Замон

(Тағйири масир аз Вақт)

Замон (форсӣ: زمان‎, аз паҳлавии zamān ё лафзи муштараки порсӣ ва тозӣ) — сифат, хусусият, шакли умумии ҳастии ҳолатҳои модда, ки имтидоди ҳастӣ ва пайдарҳамии иваз шудани низому раванди моддиро дар олам баён мекунад.

Замон
Нигора
Омӯхта мешавад дар philosophy of space and time[d], нисбияти ом ва sociology of time[d]
Намуди воҳид t ва τ
Андозаҳои аслӣ
Тавзеҳот дар сомонаи w3.org/2006/time(англ.)
Наққош Time, Venus and Love[d], The Triumph of Time[d] ва Truth[d]
 Парвандаҳо дар Викианбор

Замон худ ба худ, берун аз тағйироти моддӣ вуҷуд надорад, айнан ҳамон гуна, ки низом ва равандҳои моддии бидуни имтидод ва аз гузашта ба оянда тағйирнаёбанда имкони вуҷуд доштан надоранд. Замон рафти ҳаракат ва ҳолати ашё, ҳолату падидаҳои олам аз гузашта ба сӯи ҳоли ҳозир ва аз ҳоли ҳозир ба ояндаро тасвир мекунад. Масъалаи замон яке аз масъалаҳои муҳимми фалсафаи ҳастишиносӣ ва шинохтшиносӣ буда, аз даврони бостон инҷониб дар маркази диққати мутафаккирони олам қарор дорад. Он ҳоло ҳам илҳомбахши дидгоҳҳои фалсафаи таҳлилӣ мебошад. Дидгоҳи таҳлилии замон дар заминаи пурсишҳое қарор гирифтааст, ба мисли: «Оё макону замон ба таври мустақил вуҷуд доранд?», «Чӣ чизе мӯҷиби яксӯӣ ва барнагардандагии замон шудааст?», «Оё замонҳои дигаре ба ҷуз замон дар шуури мо вуҷуд доранд?», «замон бозгашт дорад ё он такрор мешавад?» Агар не, пас «бозгашти абадӣ»-и Нитсше чист? «Оё давраҳои бузурги таърихӣ такрор мешаванд?» ва ғ.

Дар фалсафаи эрониёни бостон

вироиш

Дар андешаи устуравию фалсафии эрониёни бостонӣ замон нахустин мавҷуди абадиву азалӣ буда, зурвон (ё зарвон) ном дорад. Дар Зурвония ва Занд Авесто замон чун «Ҳастии мутлақ» ва зояндаи ду қувваи ба ҳам зидди некиву бадӣ — Аҳуромаздо ва Аҳриман мебошад. Ин «Зарвана акарана» буд, ки ба сабаби бекарониаш аз вуҷуди худ огоҳӣ надошт ва барои пайдо кардани чунин огоҳӣ замони каронапазирро падид овард, яъне ба хотири замони оянда худро қурбон ва он ду (некиву бадӣ)-ро падид овард. Айнан чунонки дар фалсафаи ислом аст: Худо одамро меофарад, то ба воситаи он худашро бишиносад. Аз нигоҳи фалсафӣ марги пир ва таваллуди нав намунаи қонуни бақо ва табдили неру аст: чизе дар ҷое бояд аз байн равад, то чизи тозае дар ҷои дигар ба дунё ояд. Дар дини зардуштӣ замон аз се фосилаи бузурги астрономиву таърихӣ иборат аст: офариниш, омезиш ва раҳоиш (гузашта, ҳозира ва оянда). Замони абадӣ дар давраи Раҳоиш баъди пирӯзии некӣ бар бадӣ устувор мешавад. Ин пирӯзӣ бе фоил, бидуни мудрики таърих, яъне инсон, инсони офаранда, эҷодкор ва пешво ба даст намеояд ва паямбарии Зардушт ба ҳамин мақсад буд.

Мутобиқи таълимоти Ведаҳо замон кайҳонест, ки чархаҳое пайваста аз офариниш, нобудӣ ва навзоиро аз сар мегузаронад. Ҳар чархи ин таърих аз 6 320 000 сол иборат мебошад. Мисриҳои бостон дар такя бар оини худ мегуфтанд: «Хостаро аз даст мадеҳ, ки он замон аст ва аз даст додани замон барои рӯҳ нафрин меорад». Афлотун дар китоби «Тимей» замонро муддати ҳаракати ҷисмҳои осмонӣ ва маконро ба унвони ҷое, ки чизҳо ба ҳастӣ дармеоянд, таъриф кардааст. Афлотун ҳам замонро ҳамқадами ҷаҳон азаливу абадӣ ҳамчун Худо мепиндорад, ки баробар бо ҷаҳон халқ шуда, бо фанои ҷаҳон фонӣ хоҳад шуд. Дар таълимоти Арасту замон яке аз мақулоти ашара аст. Ӯ дар китоби чаҳоруми «Табииёт» замонро ба унвони дигаргуниҳои дар мудрак бавуҷудомада нисбат ба ҳолатҳое медонад, ки дар он пештар вуҷуд доштанд. Ба назари Арасту замон миқёси ҳаракат аст, натиҷаи ҳаракати доиравори фалаки осмон, ҳаракатест, ки аз берун ба он ворид шудааст ва вуҷуди Офаридгорро собит мекунад. Арасту мегӯяд: «Агар ҳаракат намебуд, замон ҳам намебуд» ва низ мегӯяд: «Ақл миқёси замон аст, зеро агар инсон, ки эҳсоси замон мекунад, намебуд, пас замон низ намебуд». Ду таълимот дар бораи замон аз Арасту оғоз шудааст: таълимоти бунёдӣ (ӯ замонро чун мавҷуди мустақил шарҳ медиҳад) ва таълимоти нисбӣ, ки тибқи он замон дорои вуҷуди мустақил набуда, балки аслан низоми муносибатҳоест, ки алоқамандии байни мавҷудотро ташкил медиҳаду бас. Барои Арасту мақулаи замон чун равиш ва миқдори ҳаракат буда, пайдарҳамии падидаҳову ҳолатҳои воқеиву зеҳниро тасвир мекунад ва бо усули инкишоф алоқамандии ногусастанӣ дорад.

Дар фалсафаи асрҳои миёна

вироиш

Дар фалсафаи асрҳои миёнаи форс-тоҷик ба чанд назарияи замон пайравӣ шудааст. Ба андешаи Абубакри Розӣ, аз панҷ гавҳари қадим якеи онҳо замон мебошад. Ӯ чун Афлотун онро мутлақ меангорад ва оламро аз зарраҳои хурди тақсимнашавандае иборат медонад, ки дар фазои холӣ ба таври абадӣ ҳаракат мекунанд. Файласуфони машшо (Форобӣ, Ибни Сино) ва исмоилиён (Носири Хусрав) андешаи арастуии нисбияти замонро инкишоф додаанд. Ибни Сино се намуди замонро мешиносад: сармад (азал), даҳр (абад) ва вақт. Машшоиён замонро миқдори ҳаракат ангошта, мавҷуде фавқулвуҷуд ва устувор ба ҳаракат медонанд ва ҳаракате мепиндоранд, ки дарбаргирандаи замон аст. Ҳаракат бидуни замон ва замон бидуни ҳаракат вуҷуд дошта наметавонанд. Барои файласуфони мутакаллим замон дар миёни мавҷудоти олам ва зоти Худованд фосилаест. Абулбаракот мегӯяд, ки замон миқдори вуҷуд аст, балки нафси вуҷуд аст. Замонро миқдори ҳаракати фалакулафлок ё фалаки аъзам, иборат аз оноти мутатолия (лаҳзаҳои паёпай) низ гуфтаанд.

Дар фалсафаи давраи нави Аврупо ва замони муосир замон чун мафҳум ё мақулаи муҳимми фалсафӣ, шаклҳои куллии ҳастӣ ё моддаро тасвир мекунад. Декарт андешаи нютонии замони «холӣ»-ро рад карда, фарзияе пешниҳод намуд, ки замон ҳама вақт аз чизҳову ашё, аз равобити ҳамагонии он «пур» мебошанд (яъне замон ба мисли зарфи холӣ нест, ки чизҳо дар он ҷой бигиранд). Дар фалсафаи баъдинаи Аврупо замонро бофтаи зеҳну тафаккури инсон шинохтанд (Кант, Бэркли), ба ин далел, ки ҳамаи чизҳо дар замон дида мешаванд, аммо худи замон ба таври хос дида намешавад, пас ин зеҳн аст, ки онро месозад ва замимаи таъсироти хориҷӣ мекунад. Бергсон мефармояд, ки ба замон метавон аз ду ҷониб назар кард: яке аз нигоҳи каммиятӣ (татбиқи он бо миқдори ҳодисот) ва дигаре — кайфиятӣ (татбиқи он дар идрок). Мисоли аввал — мушоҳидаи мо аз ҳаракати Офтоб дар фазои осмон аз вуруд то фурӯғи он, яъне ҳаракат дар масири фазо. Вале чун чашм бипӯшему тамоми ин манзараро аз хотир бароварда, ба даруни нафси худ руҷӯъ бикунем, он чи идрок мекунем, он ҳақиқат ва маънои замон аст. Ба ибораи дигар, он худогоҳӣ аст, ки худ кайфият аст. Ҳайдеггер ба нуктаи муҳимме бармегардад, ки Арасту ба он ишора карда буд. Барои Ҳайдеггер ҳастӣ ва замон бе вуҷуди инсон маъно надоранд: «Моҳияти оламро аз рӯи кадом шакли ҳастӣ метавон шинохт, кадом вуҷуд метавонад, ки нуқтаи шурӯъ барои боз кардани ҳастӣ бошад?» Ба ақидаи Ҳайдеггер чунин шакли ҳастӣ инсон аст, зеро маҳз бо ҳастии ӯ ва ба воситаи ҳастии худи ӯ ҳастии олам (ва замон) барои ӯ боз мешавад. Вале ба ақидаи ӯ инсон дигар ҳайвони нотиқ (Арасту) ё монада (Лейбнитс) нест, чуноне ки аз давраи Афлотун то Бергсон тасаввур мешуд, балки инсон ҳастии алоҳида дар дунё ва шакли муваққатии ин ҳастиву дунёст ва замон дар инсон аст. Инсон аст, ки кошифи ҳастист. Мавҷудоти дигар ин қудратро надоранд, инсон дар ҳастӣ ва замон дохил аст. Одамон мегӯянд, ки «соатҳои биологӣ» ё биоритмҳо вуҷуд доранд. Ба мисли ин олами беруна дар олами ботинии инсон ҳамчун дар оина инъикос меёбад. Инсон ҳамвора «нақшаи худ»-ро дар бораи замон бо модусҳои гузашта, ҳозира ва оянда дорад. Худро на дар гузашта, балки дар ҳавои замони ояндаи фарорасанда дидан моҳияти фалсафаи вуҷудиро ташкил медиҳад. Ин нукта андешаи «Зарвана акарана»-ро дар бораи замони оянда ба хотир меорад. Дар ин фалсафа дигар барои замони абадӣ ҷой нест. Афсонаи марғуб дар бораи ҳастӣ ва замони абадӣ ба охир мерасад. Тафаккур аз шакли устуравии худ ба воқеият бармегардад, инсон замонро дар худ кашф мекунад. Дар фалсафаи муосир замонро аз ашёву падидаҳои олам ҷудо тасаввур намекунанд: замон (вақт) чун мухтассот (координат)-и чандбуъдии занҷира (континуум)-и ҳастӣ тасаввур мешавад.

Ҳоло замон дар баробари се ченаки маконӣ (дарозӣ (арз), бар (тӯл), баландӣ (умқ)) чун меъёри чоруми олам арзёбӣ мешавад. Аз ченаки замон чун арзиши куллӣ ҳамаи илмҳову динҳо ва сиёсатҳо истифода кардаанд. Дар илму фалсафаи муосир чанд дидгоҳи гуногун дар мавриди замон вуҷуд дорад: 1. Замон қисме аз сохторҳои асосии ҷаҳон аст ё буъдест, ки дар он иттифоқот яке паси дигаре рух медиҳанд. Тибқи ин назар замон қобили андозагирӣ (дорои ҳаҷм ва миқдор) аст. Ин дидгоҳро дидгоҳи воқеъгароёна меноманд, ки онро Исаак Нютон баён намудааст ва он бо номи «замони нютонӣ» низ машҳур аст. Ин дидгоҳ замонро мутлақ, мустақил, ҷун ҷавҳари собит тасавур мекунад, ки воқеият дар он сурат мегирад. Яъне, замон дар ин олам дорои ҳувийяти мустақил аст. Дар муқобили ин назар дидгоҳи дигаре вуҷуд дорад, ки тибқи он замон танҳо бахше аз сохторҳои зеҳнии инсон аст (дар баробари Фазо ва Адад). Чунонки мо дар зеҳну тафаккури худ силсилаи рӯйдодҳоро думболи ҳам мегузорем ва дар зеҳн барои тӯли замон нишондиҳандаҳои миқдорӣ, аз қабили сония, дақиқа ва соатро ихтисос медиҳем. Дидгоҳ ё таърифи дуввуми замон вуҷуди ҳеч як ҳувияти мустақиле барои замонро ишора намекунад, то ки замон дар он иттифоқ афтад. Ин назар ҳосили фикри Г. Лейбнитс ва И. Кант мебошад, ки замонро қобили андозагирӣ намедонанд. Тибқи он замон на падида ва на чиз аст ва худ андозабандӣ намешавад. Ба андешаи Кант, тамоми андозаҳо дар низоми зеҳнӣ ё шуури башарият рух медиҳад ва мо тасаввурот дар бораи замонро на аз воқеияти атроф, балки ба шакли тайёр аз олами фаросӯӣ (трансендентӣ; ба ибораи дигар, аз хотираи башар) мегирем ва истифода мекунем. Дар баробари ин, боз таърифи севвуми замон вуҷуд дорад, ки тибқи он замон суръати таҳлили зеҳни мост.

Дар асри 20 назарияи нисбияти Эйнштейн пешниҳод шуд, ки табиати нисбӣ доштани замонро собит мекунад ва ин назария дар байни олимони табиатшинос маҳбубияти зиёд дорад. Тибқи ин назария замон мутлақ набуда, балки ба низоми андозаҳо ва суръати ҳаракат вобаста аст ва он дар муҳитҳои мухталиф ба таври гуногун сурат мегирад. Барои мисол, агар як кайҳоннавард бо як соат дар даст ба кайҳон бо суръати нур парвоз кунад, сарнишинони киштӣ суръати замонро дар киштӣ эҳсос нахоҳанд кард. Мушоҳадаи замон барои шахси дар дохили киштии равон ва барои шахси берун аз он гуногун аст.

Дар илми физик

вироиш

Дар илми физика ба таври куллӣ замон ба унвони каммияти бунёдӣ ба шумор мераванд ва имкони баёни таърифе дигар барои онҳо дар қолаби дигари каммиятҳо ё дар доираи низоми дигар мафҳумҳо вуҷуд надорад. Ин ба он сабаб аст, ки каммиятҳое ҳамчун суръат ва неру ҳамагӣ ба василаи ин ду каммият (замон ва макон) таърифу тавсиф шудаанд. Замон чун яке аз ҳафт меъёри бунёдии физика дар низоми байналмилалии воҳидҳо ва низоми байналмилалии нишондиҳандаҳои миқдорӣ мавқеи муҳим дорад. Замон яке аз муҳимтарин ангезаҳои соҳаҳои киштиронӣ, ситорашиносӣ ва астронавтика шинохта шудааст. Довуд ибни Маҳмуди Қайсарӣ дар рисолаи «Муаммои замон» менависад: «Замон на оғозе дораду на анҷоме. Замон қобили тақсим нест ва чизеро, ки мо бахш мекунем, танҳо дар пиндори мост».

Назарияи равоншиносии замон бар он аст, ки гузаштани вақту замон ба силсила ва сохтори нейронҳои инсон ё кори силюлҳои асабӣ низ вобаста аст. Вобаста ба онҳо мо метавонем гузаштани сонияҳоро ба шиддат ҳис кунем ё на, ки дар натиҷаи чунин «интизорӣ» замон барои як одам тез, вале барои одами дигар дер ё ба кундӣ мегузарад. Замон арзиши муҳимми иҷтимоӣ низ касб кардааст. Тибқи баъзе назарот замон аз пулу тило арзишмандтар аст, зеро пулу тилои аздастрафтаро метавон боз ба даст овард, вале замони аздастрафтаро наметавон баргардонд.

Дар фарҳангҳои мухталиф

вироиш

Замон дар фарҳангҳои гуногун ба таври мухталиф арзёбӣ мешавад. Мардумони Папуа Гвинеяи Нав, вақте ки дар бораи замони гузашта сухан меравад, бо забони ишора ба рӯде, ки ба уқёнус ҷорӣ мешавад, ишора мекунанд, яъне вақт рафт ва меравад. Ва агар дар бораи замони оянда сухан равад, рӯяшонро ба сӯи куллаҳои баланди кӯҳу теппа мегардонанд.

Дар осори хаттӣ замон ба маъноҳои марг, фавт, мавт, аҷал, аҳд, муҳлат, фурсат, давр, замона, даҳр, аср, айём, соат, вақт, умр, ҳастӣ, зиндагонӣ низ омадааст. Ҳар гоҳ ки замон дар муқобала бо «замин» воқеъ шавад, ба маънои «осмон» аст:

Манам шаҳрёри замону замин,
Бувад бандаи ман осмону замин.

Фирдавсӣ

Бар он офарин, к-офарин офарид,
Макону замону замин офарид.

Фирдавсӣ

Нигаред низ

вироиш

Адабиёт

вироиш
  • Reichenback Hans. The Philosophy of Space and Time. New York, 1957;
  • Философский энциклопедический словарь. М., 1989; Новейший философский словарь. М., 1998;
  • Авасто. Д., 2001;
  • Rynasiewicz Robert. Newton’s Views on Space, Time, and Motion. Stanford University. California, 2012
  • دهخدا علی اکبر. لغتنامه. جلد ١٣. تهران، ١٣٧٨ ش؛
  • فرهنگ فارسی به پهلوی. تهران، ١٣٨١ ش.؛
  • .مهرداد بهار. پژوهشی در اساطیر ایران. تهران، ١٣٩١ ش