Валиҷон (деҳа, н. Шоҳин)

Валиҷондеҳа дар ҷамоати деҳоти Лангардараи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин. Аз Валиҷон то маркази ҷамоат 3 км, то маркази ноҳия 70 км; роҳ автомобилгард. Аҳолиаш 171 нафар (2017), тоҷикон.

Деҳа
Валиҷон
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Хатлон
Ноҳия Шамсиддин Шоҳин
Ҷамоат Деҳоти Лангардара
Таърих ва ҷуғрофиё
Минтақаи замонӣ UTC+05:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ 171 тан (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Пешшумораи телефон +992 3319

Иқтисод

вироиш

Деҳа осиёби хусусӣ ва мактаби таҳсилоти умумии ибтидоӣ дорад. Хонандагон дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Ҳавза таҳсилро идома медиҳанд. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: боғдорӣ ва сабзавоткорӣ. Заминҳо аз оби Чашмаи Китоб обёрӣ мешаванд.

Мардум

вироиш

Мардумаш солҳои 1930 бо мақсади обод кардани заминҳои бекорхобида пурра ба ноҳияҳои Фархор ва Ҳамадонӣ муҳоҷир шуда, деҳа беодам монда буд. Солҳои 1990 як қисми аҳолӣ баргашта, деҳаро обод карданд ва деҳа ба ҳайати ҷамоати деҳоти навтаъсиси Лангардара ворид гардид. Сабаби Валиҷон номгузорӣ шудани деҳа он аст, ки дар ин ҷо 21 валии барҳақ (Хоҷа Равшаноӣ, Ҳазрати Назирҷон, Шайх Қутбуддин, Шайх Муллораҷаб, Шайх Домулло Юсуф, Шайх Домулло Ашӯр, Шайхия Бибӣ Олиятмоҳ) умр ба сар бурда дафн шудаанд.

Сарчашма

вироиш