Тими миллии футболи Тоҷикистон
Тими миллии футболи Тоҷикистон — дастаи миллӣ, намояндаи кишвари Тоҷикистон дар мусобиқоти байнулмилалӣ ва Осиё аст, ки зер назари Федератсияи футболи Тоҷикистон фаъолият мекунад. Аз соли 1994 узви ФИФА ва КФО (AFC), инчунин узви АФОМ (FACA) мебошад. Барандаи Ҷоми даъвати AFC-2006, барандаи медали нуқраи Ҷоми даъвати AFC-2008 ва барандаи медали биринҷии Ҷоми даъвати AFC-2010 аст. То 23 январи соли 2024, мунтахаби Тоҷикистон дар радабандии ФИФА дар байни 211 кишвари узви ФИФА дар ҷои 99-ум қарор дорад[1].
Лақаб |
тоҷикӣ: Шерони форс тоҷикӣ: Тоҷҳо |
||
---|---|---|---|
Конфедератсия | КФО | ||
Федератсия | Федератсияи футболи Тоҷикистон | ||
Субфедератсия | АФОМ | ||
Сармураббӣ | Гела Шекиладзе | ||
Капитан | Аҳтам Назаров | ||
Бештарин бозии миллӣ |
Аҳтам Назаров (80) | ||
Беҳтарин голзан |
Манучеҳр Ҷалилов (20) | ||
Варзишгоҳи хонагӣ | Варзишгоҳи марказии Тоҷикистон (Душанбе) | ||
Радабандии ФИФА |
99 ▲ (+7) (23 январи 2024) | ||
max: | 99 (январи 2024) | ||
min: | 180 (июл ва октябри 2003) | ||
Коди ФИФА | TJK | ||
Нахустин бозӣ |
|||
Тоҷикистон 2:2 Ӯзбекистон (Душанбе, Тоҷикистон; 17 июни 1992) |
|||
Беҳтарин пирӯзӣ |
|||
Тоҷикистон 16:0 Гуам (Табрез, Эрон; 26 ноябри 2000) |
|||
Бадтарин шикаст |
|||
Ҷопон 8:0 Тоҷикистон (Осака, Ҷопон; 11 октябри 2011) |
Ҷоизаҳои варзишӣ | ||
---|---|---|
Ҷоми даъвати КФО | ||
Тилло | Бангладеш 2006 | |
Нуқра | Ҳиндустон 2008 | |
Биринҷӣ | Шри-Ланка 2010 |
Таърих
вироишТо нимаи соли 1991 Тоҷикистон дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ қарор дошт ва бинобар ин сабаб футболбозони тоҷикистонӣ мисли дигар ҷумҳуриҳои иттиҳодия дар ҳайати тими мунтахаби ИҶШС баромад менамуданд. Тими мунтахаби ҶШС Тоҷикистон соли 1930 ташкил ёфта, дар кулли мусобиқоти футболии Спартакиадаи тобистонаи халқҳои ИҶШС иштирок намудааст. Дар чемпионати футболи ИҶШС низ, бошгоҳҳои футболи Тоҷикистон он замон ширкат мекарданд.
Баъд аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ва соҳибистиқлол шудани ҷумҳурии Тоҷикистон тими миллии Тоҷикистон аз нав ташкил шуд. Нахустин бозии расмии байналмилалияшро тими миллии Тоҷикистон бо тими миллии Ӯзбекистон (2:2) дар чаҳорчӯби Ҷоми миллатҳои Осиёи марказӣ - 1992 барпо намуд. Соли 1992 бо расман ба қайд гирифтани ин бозиҳо аз тарафи ФИФА, тими миллии Тоҷикистон ва чаҳор тими миллии дигари Осиёи марказӣ (Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон) бо бошгоҳҳояшон иҷозаи ширкат дар мусобиқотҳоеро пайдо карданд, ки таҳти сарпарастии ФИФА баргузор мешаванд. Пас аз даври дуввуми Ҷоми миллатҳои Осиёи марказӣ тими мунтахаби Тоҷикистон ба далели мушкилоти молӣ аз ширкат дар ин мусобиқот даст кашид.
Тими мунтахаби Тоҷикистон соли 1993 дар Ҷоми ЭКО 1993, дар шаҳри Теҳрон иштирок намуда, мақоми сеюмро касб намуд.
Соли 1994 Тоҷикистон расман ба узвияти КФО ва ФИФА пазируфта шуда, узви комилҳуқуқи ин созмонҳои байналмилалии футбол гардид. Худи ҳамон сол мунтахаби Тоҷикистон бо тимҳои миллии Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон чаҳор бозӣ анҷом дод. Дар соли 1995 ба далели ҷанги дохилӣ ва тамом шудани буҷаи кишвар тими миллӣ натавонист бозиҳои худро баргузор кунад. Дар умум солҳои 90-ум ҷанги шаҳрвандӣ ва норасоии маблағ сабаби мунтазам бозӣ накардани тими миллии Тоҷикистон шуд.
Соли 1996 тими миллӣ дар даври интихобии Ҷоми Осиё-1996 бо тими миллии Ӯзбекистон ҳамагӣ ду бозӣ анҷом додааст. Бозии аввал, ки дар Душанбе баргузор шуд, бо ҳисоби бузург (4:0) ба нафъи тими Тоҷикистон хатм шуд. Дар бозии ҷавобӣ дар Тошканд тими миллии Ӯзбекистон бар Тоҷикистон бо ҳисоби (5:0) пирӯз шуд дастаи миллии моро аз роҳхат гирифтан ба Ҷоми Осиё, ки соли 1996 дар АМА баргузор шуда буд, бенасиб намуд. Дар солҳои 1997-1999 мунтахаби кишвар 15 бозӣ анҷом дода, дар 7 бозӣ ғалаба шудааст.
Дар солҳои 1992 то 1999 мунтахаби Тоҷикистон дар маҷмӯъ 23 бозӣ анҷом додааст, ки дар 9-тоаш ғалаба, 5 бозӣ мусовӣ ва дар 9 бозӣ мағлуб шудааст. Шумораи голҳо: 41—38.
Дастовардҳо
вироишҲайати феълӣ
вироишДар шаш моҳи ахир ба тими миллии Тоҷикистон бозигарони зерин барои ширкат дар бозиҳо даъват шудаанд.
Омори бозигарон дар моҳи январи соли 2024 аст.
№ | Бозигар | Санаи таваллуд | Бозӣ | Гол | Бошгоҳ |
---|---|---|---|---|---|
Дарвозабонҳо | |||||
1 | Рустам Ятимов | 13.07.1998 | 40 | 0 | Истиқлол |
16 | Далер Баротов | 29.01.1999 | 2 | 0 | Истаравшан |
23 | Муҳриддин Ҳасанов | 23.09.2002 | 1 | 0 | Истиқлол |
Муҳофизатгарон | |||||
2 | Зоир Ҷӯрабоев | 16.09.1998 | 36 | 1 | Нафтчӣ |
3 | Табрези Давлатмир | 06.06.1998 | 31 | 0 | Истиқлол |
4 | Холмурод Назаров | 04.02.1994 | 3 | 0 | Равшан |
5 | Манучеҳр Сафаров | 31.05.2001 | 34 | 0 | Нафтчӣ |
6 | Ваҳдат Ҳаннонов | 25.07.2000 | 29 | 3 | сепахан |
12 | Содиқҷон Қурбонов | 19.01.2003 | 2 | 0 | Истиқлол |
19 | Аҳтам Назаров | 29.09.1991 | 80 | 5 | Истиқлол |
24 | Далер Имомназаров | 31.05.1995 | 4 | 0 | Эсхата |
Миёнмайдонӣ | |||||
7 | Парвизҷон Умарбоев | 01.11.1994 | 49 | 10 | ССКА 1948 |
8 | Комрон Турсунов | 24.04.1996 | 28 | 6 | Гокулам |
10 | Алишер Ҷалилов | 29.08.1993 | 24 | 5 | Истиқлол |
11 | Муҳаммадҷон Раҳимов | 15.10.1998 | 50 | 3 | Бухоро |
13 | Ҳамадонӣ Камолов | 16.01.2003 | 4 | 2 | Истиқлол |
14 | Алишер Шукуров | 30.03.2002 | 5 | 1 | Кӯктош |
17 | Эҳсони Панҷшанбе | 12.05.1999 | 49 | 6 | Истиқлол |
18 | Руслан Хайлоев | 29.10.2003 | 3 | 0 | Тюмен |
20 | Алиҷони Айнӣ | 06.08.2004 | 12 | 0 | Истиқлол |
21 | Вайсиддин Сафаров | 15.04.1996 | 3 | 0 | Артиш |
Ҳамлаварон | |||||
9 | Рустам Соиров | 12.09.2002 | 16 | 2 | Локомотив Тошканд |
15 | Шервонӣ Мабатшоев | 04.12.2000 | 21 | 3 | Истиқлол |
22 | Шаҳром Самиев | 08.02.2001 | 26 | 7 | Милсами |
25 | Нуриддин Ҳамроқулов | 25.10.1999 | 15 | 2 | Регар-ТадАЗ |
26 | Муҳаммадалӣ Азизбоев | 04.01.2003 | 2 | 0 | Ҳосилот |
Омор
вироишБозиҳо
вироиш№ | Футболбоз | Бозӣ | Гол | Аввалин бозӣ | Охирин бозӣ |
---|---|---|---|---|---|
1 | Давронҷон Эргашев | 74 | 8 | 30 июни 2008 | |
2 | Фатҳулло Фатҳуллоев | 68 | 9 | 8 октябри 2007 | 14 ноябр 2019 |
3 | Аҳтам Назаров | 59 | 5 | 7 июни 2014 | |
4 | Юсуф Рабиев | 54 | 17 | 26 ноябри 2003 | 19 март 2013 |
5-6 | Дилшод Восиев | 50 | 8 | 8 октябри 2007 | 21 март 2018 |
Нуриддин Давронов | 50 | 8 | 13 майи 2008 | ||
7 | Иброҳим Рабимов | 45 | 9 | 13 октябри 2004 | 11 июн 2015 |
8-9 | Хуршед Маҳмудов | 42 | 4 | 17 ноябри 2004 | 12 июля 1998 |
Алишер Тӯйчиев | 42 | 0 | 13 майи 2008 | 24 март 2016 | |
10 | Ҷаҳонгир Эргашев | 35 | 4 | 19 марти 2013 |
Голҳо
вироиш№ | Футболбоз | Фаъолият | Гол | Бозӣ | Ба ҳисоби миёна |
---|---|---|---|---|---|
1 | Манучеҳр Ҷалилов | 2015-то ҳол | 19 | 39 | 0,49 |
2 | Юсуф Рабиев | 2003—2013 | 17 | 54 | 0,31 |
3 | Нӯъмонҷон Ҳакимов | 2003—2011 | 14 | 34 | 0,41 |
4 | Тоҳирҷон Мӯъминов | 1992—2003 | 13 | 31 | 0,41 |
5-6 | Иброҳим Рабимов | 2004—2015 | 9 | 45 | 0,20 |
Фатҳулло Фатҳуллоев | 2007—2019 | 9 | 68 | 0,13 | |
7-8-9 | Дилшод Восиев | 2007—2018 | 8 | 50 | 0,16 |
Нуриддин Давронов | 2008—то ҳол | 8 | 50 | 0,16 | |
Давронҷон Эргашев | 2008—то ҳол | 8 | 74 | 0,06 | |
10-11 | Алиёр Ашурмамадов | 1992—2006 | 7 | 14 | 0,50 |
Ҷомихон Муҳиддинов | 2003—2010 | 7 | 32 | 0,22 |
Мусобиқаҳои байналмилалӣ
вироишДаври ниҳоӣ чемпионати ҷаҳон | Мусобиқоти интихобӣ | ||||||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
Сол | Натиҷа | Ҷой | Бозиҳо | Ғ | М | Б | ТЗ | ТС | Бозиҳо | Ғ | М | Б | ТЗ | ТС | |
Аз 1930 то 1990 | Дар ҳайати мунтахаби ИҶШС | - | - | - | - | - | - | - | |||||||
1994 | Ҳузур надошт | - | - | - | - | - | - | - | |||||||
1998 | Роҳ наёфт | - | - | - | - | - | - | - | 6 | 4 | 1 | 1 | 15 | 2 | |
2002 | Роҳ наёфт | - | - | - | - | - | - | - | 2 | 1 | 0 | 1 | 16 | 2 | |
2006 | Роҳ наёфт | - | - | - | - | - | - | - | 8 | 4 | 1 | 3 | 9 | 9 | |
2010 | Роҳ наёфт | - | - | - | - | - | - | - | 4 | 1 | 2 | 1 | 7 | 4 | |
2014 | Роҳ наёфт | - | - | - | - | - | - | - | 6 | 2 | 0 | 4 | 6 | 14 | |
2018 | Роҳ наёфт | - | - | - | - | - | - | - | 6 | 0 | 1 | 5 | 2 | 20 | |
2022 | Роҳ наёфт | - | - | - | - | - | - | - | 8 | 4 | 1 | 3 | 14 | 12 | |
Ҳамагӣ | - | - | - | - | - | - | - | - | 44 | 17 | 8 | 19 | 71 | 67 |
Даври ниҳоӣ | Мусобиқоти интихобӣ | ||||||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
Сол | Натиҷа | Ҷой | Б | Ғ | М | Б | ТЗ | ТС | Бозиҳо | Ғ | М | Б | ТЗ | ТС | |
1992 | Ҳузур надошт | - | - | - | - | - | - | ||||||||
1996 | Роҳ наёфт | - | - | - | - | - | - | 2 | 1 | 0 | 1 | 4 | 5 | ||
2000 | Роҳ наёфт | - | - | - | - | - | - | 3 | 2 | 0 | 1 | 6 | 5 | ||
2004 | Роҳ наёфт | - | - | - | - | - | - | 6 | 2 | 2 | 2 | 3 | 5 | ||
2007 | Роҳ наёфт | - | - | - | - | - | - | ||||||||
2011 | Роҳ наёфт | - | - | - | - | - | - | ||||||||
2015 | Роҳ наёфт | - | - | - | - | - | - | ||||||||
2019 | Роҳ наёфт | - | - | - | - | - | - | 16 | 5 | 3 | 8 | 25 | 29 | ||
2023 | 1/4 ниҳоӣ | 4 | 1 | 2 | 1 | 3 | 3 | 11 | 6 | 2 | 3 | 19 | 12 | ||
Ҳамагӣ | - | 1/10 | 4 | 1 | 2 | 1 | 3 | 3 | 38 | 16 | 7 | 15 | 57 | 56 |
- Дар давоми баргузории Ҷоми даъвати КФО 2010, соҳиби роҳхат ба Бозиҳои Осиё 2011 гардид.
Ҳамаи мусобиқотвироиш
Бозигарони машҳурвироиш
Сармураббиёнвироиш
Варзишгоҳвироиш
Эзоҳвироиш
Пайвандҳовироиш
|