Қаторкӯҳҳои Ванҷ - қаторкӯҳҳои Помири Ғарбии Тоҷикистон ҳастанд, ки аз қисмати ҷанубии поёни қаторкӯҳҳои Фарҳангистони улум (хребет Академии наук) то рӯди Панҷ, миёни Ванҷоб ва дарёи Язгулом тӯл мекашанд. Дарозии қаторкӯҳҳои Ванҷ 80км ва баландияшон беш аз 5000м аст. Дар баландии бештар аз 4000м лозурҳо (пиряхҳо)шурӯъ мешаванд, ки масоҳати умумии онҳо 221,1км2 аст. Қаторкӯҳҳо аз хоросанг (гранит), санггил (мосасанг, sandstone) ва сангҳои ҳамҷӯшшуда (конгломерат, conglomerate) иборатанд. Нишебиҳои қаторкӯҳҳо хеле баланду душворгузар ва бо тангдараҳо ҷудо шудаанд. Дар нишебиҳо арча, рустаниҳои буттагӣ, монанди хорбун, хунча (боярышник) мерӯяд

Адабиёт

вироиш