Ноҳияи Варзоб

ноҳия дар Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ

Ноҳияи Варзоб (форсӣ: ناحیۀ ورزاب‎) — яке аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон аст ва дар дараи рӯди Варзоб ҷой дорад. Маркази ин ноҳия деҳаи Варзоб аст, ки 25 км шимолтар аз шаҳри Душанбе дар каронаи рӯди Варзоб ҷой дорад. Ин ноҳия 29 октябри соли 1939 дар таркиби вилояти Сталинободи ҶШС Тоҷикистон таъсис ёфта аст.

Ноҳияи маъмурӣ
Ноҳияи Варзоб
Кишвар  Тоҷикистон
Тобеъи НТҶ
Шомили 1 шаҳрак, 6 ҷамоат
Маркази маъмурӣ Варзоб
Роҳбар Дамонзода Хусрав Назаралӣ
Таърих ва ҷуғрофиё
Таърихи таъсис соли 1934, соли 1991
Таърихи пошхӯрӣ соли 1959
Масоҳат 1656 км²
Вақти минтақавӣ UTC+05:00
Шаҳри бузургтарин Такоб
Аҳолӣ
Аҳолӣ 89 300[1] нафар (2022)
Миллият тоҷикон
Мазҳаб мусулмонон: суннӣ-ҳанафӣ
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Сарвожа VA
Рамзи ISO 3166-2 TJ.RR.VA
Коди телефон +992 3153
Нишонаи почта 734060
Домени интернет .tj
Коди мошинҳо TJ07
Вебгоҳи расмӣ(тоҷ.)
Ноҳияи Варзоб дар харита
 Парвандаҳо дар Викианбор
Деҳаи Анзоб дар дараи Варзоб

Ҷуғрофиё

вироиш

Ноҳияи Варзоб дар водии Ҳисор ҷой дорад. Дар шимол бо ноҳияи Айнӣ аз ноҳияҳои вилояти Суғд, дар ғарб – бо ноҳияи Ҳисор, дар ҷануб — бо ноҳияи Рӯдакӣ ва ш. Душанбе, дар шарқ — бо ноҳияи Ваҳдат ҳаммарз аст. Аз сӯи ҷануб ба канораҳои шимолии шаҳри Душанбе мепайвандад. Маркази ноҳия шаҳраки Варзоб аст. Дараи Ромит, ки бахше аз ин ноҳия аст, осоишгоҳҳову созаҳои тафреҳӣ ва кӯҳнавардӣ, чашмаҳои оби маъданӣ ва сулфур дорад. Паҳноварии ин ноҳия 1656 км² аст. Аз шимоли ноҳияи Варзоб ба ҷануби он рӯди Варзоб гузар мекунад, ки ба рӯди Кофурниҳон мерезад. Аз ноҳия роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ (сарҳади Ӯзбекистон) мегузарад, ки он сӯи нақби «Истиқлол», дар ағбаи Анзоб равон аст.

Аз вожаи суғдии варз – ба маънои баландӣ.

Мардум

вироиш

Бино бар саршумори соли 2016 аҳолии ноҳияи Варзоб 74 800 нафар ҳаз. тан будааст[2]. Мардуми Варзоб ба забони тоҷикӣ сухан мегӯянд.

сол 2012 2013 2014 2015 2016 2019 2020
шумора
(ҳаз. нафар)
67,4 69,4 70,9 72,7 74,8 80,5 82,2

Маориф

вироиш

Дар ноҳияи Варзоб 69 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла 53 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1 гимназия, 7 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 1 муассисаи томактабӣ, 1 муассисаи томактабии хусусӣ, 8 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ ва дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №55 интернати наздимактабӣ барои хонандагони ятим ва бепарастор фаъолият менамояд, ки дар онҳо 1 ҳазору 349 нафар  омӯзгорон, аз ҷумла, 821 зан ба 20 ҳазору 313 нафар хонандагон дарс  меомӯзонанд[3].

Ҳукумат

вироиш

Сарвари ноҳияи Варзоб Раиси Ҳукумати он аст, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон таъйин мегардад. Ниҳоди қонунгузори ноҳияи Варзоб - Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад, ки аз ҷониби мардуми ноҳияи Варзоб ба муддати 5 сол интихоб мешавад.

Бахшҳои идорӣ

вироиш

Бар асоси Қонуни тақсимоти кишварӣ, ноҳияи Варзоб 1 шаҳрак — Такоб ва 6 ҷамоат дорад[4]:

Ҷамоатҳои ноҳияи Варзоб
Ҷамоат Аҳолӣ,

2009

Аҳолӣ,
соли 2015
Тагоб, шаҳрак 2400
Айнӣ 7167 14052
Варзобқалъа 8318 11438
Деҳмалик 5914 8034
Зидеҳ 5373 7219
Лучоб 5141 7174
Чорбоғ 16216 31585