Варзобқалъа
Варзобқалъа — деҳа дар ҷамоати деҳоти Варзобқалъаи ноҳияи Варзоб. Аз Варзобқалъа то маркази ноҳия 2 км; роҳ автомобилгард. Аҳолиаш 1132 нафар (2017), тоҷикон.
Деҳа | |
Кишвар | Тоҷикистон |
---|---|
Вилоят | НТҶ |
Ноҳия | Варзоб |
Ҷамоат | Деҳоти Варзобқалъа |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Минтақаи замонӣ | UTC+5:00 |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 1132 тан (2017) |
Миллият | тоҷикон |
Эътиқодот | мусулмонон |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Пешшумораи телефон | +992 3153 |
Иқтисод
вироишДар деҳа Комбинати таълимии Вазорати мелиоратсия ва хоҷагии оби Тоҷикистон, нуқтаҳои хидмати маишӣ ва 7 нуқтаи савдои хусусӣ мавҷуд аст. Деҳа мактаб надорад. Хонандагон дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Варзоб ва Зимчуруд таҳсил мекунанд. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: чорводорӣ ва боғдорӣ. Заминҳо аз дарёи Зимчуруд ва чашмаи Шоҳбибӣ обёрӣ мешаванд.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Варзобқалъа // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.
- Феҳристи номи маҳалҳои Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2013. — 332 с. — ISBN 978-99947-33-54-5