Роҳи Каҳкашон, ё Гала́ктика (юн.-қад. γᾰλαξίας «Роҳи Ширӣ»[3] аз юн.-қад. γάλα, γάλακτος «шир») — системаи бузурги ситораҳо, ки зиёда аз 200 млрд ситора иборат буда, Офтоб бо ҳама ҷирмҳои манзумааш ба он мансуб аст.

Роҳи Каҳкашон
Нигора
Вазн 1 200 000 000 000 ± 400 000 000 000 M☉
Номида ба шарафи шир, Зимистон, кӯч., роҳ, Way of Saint James[d] ва Гӯсфанд
Омӯхта мешавад дар galactic astronomy[d]
Пайкари осмонӣ (созвездие) Pisces[d], Sagittarius[d], Мумсикулинон, Cassiopeia[d], Crux[d], Corona Borealis[d], Hercules[d], Scorpius[d], Lyra[d], Draco[d], Serpens[d], Занаби Уқоб, Sagitta[d], Ursa Minor[d], Ursa Major[d], Libra (constellation)[d], Taurus[d], Gemini[d], Саратон, Leo[d], Virgo[d] ва Capricornus[d]
Баданаи фарзанд Draco Dwarf[d], Leo IV[d], Leo V[d], Ursa Minor Dwarf[d], Sagittarius Dwarf Elliptical Galaxy[d], Sextans Dwarf Spheroidal[d], Ursa Major I Dwarf[d], Sculptor Dwarf Galaxy[d], Ursa Major II Dwarf[d], Pisces II[d], Canis Major Dwarf Galaxy[d], Hercules Dwarf[d], Canes Venatici II[d], Leo II[d], Leo I[d], Fornax Dwarf[d], Carina Dwarf[d], Boötes III[d], Canes Venatici I[d], Boötes I[d], Large Magellanic Cloud[d], Palomar 4[d], NGC 6528[d], Antlia 2[d], Ind II[d], Horologium I[d][1], Pictoris I[d][1], Eridanus II[d][1], Grus I[d], Triangulum II[d], Reticulum II[d][1], Crater 2 dwarf galaxy[d], Eridanus III[d][1], Tucana II[d][1], Phoenix II[d][1], Aquarius II[d], Cetus II[d], Columba I[d], Reticulum III[d], Tucana IV[d], Tucana V[d], Tucana III[d], Grus II[d], Draco II[d], Sagittarius II[d], Hydra II[d], Horologium II[d], Pegasus III[d] ва Hydrus I[d]
Баданаи аслӣ Sagittarius A*[d]
Периоди тобхурӣ 7 516 800 000 000 000 s
Galaxy morphological type SBbc[2]
Бузургии мутлақ −20,9
Радиус 50 000 соли рӯшноӣ
Диаметр 946 073 047 258 080 000 000 м
Spherical panorama image
 Парвандаҳо дар Викианбор
Маркази Галактикаи Роҳи Каҳкашон дар осмони шаб аз Расадхонаи Параналӣ

Галактика аз маҷмӯи ситораҳои гуногун, инчунин тарокуму ассотсиатсияҳои ситораҳо, туманоти газу чангҳо ва атому зарраҳои ҷудогона, ки дар фазои байни ситораҳо парокандаанд, таркиб ёфтааст ва онҳо барои мавҷҳои рӯшноӣ ношаффофанд. Аз ин рӯ, танҳо қисми ками ситораҳо ба чашм намоён мебошанд. Шакли Галактика спиралӣ буда, қутраш ба 30 кпк ё ба 100 ҳазор соли рӯшноӣ баробар аст. Дар минтақаи Офтоб се шохаи спиралии Галактика — шохаи Ҷаббор (Офтоб дар он ҷойгир аст), Қавс ва Барсовуш мавҷуданд. Массаи Галактика ба 4∙1041 кг баробар аст. Ҳама ҷузъҳои Галактика системаи ягонаи динамикиро ташкил медиҳанд ва дар атрофи меҳвари хурди симметрия давр мезананд.

Мушоҳидаҳо

вироиш

Ба назари мушоҳиди заминӣ, ки андаруни Галактика аст, он ҳамчун Роҳи Каҳкашон менамояд. Манзумаи Офтоб дур аз маркази Галактика (~10 кпк), қариб дар ҳамвории қурси он, дар яке аз шохаҳои Галактика (Ҷаббор) ҷойгир аст. Табиати ситоравии Роҳи Каҳкашонро бори аввал Г. Галилей (1609) ошкор намуд, вале омӯзиши муттасили сохтори Галактика фақат дар охири садаи XVIII оғоз ёфт.

Ба ақидаи олимон тақсимоти фазоии ситораҳо ба самти маркази Галактика аз ҳисоби куҳнаситораҳо зиёд мешавад. Мас., агар дар минтақаи атрофи Офтоб 1 ситора дар фазои ҳаҷмаш 10 пк3 ҷой гирифта бошад, дар марказ (минтақаи қутраш ~ 1 пк) 10 млн баробар зиёд аст (1 млн ситора дар 1 пк3). Дар атрофи Галактика зичии ситораҳо кам мебошад. Сохтори ситорагии Галактика мухталиф аст. Гурӯҳҳои ситорагии Галактика бо синн, таркиби кимиёӣ, шаклҳои мадор, суръат ва мавқеашон аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Ҳудуди синни ситораҳо гуногун аст. Агар синни куҳнаситораҳо ≈15 млрд сол бошад, ситораҳои дигар дар ҳолати пайдоиш қарор доранд. Куҳнаситораҳо дар гало ва ситораҳои ҷавон ва миёна (Офтоб низ) дар қурси Галактика ҷой гирифтаанд. Вобаста ба сол таркиби кимиёии ситораҳои Галактика гуногун мешавад. Унсурҳои вазнин дар куҳнаситораҳо нисбат ба Офтоб 10-15 баробар камтар, дар ситораҳои ҷавон ва газу чангҳои байниситоравӣ, баръакс, 1,5-2,0 баробар зиёд мебошанд. Ин нишони тағйирёбии таркиби кимиёии ситораҳо вобаста ба таҳаввули онҳо аст. Мадори куҳнаситораҳо ва ситораҳои ҷавон низ гуногунанд. Агар куҳнаситораҳо аз рӯйи мадори эллипсии тӯлкашида (е > 0,5) ҳаракат намоянд, ситораҳои ҷавон ва газу чангҳо мадорҳои нисбатан ба давра наздикро доранд (барои қисми зиёди онҳо е < 0,2 ‒ 0,3). Галактика қурси аз ситораҳои нисбатан ҷавон ва газу чанг иборат буда, дар дохили галои беҳаракат бо суръати баланд давр зада, дар гирди маркази он тақр. 220 млн сол куллӣ давр мезанад. Бино ба ақидаҳои олимон, Галактика 14 млрд сол қабл аз абри газии ягонаи танҳо аз ҳидроген ва ҳелий иборат ташаккул ёфта, ҳаҷмаш аз Галактика-и феълӣ даҳҳо баробар калон будааст. Баъди фишориши умумии абр, ки қариб 1 млрд сол давом мекунад, аз таъсири ҷозибаи хусусӣ дар он ҳодисаи фрагментатсия (бақисматҷудошавӣ) ва раванди ташаккули ситораҳо оғоз ёфт. Дар натиҷа дар тамоми ҳаҷми абр ситораҳои бузурги насли якум ташаккул ёфта, аз онҳо тарокумҳои куравӣ ба вуҷуд омаданд. Ситораҳои нисбатан бузурги насли якум зуд инкишоф ёфта, дар марҳалаи ситораҳои фавқуннав абри газии фишурдашавандаро бо унсурҳои вазнин пур мекунанд ва дар раванди фишурдашавӣ шакли ҳамворро гирифта, чархзании худро бинобар нигоҳ доштани моменти миқдори ҳаракат метезонанд. Дар ташкилаи ҳамвор марҳалаи баъдии раванди ташаккули ситораҳо аз маводди бо унсурҳои вазнин ғанигардида оғоз меёбад. Ситораҳои насли дуюм, ки нисбат ба ситораҳои насли якум хурдтаранд, «умр»-и нисбатан дароз дошта, миқдорашон бештар аст. Маҳз ситораҳои насли дуюм шохаҳои спиралии Галактика-ро ташкил медиҳанд. Бо мурури камшавии ташкилаи газии Галактика дар он раванди ташаккули ситораҳо суст шуд, вале қатъ нагардидааст. Ҳоло дар Галактика туманоти газию чангии сиёҳ — глобулаҳо мушоҳида гардидаанд, ки дар онҳо ихроҷи энергияи ба ситораҳо хос оғоз меёбад. Галактикаи мо ба таркиби Гурӯҳи маҳаллии Галактикаҳо мансуб аст, ки дар он Абрҳои Магелланӣ ба мо «ҳамсоя»-и наздик мебошанд.

Омӯзиш

вироиш

Дар давоми даҳҳо сол сохтори Галактика ба воситаи усулҳои астрономию оптикӣ омӯхта шуд. Дар натиҷа шакл, андоза, масса, синн, чархзанӣ дар атрофи маркази масса, шаклҳои гуногуни зерсистемаҳои ситоравӣ ва ғ. муайян карда шуданд. Марҳалаи нав дар таҳқиқи Галактика солҳои 50 садаи XX оғоз ёфт, ки он ба инкишофи радиоастрономия вобаста аст. Таҳқиқи радиоафканишоти Галактикаҳо мавҷудияти миқдори зиёди гази байниситоравӣ ва тақсимоти фазоии спиралии онро нишон дод. Галактика барои мушоҳидаи радиоӣ шаффоф шуд. Бо ин усул дар ҳастаи Галактика манбаъҳои пурзӯри радиоафканишот ба қайд гирифта шуданд. Баъди дар таҳқиқот истифода гардидани мавҷҳои γ — афканишот, нурҳои рентгенӣ, ултрабунафш, инфрасурх ва радиомавҷҳо астрономияи бисёрмавҷ ва ҳамаи тайфи афканишоти ҷирмҳои осмонӣ мавриди омӯзиш қарор гирифтанд. Дар муддати кӯтоҳ дар Галактика манбаъҳои зиёди γ — афканишот, нурҳои рентгенӣ ва инфрасурх ба қайд гирифта шуданд.

Роҳи Каҳкашон

вироиш
Мақолаи асосӣ: Роҳи Каҳкашон

Галактикаи Роҳи Каҳкашон — Cистемаи бузурги ситораҳо мебошад, ки зиёда аз 200 млрд ситора иборат буда, Офтоб бо ҳама ҷирмҳои манзумааш ба он мансуб аст.

  1. 1.0 1.1 1.2 1.3 1.4 1.5 1.6 Bechtol K., Drlica-Wagner A., Balbinot E., Pieres A., Simon J. D., Yanny B., Santiago B., Wechsler R. H., Frieman J., Walker A. R. et al. Eight new Milky Way companions discovered in first-year dark energy survey data (ингл.) // Astrophys. J. / E. VishniacIOP Publishing, 2015. — Vol. 807, Iss. 1. — P. 50. — ISSN 0004-637X; 1538-4357doi:10.1088/0004-637X/807/1/50arXiv:1503.02584
  2. https://www.astronomynotes.com/galaxy/s4.htm
  3. Древнегреческо-русский словарь Дворецкого «γᾰλαξίας»

Адабиёт

вироиш