Василий Владимирович Бартолд (3 (15) ноябри 1869, Санкт-Петербург19 августи 1930, Ленинград) — яке аз шарқшиносони рус, профессор (1901), академики Академияи Илмҳои Русия (1913).

Василий Бартолд
Василий Владимирович Бартольд
Таърихи таваллуд 3 (15) ноябр 1869(1869-11-15)
Зодгоҳ Санкт-Петербург, Империяи Русия
Таърихи даргузашт 19 август 1930(1930-08-19) (60 сол)
Маҳалли даргузашт Ленинград, ИҶШС
Кишвар Шаблон:Империяи Русия,  ИҶШС
Фазои илмӣ шарқшиносӣ, таърих, филология
Ҷойҳои кор
Дараҷаи илмӣ: доктори таърих
Унвонҳои илмӣ академики СПбАН, академики АН СССР
Алма-матер Донишгоҳи Петербург
Шогирдон Anatoli Guenko[d], Ignaty Krachkovsky[d], Richard Vasmer[d] ва I. I. (Ivan Ivanovich) Umni︠a︡kov[d]
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Аз оилаи хизматчӣ. Гимназияи 8-уми Петербургро с. 1887 бо медали тило ва факултаи забонҳои шарқи Университети Петербургро (1891) хатм намуд. Бартолд аз солҳои донишҷӯияш таърихи халқҳои Шарқро омӯхтааст. Барои аввалин мақолаи илмиаш «Дар бораи дини насронӣ дар Осиёи Миёна» сазовори медали нуқраи Университети Петербург шудааст. Бартолд солҳои 1891–92 бо тавсияи арабшиноси маъруфи рус В. Р. Розен ба Финляндия, Олмон, Шветсия, Итолиё, Австрия ва Венгрия сафар карда, дониши худро такмил дод ва назди профессор А. Мюллер нозукиҳои забонҳои шарқ, аз ҷумла забонҳои арабӣ, туркӣ ва суриягиро омӯхт. Соли 1893 бо роҳхатти Академияи Илмҳои Россия ва Университети Петербург бори аввал ба Осиёи Миёна омад ва ба ҷамъоварии маъхазҳо оид ба таърихи ин сарзамин шурӯъ кард. Зимни сафари илмӣ дар Тошканд маҳфили дӯстдорони бостоншиносӣ ташкил намуд ва дар рӯзномаҳои «Туркестанские ведомости» ва «Окраина» як силсила мақолаҳо чоп кард. Дар Хуҷанд, Ӯротеппа, Оқтеппа ва Шаҳристон низ бисёр маъхазҳои хаттиро баррасӣ намуд. Бартолд дар давоми 38 соли фаъолияти илмию таҳқиқотияш бештар аз 400 асар – монография, рисолаҳои илмӣ ва мақолаҳову хотираҳо навиштааст, ки аз ҷумлаи онҳо танҳо дар «Энсиклопедияи исломӣ» 246 мақола ба табъ расондааст.

Тамоми осори Бартолд дар 9 ҷилд китоби бузургҳаҷми пурмуҳтаво гирд оварда шудаанд. Солҳои 1895–98 дар китобхонаҳои Лондон, Париж, Берлин ва дигар шаҳрҳои Аврупо дастхатҳои бисёреро оид ба таърихи Шарқ омӯхта, ҳамроҳи туркшиноси машҳури рус В. В. Радлов чанд мақолаи илмӣ ба забони олмонӣ дар Берлин ба табъ расонд. Ӯ солҳои 1902, 1906, 1920, 1925 ба бисёр шаҳрҳои таърихии Осиёи Миёна омада, аз бойгонию китобхонаҳо ва ашхоси алоҳида маводди таърихӣ ҷамъ овард, солҳои 1905–14 ба Миср ва Туркия, инчунин аксари давлатҳои Аврупо сафар карда, бисёр дастхатҳоро дар бораи таърихи Осиёи Миёна омӯхт. Бо ташаббуси вай соли 1914 барои омӯхтани этнография ва лингвистикаи музофоти Бадахшон сафари илмӣ-таҳқиқотӣ ташкил карда шуд, ки ба ҳайати он Р. Готе, Хаников Н. В., Зарубин И. Н. дохил буданд. Аксари таълифоти Бартолд ба таърихи халқҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла тоҷикон бахшида шудаанд, ки дар таҳқиқи бостоншиносӣ, мардумшиносӣ, нумизматика (сиккашиносӣ), эпиграфикаи ин сарзамин арзиши баланди илмӣ доранд. «Очерки таърихи Ҳафтрӯд» (1898), «Туркистон дар давраи тохтутози муғулҳо» (қисмҳои 1–2, 1898–1900; ба забони англисӣ солҳои 1928, 1959 ва 1967 тарҷима ва нашр гардидаанд), «Тафсири таърихию географии Эрон» (1903), «Доир ба таърихи обёрии Туркистон» (1914), «Вазифаҳои шарқшиносии рус дар Туркистон» (1914), «Улуғбек ва давраи ӯ» (1918) аз ҷумлаи онҳоянд. Ӯ тамоми фаъолияти илмӣ ва умри бобаракати хешро сарфи омӯзиши таъриху маданияти халқҳои Осиёи Миёна намуда, таърихи Шарқро як қисми ҷудонашавандаи таърихи умумибашарӣ номида буд. Пас аз Инқилоби Октябр (1917) Бартолд ҳаёту фаъолияташро бештар ба рушди илми шарқшиносӣ ва тарбияи мутахассисон бахшид. Баъди тақсими ҳудуди миллии ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна (1924) асарҳои «Қирғизҳо» (1924) ва «Очерки таърихии туркманҳо»-ро (1929) навишт. Соли 1925 асараш «Тоҷикон» дар Маскав аз чоп баромад. Муҳимтарин нукта дар ин очерки таърихӣ аз он иборат аст, ки Бартолд мардуми қадимӣ ва таҳҷоии Осиёи Миёна будани тоҷиконро махсус зикр намудааст. Чунин ҷуръат дар шароити ҳамон давра аҳаммияти бузурги сиёсию иҷтимоӣ дошт, зеро мавҷудияти миллати тоҷикро пантуркистон инкор мекарданд. Бартолд дар таъсиси Университети давлатии Осиёи Миёна дар Тошканд фаъолона ширкат намуд. Худаш профессор он ва институтҳои шарқшиносии Маскаву Ленинград, дигар университети ва институтҳои ватанию хориҷӣ буд. Ҳамчун раиси доимии ҳайати мушовараи шарқшиносони Академияи Илмҳои ИҶШС, роҳбари шуъбаи тоҷикистонии Комиссияи омӯзиши этнографияи Осиёи Миёна, узви Шурои илмии экспедитсияи Помир дар инкишофи илми шарқшиносӣ ҳиссаи сазовор гузоштааст. Ҳамчунин хидматаш дар ташкили осорхонаву китобхонаҳои шарқшиносӣ, ҷамъоварии дастхатҳои шарқӣ низ бузург аст.

  • В. В. Бартольд. Соч. Т. 1– 9. М., 1963–77.

Адабиёт

вироиш
  • Акрамов Н. М. Выдающийся русский востоковед В. В. Бартольд. Научно биографический очерк. Д. 1963;
  • О роли В. В. Бартольда в становлении науки и высшего образования в Советском Туркестане. М., 1970.
  • Акрамов Н. М. Академик В. В. Бартолд. Д., 1976. С. Ғуломшоев.

Сарчашма

вироиш