Валии Қаландар (форсӣ: ولی قلندر‎; ? — 1474, Шероз) — шоири форс-тоҷики доираи адабии Ҳирот.

Валии Қаландар

Зинддагинома

вироиш

Дар шаҳри Ҳирот зиндагӣ ва эҷод кардааст. Дар дарбори Султон Муҳам­мади Бойсунғур (қатлаш 1451) ва Абулқосими Бобур (ҳукмронӣ 1449—1457) хидмат мекардааст. Соли 1458 Пир­бурдоғ Мирзои писари Ҷаҳоншоҳи Қароқуюнлу Абул­қосими Бобурро шикаст дода, Валии Қаландарро бо худ ба Шероз бурдааст.

Ба қавли Давлатшоҳи Самарқандӣ, Валии Қаландар «ғазалро некӯ» мегуфтааст. Девонаш дастрас нашудааст. Ғазали зерин аз навиштаҳои ӯст:

Соқӣ, биё, ки ғам шуду осори ғам намонд,
Ҷоме ба даст гир, ки даврони Ҷам намонд!
Дар арсаи ҷаҳон ғами суду зиён махӯр,
Чун дар бизоати фалакӣ бешу кам намонд.
Аз турктози ғамзаи шӯхи ситамгарат
Ҷон монда буд дар тану он низ ҳам намонд.
То кай дамам диҳӣ, ки зи сӯзи даруни ман
Масдуд шуд раҳи нафасу ҳоли дам намонд?
Реши дилам, Валӣ, зи ғамат ёфт илтиём,
Чун захм дид роҳати марҳам, алам намонд.

Адабиёт

вироиш
  • Афсаҳзод А. Валии Қаландар // Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. Ҷ. 1. Д., 1988.
  • Давлатшоҳи Самарқандӣ. Тазкирату-ш-шуаро. Д., 1999;