Василий Грязев
Грозев Василий Петрович (4 март 1928, Тула[d], ИҶШС — 1 октябр 2008, Тула[d]) — конструктори аслиҳаи автоматии артиллерӣ ва тирандозӣ, доктори илмҳои техникӣ (1971), профессори Донишгоҳи давлатии Тула, узви Академияи муҳандисӣ ва Академияи илмҳои мушаксозию артиллерии Русия, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1984), муассиси мактаби илмӣ.
Таърихи таваллуд | 4 март 1928 |
---|---|
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 1 октябр 2008 (80 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Ҷойҳои кор | |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои техникӣ[d] |
Алма-матер | |
Ҷоизаҳо |
Зиндагинома
вироишБаъди хатми Институти механикии Тула (1951) дар соҳаи саноати техникаи мудофиавӣ кор кардааст. Асарҳои Г. ба тарҳрезӣ ва таҳқиқи аслиҳаи автоматии артиллерӣ ва тирандоз бахшида шудаанд. Ӯ ихтироъкор ва роҳбари лоиҳаи сохтани беш аз 30 намуди тӯпҳои автоматии зудпаррони (аз ҷумла, бисёрмилаи) ГШ (Грязев — Шипунов), дастгоҳҳои тирандози БМП-3, аслиҳаҳои тирандозӣ ва шикорӣ барои Қувваҳои Мусаллаҳи Шӯравӣ ва Русия (бо ҳамроҳии А. Г. Шипунов) буд.
Ҷоизаҳо
вироишДорандаи Мукофоти давлатии ИҶШС (1968, 1976), Мукофоти давлатии Федератсияи Русия (1998, 1999). Бо орденҳои Ленин, Инқилоби Октябр сарфароз гардидааст.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Грязев Василий Петрович // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.