Варид
Варид, сиёҳраг, вена — раге, ки хунро аз узву бофтаҳо ба дил интиқол медиҳад. Варидҳои даври калони гардиши хун аз узву андомҳои бадан хуни аз оксиди карбон, маҳсули мубодилаи моддаҳо, ҳормони ғадудҳои усораи дохилӣ ва ғайра серро гирифта, ба даҳлези рости дил равона месозанд. Варидҳои даври хурди гардиши хун хунеро, ки дар шушҳо сероксиген гаштааст, ба даҳлези чапи дил интиқол медиҳанд.[1]
Силсилаи варидҳо
вироишТавассути силсилаи варидҳои даромадгоҳи ҷигар моддаҳои ғизоие, ки дар роҳи меъдаву рӯдаҳо ҷабида шудаанд, ба даври умумии гардиши хун ворид мегарданд. Силсилаи варидҳо аз шабакаи мӯйраг (капилляр)-ҳо ибтидо мегирад. Дар ин ҷо варидчаҳо ташаккул меёбанд, ки минбаъд дар натиҷаи омезишу якҷо шудани онҳо варидҳо ба вуҷуд меоянд. Девораи варид нисбат ба девораи шараён (артерия) нафису нарм буда, мушакҳояш суст рушд ёфтаанд; дар варид фишори хун хеле кам, дар варидҳои калон аз фишори атмосферӣ пасттар аст. Барои гардиши хун дар варидҳо ҳаракати қафаси сина (ҳангоми нафас кашидан) ва диафрагма, дар варидҳои амиқи дасту по кашиш ёфтани мушакҳо ёрӣ мерасонанд. Даричаҳои варид, ки ба самти ҷараёни хун ҷойгир мебошанд, хунро фақат ба дил роҳ медиҳанд. Дар девораи баъзе варидҳои калон (масалан, варидҳои холии боло ва поин, вариди даромадгоҳи ҷигар ва ғайра) нӯги торҳои сершумори асаб мавҷуданд, ки гардиши хунро танзим менамоянд.
Флебология
вироишВарид бештар дучори бемориҳои илтиҳобӣ мешавад. Сохтор, фаъолият ва ташхису муолиҷаи бемориҳои варид мавзӯи омӯзиши флебология аст.
Нигаред
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, Ҷилди 3. БОЗ-ВИЧКУТ – Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2014, - с.493-492
Адабиёт
вироиш- Абдурахмонов Ф. А. Кровеносные сосуды брюшины. Д., 1973;
- Абдурахмонов Ф. А. Анатомияи одам. Ҷ. 1–2. Д., 1995, 1998;
- Абдурахмонов Ф. А. Краткий атлас анатомии человека. Д., 2000.
Сарчашма
вироиш- Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — 676 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.