Вахш

дарё дар Осиёи Марказӣ

Дарёи Вахш (форсӣ: وخش‎) — рӯдест дар Осиёи Марказӣ, ки дар Қирғизистону Тоҷикистон равон аст ва бо рӯди Панҷ пайваста дар Омударё мерезад.

Вахш
тоҷ. Вахш;, форс. وخش
Ҷараёни об
Сарчашма дарёҳои якҷоя: Қизилсу ва Муқсу
  Баландӣ 1834 м
  Координатаҳо 39°16′04″ с. ш. 71°22′30″ в. д.HGЯO
Резишгоҳ  
  Координатаҳо 37°06′39″ с. ш. 68°18′53″ в. д.HGЯO
Мавқеъ
Минтақаҳо Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, Вилояти Хатлон
Вахш (Тоҷикистон)
болооб
резишгоҳ
Вахш
дар Викианбор

Решашиносии ном

вироиш

Вожаи «Вахш» бархоста аз вожаи «vaxšu-» дар эронии бостон аст ва маънояш «боланда, фазоянда» аст. Ҳамин номро юнониён «Ὄξος» навиштанд ва румиён онро лотинӣ карданду «Oxus» нигоштанд. Ин вожа дар номи рӯдҳои Вахшу Вахон (ва эҳтимолан дар номҳои Вахиё ва Ахшу ё Кӯлобдарё, ки туркона Оқсуяш хонем) боз мондааст.

Вахш дар даврони бостон сарчашмаи аслии Омударё шумурда мешуда аз ин рӯд номи бостонияш бар ин рӯд боз мондааст.

Хусусиятҳо

вироиш

Дарёи Вахш (Рӯди Вахш)— яке аз калонтарин шохобҳои Омударё буда, аз қисми шарқии қаторкӯҳи Олой дар масофаи 524км ҷорӣ мешавад. Ҳавзаи дарёи Вахш 39100км² мебошад. Шохобҳои калонтарини он аз каторкӯҳҳои Паси Олой сар шуда, дар саробаш номи Карсуро мегирад. Вай дар поёнтар бо номи Кизилсӯ маълум аст. Кизилсӯ аз тафи чап шохобҳои гуногун дошта, аз водии Олой мегузарад ва ҳудуди Тоҷикистонро ба дигар шохоб ба Муғсӯ ҳамроҳ мешавад. Муғсӯ аз ҳудуди шимоли шарқии Помир сарчашма гирифта, дар сароби худ Баландкиик номида мешавад. Муғсӯ бо Кизилсӯ як шуда Сурхобро ташкил медиханд. Дар қисмати шарқӣ ба Сурхоб дарёи Хингоб якчоя шуда,ба худ номи Вахшро мегирад. Дарёи Вахш дар байни дигар дарёҳои ҷумҳурӣ хусусиятҳои махсус дорад. Давраи сероби моҳҳои июн-июл мебошад. Оби он ҳамеша каму зиёд мешавад. Дар як сония 836м мукааб об ҷорӣ мешавад, ки ин ба 20,4%-и сарфи солона баробар аст. Давраи камобии он ба моҳҳои декабр, январ, феврал ва март рост меояд. Дарёи Вахш яке аз дарёҳои аҳамиятноктарини Тоҷикистон буда, барои обёрии заминҳои пахтакор ва дигар зироатҳои водии Вахш мавриди истифодаи васеъ қарор мегирад. Аз лиҳози иқтисодӣ дарёи Вахш барои рушди қувваҳои истеҳсолкунандаи Тоҷикистон мавқеи бузург дорад.

Дарозои ин рӯд 786 км, паҳнои ҳавзаи обхезаш 39 100 км², миёнгини гузашти обаш 156 м³/с аст. Оби ин рӯд барои обёрӣ дар пахтазорҳо ба кор меравад. Аз дараи рӯди Вахш шоҳроҳи ДушанбеЧанак мегузарад.

Захираи нерӯи барқӣ ва обёрӣ

вироиш
 
Дарёи Вахш

Дарёи Вахш захираи нерӯи барқӣ хеле бузург аст. Ин дарё бо якҷоягӣ бо дарёи Панҷ зиёда аз 75%-и захираи нерӯи барқӣ ҷумҳуриро ҷамъ намудааст.

Мавҷудияти релеф, маҳаллу иқлими хоси минтақа яке аз сабаби асосии серобию тезобии дарёи Вахш гардидааст. Чунин шароит имкон фароҳам овардааст, ки аз 1 км маҷрои Вахш (Нерӯгоҳҳои барқии обии Вахш) тақрибан 13000 киловатт нерӯи барқ ҳосил карда шавад[1] Дарёи Вахш яке аз муҳимтарин дарёи обёрикунандаи Осиёи Миёна аст ва афзалияти он зиёд мебошад.

Шаҳрҳои вилояти Хатлони Тоҷикистон - Норак, Сарбанд ва Қӯрғонтеппа дар канораи дарёи Вахш ҷойгир шудаанд ва аз захираҳои оби дарё барои нӯшокӣ ва обёрии заминҳо истифода мебаранд. Дар резишгоҳи дарёи Вахш ба Панҷ мамнуъгоҳи давлатии «Бешаи палангон» ҷойгир аст, ки барои набототу ҳайвоноти он, оби дарё манбаӣ зист аст.

Пайнавиштҳо

вироиш
  1. Силсиланеругоҳҳои барқи обӣ дар дарёи Вахш

Инҷоро ҳам бингаред

вироиш
Викианбор маводҳои вобаста ба мавзӯи
Вахш дорад