Ваҳдат (шаҳрак, н. Лахш)

(Тағйири масир аз Ваҳдат (собиқ Ҷиргатол))

Ваҳдат (то соли 2008Ҷиргатол) — шаҳрак, маркази маъмурии ноҳия ва ҷамоати шаҳраки ноҳияи Лахш.

Шаҳрак
Ваҳдат
39°13′20″ с. ш. 71°11′32″ в. д.HGЯO
Кишвар  Тоҷикистон
минтақа Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ
ноҳия Лахш
Таърих ва ҷуғрофиё
Аҳолӣ
Аҳолӣ 5 100[1] тан (2022)
Миллият тоҷикон, қирғизҳо
Эътиқодот мусулмонон
Ваҳдат дар харитаи
Ваҳдат
Ваҳдат

Ҷуғрофия

вироиш

Дар соҳили поёноби дарёи Кабудоб (ҳавзаи дарёи Сурхоби Вахш) воқеъ гаштааст. Аз Ваҳдат то шаҳри Душанбе 284 км; роҳ мум­пӯш[2].

Аҳолӣ

вироиш
сол 2010 2014 2015 2019 2020
шумора
(ҳаз. нафар)
5,6 5,8 5,9 6,3 6,4

Маориф, фарҳанг ва иҷтимоиёт

вироиш

Ваҳдат мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, омӯзишгоҳи касб­ҳои техникӣ, омӯзиш­го­ҳи тиббӣ, мактаб-интернат, омӯ­зиш­гоҳи омӯз­горӣ, шуъбаи маориф, 2 мактаби вар­зи­шӣ, ҳавзи шиноварӣ, варзишгоҳ барои 5 ҳазор нафар, ки­тоб­хона, 3 муассисаи фарҳангию фароғатӣ, осор­­хона, кӯ­да­ки­стон, 4 суратгирхона, нуқта­ҳои хидмати маишӣ, маркази савдо, 15 нуқтаи савдои хусусӣ, ошхона, чойхона, шуъбаи алоқа, беморхонаи марказӣ, 5 дорухона, маркази салома­тӣ, аэропорт, автовокзал дорад. Дар Ваҳдат идораи хо­ҷа­гии ҷангал, ҷамъияти матлубот, идораи роҳсозӣ, идораи байторӣ, пой­гоҳи нақлиёт, ситоди ҳолатҳои фав­қулода, идо­раи кишоварзӣ, комиссариати ҳарбӣ, шуъ­баи корҳои дохилӣ, идораи суди ноҳия, прокуратура, муассисаи сер­соҳаи хо­ҷагии манзилӣ-коммуналӣ, идораи нозироти андоз, шуъ­баи омор, сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ (САҲШ), идораи матбаа, коргоҳи табъу нашри «Файзи олам», мас­ҷиди ҷомеи марказии ноҳияи Лахш, анбори Агентии захираҳои давлатӣ, қисми низомии 2120, пойго­ҳи зил­зиласанҷии Институти зилзила­санҷии АИ Ҷумҳурии То­ҷи­кистон ҷойгир шудааст.

Кишоварзӣ

вироиш

Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: боғ­дорӣ ва картошкапарварӣ. Заминҳо аз оби дарёи Пиёзӣ обёрӣ мешаванд.

Ҳамчунин нигаред

вироиш
  1. Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. ШУМОРАИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТО 1 ЯНВАРИ СОЛИ 2022. 23 ноябри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 10 октябри 2022.
  2. ЭМТ, Ҷ. 3. БОЗ-ВИЧКУТ – Душанбе: СИЭМТ, 2014, — с.554