Вағлел — деҳа дар ҷамоати деҳоти Лангардараи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин. Аз Вағлел то маркази ҷамоат 1 км, то маркази ноҳия 71 км. Аҳолиаш 360 нафар (2017), тоҷикон.

Деҳа
Вағлел
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Хатлон
Ноҳия Шамсиддин Шоҳин
Ҷамоат Деҳоти Лангардара
Таърих ва ҷуғрофиё
Минтақаи замонӣ UTC+05:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ 360 тан (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Пешшумораи телефон +992 3319

Иқтисод вироиш

Деҳа осиёби хусусӣ ва мактаби таҳсилоти умумии ибтидоӣ дорад. Хонандагон дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Лангар таҳсилро идома медиҳанд. Маънои калимаи «вағлел» боғу чаманзор буда, деҳаи мазкур бинобар хушобу ҳаво ва сердолударахт буданаш Вағлел номгузорӣ шудааст. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: боғдорӣ ва сабзавоткорӣ. Заминҳо аз дарёи Ниёб ва чашмаҳо обёрӣ мешаванд.

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш