Ваҳдат (деҳа, н. Шоҳин)
Ваҳдат (пештара Лов) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Даштиҷуми ноҳияи Шамсиддин Шоҳин. Аз Ваҳдат то маркази ҷамоат 8 км, то маркази ноҳия 46 км. Аҳолиаш 58 нафар (2017), тоҷикон.
Деҳа | |
Кишвар | Тоҷикистон |
---|---|
Вилоят | Хатлон |
Ноҳия | Шамсиддин Шоҳин |
Ҷамоат | Деҳоти Даштиҷум |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 58 тан (2017) |
Миллият | тоҷикон |
Эътиқодот | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Пешшумораи телефон | +992 3319 |
Иқтисод
вироишДеҳа мактаб надорад. Талабагон дар мактаби таҳсилоти умумии асосии деҳаи Рӯйкаш таҳсил мекунанд. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: ғаллакорӣ ва чорводорӣ. Заминҳояш лалмӣ. Мардуми Ваҳдат солҳои 1955–56 ҳамагӣ ба ноҳияи Фархор муҳоҷир шуда, деҳа беодам мондааст. Соли 1991 аҳолиаш қисман баргашта, деҳаро барқарор кардаанд[1].
Эзоҳ
вироиш- ↑ Ваҳдат // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
Сарчашма
вироиш- Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2