Ваҳдат (деҳа, н. Абдураҳмони Ҷомӣ)
(Тағйири масир аз Ваҳдат (собиқ Коммунист))
Ваҳдат (то 15 июни 2012 Коммунист) — деҳа дар ҷамоати деҳоти 50-солагии Тоҷикистони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ.
Деҳа | |
Кишвар | Тоҷикистон |
---|---|
Вилоят | Хатлон |
Ноҳия | Абдураҳмони Ҷомӣ |
Ҷамоат | Деҳоти 50-солагии Тоҷикистон |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Номҳои пешина | Коммунист |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 2647 тан (2017) |
Миллият | тоҷикон, ӯзбакҳо |
Эътиқодот | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Пешшумораи телефон | +992 3243 |
Ҷуғрофиё
вироишАз Ваҳдат то маркази ҷамоат 6 км, то маркази ноҳия 7 км ва то маркази вилоят 40 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 2647 нафар (2017), тоҷикон. Мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, бунгоҳи тиббӣ, нуқтаи савдои хусусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: боғдорӣ, пахтакорӣ, чорводорӣ ва сабзавоткорӣ. Заминҳо аз дарёи Хоҷақалъа обёрӣ мешаванд[1].
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Феҳристи номи маҳалҳои Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2013. — 332 с. — ISBN 978-99947-33-54-5