Ваҳдат Ҳаннонов

футболбози тоҷик

Ваҳдат Ҳаннонов (Ваҳдат Ҳаннонов; тав. 25 июли соли 2000, шаҳри Ҳисор, Тоҷикистон) — футболбози тоҷик, мудофеъи бошгоҳи «Перспулис»-и Эрон, мунтахаби миллии Тоҷикистон. Беҳтарин ҳимоятгари Лигаи Олии Тоҷикистон дар соли 2021.[1]

Футбол
Ваҳдат Ҳаннонов
Иттилооти умумӣ
Номи пурра Ҳаннонов Ваҳдат Азаматович
Таваллуд 25 июл 2000(2000-07-25) (23 сол)
шаҳри Ҳисор, Тоҷикистон
Шаҳрвандӣ Парчами Тоҷикистон Тоҷикистон
Қад 183 см
Мавқеъ мудофеъи марказӣ
Иттилоот дар бораи бошгоҳ
Бошгоҳ Парчами Эрон Перспулис
Маснад
Маснади бошгоҳӣ*
2017—2018 Парчами Тоҷикистон Барқчӣ - (-)
2019 Парчами Тоҷикистон КМВА «Помир» 15 (1)
2020—2021 Парчами Тоҷикистон Истиқлол 31 (5)
2021—то ҳол Парчами Эрон Перспулис 18 (1)
Мунтахаби миллӣ**
2016–2017 Парчами Тоҷикистон Тоҷикистон (то 16 сола) 3 (2)
2017–2018 Парчами Тоҷикистон Тоҷикистон (то 19 сола) - (-)
2018–то ҳол Парчами Тоҷикистон Тоҷикистон 14 (0)
2021–то ҳол Парчами Тоҷикистон Тоҷикистон (олимп.) 3 (2)

* Миқдори бозӣ ва гол барои бошгоҳи ҳирфаӣ фақат барои лигаҳои мухталифи миллӣ ба назар гирифта мешавад.

** Миқдори бозӣ ва гол барои мунтахаби миллӣ дар бозиҳои расмӣ.

Зиндагинома вироиш

Даврони бошгоҳӣ вироиш

«Барқчӣ» вироиш

Санаи 6-уми майи соли 2018, дар дидори мавқуфмондаи даври 2-юми Лигаи Олӣ Ваҳдат Ҳаннонов ба дарвозаи «Истиқлол» дар дақиқаи 64-уми бозӣ гол зада, ҳисоби бозиро (2:1) мекунад. Мутаассифона ин гол наметавонад, тими «Барқчӣ»-ро аз мағлубият раҳонад. [2]

Таърихи 18-уми май, дар даври 9-уми Лигаи Олӣ ягона голи бозии «Барқӣ» - «Хатлон»-ро дар дақиқаи 72-юм зада (1:0), аввалин пирӯзии тими худро дар мавсими 2018 таъмин менамояд. [3]

КМВА «Помир» вироиш

Ҳаннонов 9-уми майи соли 2019 дар ҳайати КМВА «Помир» ба майдон баромада голи ягонаи дастаашро (1:4) ба дарвозаи «Истиқлол» зад.[4]

«Перспулис» вироиш

Таърихи 7-уми ноябри соли 2021, Ваҳдат Ҳаннонов бо ҳамроҳии Манучеҳр Сафаров аз дастаи «Истиқлол» ба бошгоҳи «Перспулис» гузашта, то 30-юми июни соли 2024 шартнома бастанд. [5] Рӯзи 17-уми январи соли 2022 Ҳанонов бозии нахусти худро бо пероҳани ин тим муқобили «Зуб Оҳан»-и Исфаҳон бо ғалабаи дастааш (3:0) баргузор намуд. [6]

Мунтахаби миллӣ вироиш

Ваҳдат бозии аввалини худро дар мунтахаби кишвар 16-уми декабри 2018 зидди мунтахаби Уммон анҷом дод.[7]

Нигаред вироиш

Пайвандҳо вироиш

Пайвандҳои беруна вироиш

Эзоҳ вироиш