Варшедз (кӯл)
Варшедз — кӯл дар Помири Ғарбӣ, яъне дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аст. Дар нишебаи шимоли қаторкӯҳи Шуғнон, дар баландии 4798 м аз сатҳи баҳр воқеъ аст. Масоҳаташ 0,36 км² буда, тӯлаш 1260 м, бараш 280 м, чуқурии кӯл ба ҳисоби миёна 27 м, ҷойи аз ҳама чуқуриаш 66 м аст. Обаш зулол аст. Ба кӯл якчанд дарёчаҳо рехта, аз он дарёи Варшедз (шохоби чапи Ғунд) ҷорӣ мешавад.
Макон | |
---|---|
Кишвар | |
Минтақа | Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон |
Номи ҷуғрофии Варшедз аз нигоҳи сохт мураккаб буда, аз ҷузъҳои var- боло, 125 баландӣ ва šedz аз šit, šet, ба забони авестоӣ «ҷо, хона, ҷойгоҳ, макони зист» аз як тараф, аз тарафи дигар ҷузъи šit, šet, ба язғуломӣ šad «сел», «сангзор» иртибот дошта мешаванд. Пас маънои луғавии ин гидроним сангзори боло, селгузар аст ё ҷойи сангзори боло, мавзеи селгузар мебошад.[1]
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Ҳомидов Д. Р. Таҳқиқи забоншиносии гидронимҳои мавзеъҳои таърихии тоҷикнишин/Рисолаи докт. илми филол. — Душанбе, 2018. — С. 126. — 470 с.(тоҷ.)