Ваҳдат (деҳа, н. Кӯшониён)

Ваҳдат (то 29 марти 2012 Қизилкӯч) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳияи Кӯшониён. Аз Ваҳдат то маркази ҷамоат 3 км, то маркази ноҳия 2 км; роҳ автомобилгард. Аҳолиаш 1531 нафар (2017)[1], тоҷикон.

Деҳа
Ваҳдат
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Хатлон
Ноҳия Кӯшониён
Ҷамоат Деҳоти Навбаҳор
Таърих ва ҷуғрофиё
Номҳои пешина Қизилкӯч
Аҳолӣ
Аҳолӣ 1531 тан (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон +992 3245
Нишонаи почта 735140

Иқтисод

вироиш

Мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, бунгоҳи тиббӣ ва нуқтаи савдои хусусӣ дорадарёи Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: боғдорӣ, пахтакорӣ сабзавоткорӣ ва чорводорӣ. Заминҳо аз наҳри Қизилкӯч обёрӣ мешаванд[2].

  1. Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2
  2. Ваҳдат // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — С. 555. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.