Василий Владимиров
Владимиров Василий Сергеевич (9 январи 1923, деҳаи Дяглевои губернияи Петроградский, Русия ‒ 3 ноябри 2012, Одинсово, вилояти Маскав) — риёзидони рус, академики АИ ИҶШС (1970), АИ Русия (1991), Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1983), доктори илмҳои физика ва математика (1959).
русӣ: Василий Сергеевич Владимиров | |
Таърихи таваллуд | 9 январ 1923[1][2] |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 3 ноябр 2012[2] (89 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Фазои илмӣ | назарияи ададҳо[d], function theory[d], mathematical physics[d] ва theory of differential equations[d] |
Ҷойҳои кор | |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои физика ва метематика[d] |
Алма-матер | |
Роҳбари илмӣ | Боголюбов, Николай Николаевич |
Шогирдон | Igor Volovich[d] |
Ҷоизаҳо |
Зиндагинома
вироишХатмкардаи Университети Ленинград (1948). Иштирокчии ҶБВ. Аз соли 1948 дар Институти математикаи ба номи В. А. Стеклови АИ Русия кор кардааст. Василий Владимиров, асосан, дар соҳаи муодилаҳо ва моделҳои физикаи математикӣ, функсияҳои умумиятдодашуда, функсияҳои комплексии бисёртағйирёбанда, назарияи тауберии бисёрчена, назарияи ададҳо, усулҳои ададӣ, назарияи квантии майдон тахқиқот анҷом додааст. Ҳамроҳ бо Н. Н. Боголюбов (1958-71) бо таҳқиқоте марбут ба сарҳадди назарияи функсияҳои комплексии бисёртағйирёбанда ва назарияи функсияҳои умумиятдодашуда (ба истилоҳ «теорема дар бораи тезии фона») машғул буд. Теоремаи Боголюбов — Владимиров дар бораи ковариантнокии функсияҳои голоморфӣ, ки аксиомаҳои назарияи квантии майдонро қонеъ мекунад, машҳур аст. Теоремаи тауберии Харди-Литлвудро барои ҳолати бисёрчена умумият дода (1976), назарияи таубериро дар назарияи квантии аксиоматикӣ татбиқ кард.
Ҷоизаҳо
вироишДорандаи Мукофоти сталинӣ (1953), Мукофоти давлатии ИҶШС (1987). Бо 2 ордени Ленин (1975, 1983) ва дигар ордену медалҳо сарфароз гардидааст.
Осор
вироиш- Методы теории функций многих комплексных переменных. М., 1964;
- Обобщенные функции в математической физике. М., 1979;
- Уравнения математической физики. М., 1988.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Владимиров Василий Сергеевич // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
- ↑ 2.0 2.1 2.2 2.3 2.4 2.5 2.6 2.7 2.8 Архив по истории математики Мактьютор — 1994.
- ↑ https://doi.org/10.1070/RM2013v068n01ABEH004824 — С. 181.
- ↑ https://cs.msu.ru/persons/vladimirov-v-s
- ↑ Математическая генеалогия (ингл.) — 1997.
Адабиёт
вироиш- В. С. Владимиров. М., 1987.