Василий Андреев
Васи́лий Аполло́нович Андре́ев (1906 — 2 феврали 1974, Душанбе) — иштирокдори Ҷанги Бузурги Ватанӣ. Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ (1945), сержанти калони гвардиячӣ.
Василий Андреев | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Акс:Andreev Vasiliy Appolonovich.jpg | ||||||
Зодрӯз | 1906 | |||||
Таърихи даргузашт | 2 феврал 1974 | |||||
Мансубият | ||||||
Солҳои хидмат | пиёданизом[d] | |||||
Қисм | размовар | |||||
Ҷоизаҳо |
|
|||||
Равобит |
Зиндагинома
вироишСолҳои 1928—1931 дар сафи Армияи Сурх хидмат карда, баъдан дар Тоҷикистон муқимӣ шуд. Ноябри 1941 дар шаҳри Сталинобод ба сафи Армияи Сурх даъват шуда, дар ротаи 2-юми пулемётчиёни полки 82-юми гвардиягии Севастопол, ки дар ҳайати дивизияи 32-юми гвардиягии орденҳои Байрақи Сурх ва Суворовдори Таман буд, хидмат кардааст. Апрел 1945 дар нимҷазира Земланд дар маҳали аҳолинишини Гаутен қаҳрамонӣ зоҳир намуд. Ба муқобили баталионе, ки ӯ хидмат мекард, гитлерчиён қариб як полки пиёдагардро таҳти ҳимояи тӯпҳои худгард равона карданд. Ҳангоме ки тӯдаи фашистон ба камингоҳи ҷанговарони мо наздик шуданд, Андреев онҳоро бо оташи пулемёт пешвоз гирифт. Дар рафти амалиёт расчёти Андреев ҳуҷуми душманро зада гардонд ва 140 нафар фашистро асир гирифт. Андреев маҷрӯҳ шуда бошад ҳам, то расидани ҷанговарони шӯравӣ истодагарӣ кард. Соли 1945 Андреев аз хидмати ҳарбӣ баргашта, дар ташкилотҳои гуногуни бинокории Душанбе кор кард.
Ордену ҷоизаҳо
вироишБо орденҳои Ленин, Байрақи Сурхи Ҷангӣ, Шараф (дараҷаи III) ва медалҳо сарфароз гардидааст.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Онҳо Ватанро мудофиа кардаанд (Қаҳрамонони Иттифоқи Советӣ — фарзандони Тоҷикистон), Д., 1985;
- Герои Советского Союза. Краткий биографический словарь, т.1, М., 1987.
Сарчашма
вироиш- Андреев Василий Аполлонович / Б. Аҳмадов // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
Пайвандҳо
вироишИгорь Сердюков. Василий Андреев. Сайти «Герои Страны». 21 май 2015 санҷида шуд.
- Андреев Василий Аполлонович. az-libr.ru. 30 сентябри 2014 санҷида шуд.