Сиёҳчола
Сиёҳчола (англ. Black hole — «сӯрохии сиёҳ»), вартаи сиёҳ — ноҳияе аз фазо-замон[1], ки осори гарониши он, чунон неруманд аст, ки ҳеч чиз, ҳатто заррот ва тобишҳои электромагнитии мисли нур наметавонанд аз майдони гарониши он бигурезад[2].
Назарияи нисбияти омми Алберт Эйнштейн пешбинӣ мекунад, ки як ҷирми ба андозаи кофӣ фишурдашуда, метавонад сабаби тағйири шакл ва хамидагии фазо-замон ва ташкили сиёҳчола шавад. Марзи ин ноҳия аз фазозамон, ки ҳеч чизе пас аз убур аз он наметавонд ба берун баргардадро уфуқи рӯйдод меноманд. Сифати «сиёҳ» дар ном сиёҳчола баргирафта аз ин воқеият аст, ки ҳама нуре, ки аз уфуқи рӯйдод он гузарандаро ба дом меандозад, ки аз ин дидгоҳ сиёҳчола рафтори шабеҳ ба ҷисми сиёҳ дар термодинамика дорад[3][4]. Аз сӯи дигар низ, назарияи майдонҳои квантии дар фазозамон хамида пешбинӣ мекунад, ки уфуқҳои рӯйдод низ тобише ба номи тобиши Ҳокинг гусел мекунанд, ки тайфи он ҳаммонанд тайфи ҷисм сиёҳе аст, ки дамои он бо ҷирмаш нисбати воруна дорад. Мизони дамо дар мавриди сиёҳчолаҳои ситораӣ дар ҳадди чанд миллиард келвин аст ва аз ин рӯ радёбии он душвор аст.
Аҷсоме, ки ба далели майдони гарониши бисёр қавӣ иҷозаи гурез ба нур намедиҳанд барои аввалин бор дар садаи 18 тавассути Ҷон Мичелл ва Пиер-Симон де Лаплас мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд. Нахустин роҳи ҳалли навини нисбияти ом, ки дар воқеъ вижагиҳои як сиёҳчоларо тавсиф менамуд дар соли 1916 тавассути Карл Шварсшилд кашф шуд[5][6]. Ҳарчанд, ки таъбири он ба сурати ноҳияе аз фазо, ки ҳеч чиз наметавонд аз он бигурезад, то чаҳор даҳа баъд ба хубӣ дарк нашуд. Барои даврае тӯлонӣ ин чолиш мавриди кунҷковии риёзидонон буд то инки дар миёнаи даҳаи 1960, пажӯҳишҳои назарӣ нишон дод, ки сиёҳчолаҳо ба ростӣ яке аз пешбиниҳои умумии нисбияти ом ҳастанд. Ёфтани ситорагони нейтронӣ боис шуд то вуҷуди аҷроми фишурдашуда бар асари имплозияи гаронишӣ ба унвони як воқеияти имконпазири физикӣ мавриди алоқаи донишмандон қарор гирад[7]. Ингуна пиндошта мешавад, ки сиёҳчолаҳои ситораӣ дар ҷараёни фурӯпошии ситораҳои бузург дар як инфиҷори абарнавахтари дар поёни чархаи зиндагиашон ба вуҷуд меоянд. Ҷирм як сиёҳчола пас аз шаклгирӣ метавонад бо дарёфти ҷирм аз перомунаш афзоиш ёбад. Бо ҷазби ситорагони перомун ва ба ҳам пайвастани сиёҳчолаҳои гуногун, сиёҳчолаҳои калонҷирм бо ҷирми миллионҳо баробар хуршед ташкил мешаванд[8].
Як сиёҳчола ба далели ин ки нуре аз он хориҷ намегардад нодиданӣ аст, аммо метавонад будани худро аз роҳи куниш ва вокуниш бо модда аз перомуни худ нишон диҳад. Аз роҳи баррасии барҳамкуниши миёни ситораҳои дутоӣ бо ҳамдами номаръияшон, ахтаршиносон номзадҳои эҳтимолии бисёре барои сиёҳчола будан дар ин манзумаҳо шиносоӣ кардаанд. Ин бовари ҷамъе дар миёни донишмандон рӯ ба густариш аст, ки дар маркази бештар галактикаҳо як сиёҳчолаи калонҷирм вуҷуд дорад. Барои намуна, дастовардҳои арзишманде бозгӯи ин воқеият аст, ки дар маркази галактикаи Каҳкашони мо низ як сиёҳчолаи калонҷирм бо ҷирми беш аз чаҳор миллион баробари ҷирм Хуршед вуҷуд дорад[8].
Таърих
вироишЭҷоди вожаи «кирмчола»[9] ва «сиёҳчолаи фазоӣ»[10] ба Ҷон Вилер нисбат дода шудааст, гарчанде ин мафҳум аз муддатҳо қабл ба суратҳои мутафовите матраҳ буд.
Мафҳуми ҷисме, ки он қадр пурҷирм аст, ки ҳатто нур ҳам наметавонд аз он бигурезад, нахустин бор аз сӯи заминшиносе ба номи Ҷон Мичелл соли 1783 дар номае, ки барои Ҳенри Кавендиш аз Анҷумани салтанатӣ навишта буд, матраҳ шуд. Дар он замон мафҳуми назария гарониши Нютон ва мафҳуми суръатгурез шинохта шуда буданд. Тибқи муҳосиботи Мичелл ҷисми бо радуси Офтоб ва зичии 500 баробар дар сатҳи худ суръати гурези беш аз суръати нур хоҳад дошт ва бинобар ин ғайриқобили мушоҳида хоҳад буд.
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Дымникова И. Г. Чёрные дыры // Физическая энциклопедия. Т. 5. Стробоскопические приборы — Яркость / Гл. ред. А. М. Прохоров. Ред. кол.: Д. М. Алексеев, А. М. Балдин, А. М. Бонч-Бруевич и др. — М.: Большая Российская энциклопедия, 1998. — С. 452—459. — 760 с. — ISBN 5-85270-101-7.
- ↑ Robert M., Wald. «Black Holes». In General Relativity. The University of Chicago Press, 1984. ISBN 0226870332. Retrieved 09 Nov 2011.
- ↑ Davies, P. C. W.. «Thermodynamics of Black Holes» Бойгонӣ шудааст 10 май 2013 сол.. Reports on Progress in Physics (IOP Publishing) 41, no. 8 (1978): 1355—1313. Bibcode: 1978RPPh…41.1313D.
- ↑ Schutz, Bernard. Gravity from the Ground Up: An Introductory Guide to Gravity and General Relativity. Cambridge University Press, 2003-12-04. ISBN 9780521455060.
- ↑ Eisenstaedt, "The Early Interpretation of the Schwarzschild Solution, " in D. Howard and J. Stachel (eds), Einstein and the History of General Relativity: Einstein Studies, Vol. 1, pp. 213—234. Boston: Birkhauser, 1989.
- ↑ Letter from K Schwarzschild to A Einstein dated 22 December 1915, in «The Collected Papers of Albert Einstein», vol.8a, doc. #169, (Transcript of Schwarzschild’s letter to Einstein of 22 Dec. 1915) Бойгонӣ шудааст 27 сентябри 2011 сол..
- ↑ HubbleSite: Black Holes: Gravity's Relentless Pull interactive: Encyclopedia(англ.). hubblesite.org. 11 Январ 2018 санҷида шуд.
- ↑ 8.0 8.1 MSFC, Jennifer Wall :. What Is a Black Hole?(англ.), NASA (21 May 2015). Бойгонӣ шудааст 19 ноябри 2011 сол. Проверено 11 Январ 2018.
- ↑ Paul Sukys. Rowman & Littlefield. Lifting the scientific veil: science appreciation for the nonscientist. 1999. 227. ISBN 0-8476-9600-6.
- ↑ Matin Durrani. John Wheeler: 1911-2008. Physics World (14 апрели 2008). 11 Январ 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 7 Декабри 2017.
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. |