибни Ҳакимро ба вазифаи халифаи Димишқ дастгирӣ кард. Марвон ибни Ҳаким дар маҷлиси ҷонибдорони Уммавиҳо халифа эълон карда шуд. Вале ӯ баъди як соли ҳукмронӣ аз касалии тоун вафот кард.

Баъди вафоти Марвон Хилофати Уммавиёнро халифаҳо Абдулмалик ва Волиди I идора карданд. Ҳангоми ба тахти Хилофати Уммавиён нишастани Абдулмалик танҳо Сурия ва Миср дар зери ҳокимияти халифаи Димишқ қарор доштанд. Аҳолии Арабистони Ғарбӣ ва Марказӣ, Ироқ ва вилоятҳои шарқии Хилофат ба ҳокими Макка — Абдуллоҳ ибни Зубайр итоат мекарданд. Соли 691 Абдулмалик бо лашкари худ ба Куфа дохил шуда, Ироқро ба Уммавнён тобеъ кунонд. Соли дигар амалиётҳои ҳарбии Абдулмалик дар Ҳичоз оғоз ёфтанд. Ин вақт Ҳиҷоз дар зери ҳокимияти Ибни Зубайр буд. Ӯ талаб мекард, ки ҳоҷиёни ба зиёрати Каъба ба Макка омада ба ӯ савганд ёд кунанд. Барои ба Ибни Зубайр берун аз Арабистон пеш бурда натавонистани таблш от Абдулмалик муқаррар намуд, ки ҳоҷиҳо ба ҷои Макка ба зиёрати Байтулмуқаддас раванд.

Ба муқобили Ибни Зубайр ба Макка аз ҳисоби арабҳои Миср бо сардории Ҳаҷҷоҷ ибни Юсуф лашкар фиристонда шуд. Ин лашкар баъди муҳосираи панҷҳафтаъйина Маккаро ишғол кард. Ибни Зубайр илоҷи муқобилиятро аз даст дода, аз модари пираш, ки қариб 100-сола буд, илоҷи воқеаро пурсид. Модари Ибни Зубайр духтари халифа Абӯбакр — хоҳари Ойиша буд. Ӯ ба писараш маслиҳат дод, ки бар зидди Ҳаҷҷоҷ мубориза барад. Ҳамин тариқ, Ибни Зубайр дар майдони набард ҳалок гардид. Бо фармони Ҳаҷҷоҷ каллаи Ибни Зубайри кушташударо ба Абдулмалик, ба Димишқ фиристонида, ҷасадашро чормех карданд.

Баъди ҳалок шудани Ибни Зубайр халифа Абдулмалик Ҳаҷҷоҷро дар Ироқ ноиби худ таъйин намуд.

Забткориҳои Марвониҳо

вироиш

Забти шимоли Африқо, ки он ҷоро арабҳо Мағриб меномиданд, ҳанӯз соли 683 оғоз ёфта буд. Он вақт лашкаркаши араб Оқба ибни Нафис, ки дохили Мағриб ба масофаи хеле зиёд даромада буд, ба доми қабилаҳои барбарҳо афтода, ҳалок шуд.

Дар охирҳои асри VII лашкари арабҳо аз нав дар Мағриб пайдо шуда, шаҳри Карфагени Тунисро ишғол намуд. Дар оғози асри VIII лашкаркаши араб Мӯсо ибни Нусайр ба Африқои Шимолӣ омада, дар ин ҷо ноиби аввали халифа шуд. Дар зери фармондеҳии Мӯсо ибни Нусайр Лашкари арабҳо тамоми Мағрибро ишғол намуда, соли 709 ба соҳилҳои уқёнуси Атлантик баромад. Арабҳо дар рафти ин лашкаркашӣ ба муқовимати сахти барбарҳо дучор шуда, талафоти калон ҳам дода буданд.

Баҳори соли 711 Мӯсо ибни Нусайр ба Пиреней, ки арабҳо онро «Андалус» меномиданд, ёрдамчии худ барбар Тариқро фиристод. Дар зери роҳбарии Тариқ 300 араб ва 700 барбари муттаҳид карда шуда буданд. Тариқ бо лашкари ҳуд ҳамон сол қаламрави зиёди Пиренейро ишғол кард. Соли 712 арабҳо флоти (киштиҳои) худро ба соҳилҳои Пиреней равон карданд. Ин дафъа ба артиши арабҳо худи Ибни Нусайр фармондеҳӣ мекард. Ба ӯ муясссар шуд, ки Андалусро ишғол кунад.

Арабҳо ҳанӯз аз нимаи дуюми асри VII сар карда, дар ҳудудҳои Осиёи Марказӣ пайдо шуданд. Онҳо дар ин давра борҳо ба Бухоро ва шаҳру минтақаҳои дигари Осиёи Марказӣ ҳуҷум карда, ғанимати зиёди қиматбаҳо ба даст оварда, баъд ба тарафи дарёи Аму ақиб бармегаштанд. Вале дар аввали асри VIII лашкари арабҳо дар зери роҳбарии ноиби халифа дар Хуросон Қутайба ибни Муслим ба ишғоли Осиёи Марказӣ шурӯъ карда, Бухоро, Самарқанд, Хуҷанд ва шаҳру маҳалҳои дигари Мовароуннаҳрро пайи ҳам ба даст овард. Арабҳо дар зарфи 30 соли аввали асри VIII тавонистанд, ки тамоми Осиёи Марказиро ишғол намуда, дар ин ҷо ҳокимияти Хилофати Димишқро (сулолаи Уммавиёнро) барпо намуда, дини исломро паҳн кунанд. Марвониҳо дар лашкаркашиҳои худ дар самтҳои дигар низ муваффақиятҳои калон ба даст дароварда, Хилофати Димишқро ба империяи бузурги марказонидашуда табдил доданд.

Пайвандҳо

вироиш