Ваҳдат (деҳа, н. Рашт)

(Тағйири масир аз Ваҳдат (собиқ Даҳани Ғумуш))

Ваҳдат (собиқ Даҳани Ғумуш) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Оби Меҳнати ноҳияи Рашт. Аз Ваҳдат то маркази ноҳия 25 км. Аҳолиаш 327 нафар (2017), тоҷикон.

Деҳа
Ваҳдат
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят НТҶ
Ноҳия Рашт
Ҷамоат Деҳоти Оби Меҳнат
Таърих ва ҷуғрофиё
Номҳои пешина Даҳани Ғумуш
Аҳолӣ
Аҳолӣ 327 тан (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Пешшумораи телефон +992 3131

Иқтисод

вироиш

Мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, маркази саломатӣ, 2 нуқтаи савдои хусусӣ, чойхонафароғатгоҳ, 2 осиёби хусусӣ ва масҷиди панҷвақта дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: ғаллакорӣ, сабзавоткорӣ ва чорводорӣ. Заминҳо аз чашмаи Обдара обёрӣ мешаванд.

Таърих

вироиш

Ваҳдат солҳои 1930 ташкил шудааст. Аҳолиаш солҳои 1949–50 ба ноҳияи Ёвон, Қубодиён, Шаҳритуз ва Турсунзода кӯчида, деҳа беодам мондааст. Солҳои 1979–80 мардумаш қисман баргашта, деҳаро обод ва дар ҳайати совхози «Даҳана» кор кардаанд. Ҳоло дар Ваҳдат 11 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ ва хоҷагии деҳқонии «Аҳмад» мавҷуд аст[1].

  1. Ваҳдат // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.

Сарчашма

вироиш