Ваҳй
Ваҳй (ар. وحي — ҳар чизе, ки ба дигаре илқо шавад; сухани пинҳону пӯшида, роз; ишора) — истилоҳи бунёдии ҳар гуна дин, ки ҳидояти худовандӣ ва иртиботи илоҳӣ бо инсон ва дигар махлуқотро ифода мекунад.
Олитарин дараҷаи ваҳй дастуроте дониста мешаванд, ки Худованд бар асоси ниёзи навъи башар ба паёмбаронаш мефиристод, то онҳоро аз қонун ва муқаррароти дин огоҳ намояд. Сурати моддии ваҳй китобҳои муқаддаси динӣ мебошанд ва пайравони динҳо мутобиқи талаботи дини худ онҳоро китобҳои осмонӣ меноманд (монанди «Ведаҳо», «Трипитака», Авесто, «Аҳди қадим», «Аҳди ҷадид», Қуръони маҷид).
Дар ислом
вироишДар Қуръон лафзи ваҳй бо тобишҳои гуногуни маъноӣ барои инсон, фариштагон ва баъзе мавҷудоти дигари зинда ба кор рафтааст. Лафзи ваҳй ба маънои илқои васвасаи шайтонӣ (6: 121) низ омадааст.
Аз нигоҳи дини ислом ваҳй аз хавосси нубувват ва хориҷ аз қаламрави ҳиссу таҷрибаи афроди муқаррарӣ ба шумор рафта, бар ду гуна аст: каломи илоҳӣ ва ҳадиси набавӣ. Паёмбарон аз ҳавои нафси худ сухан намекарданд, балки сухани эшон аз ваҳй аст (Қуръон: 53: 3-4). Худованд танҳо ба се сурат бо паёмбарони Худ сухан гуфтааст: 1) ваҳй ва илҳоми қалбӣ, хоҳ дар хоб бошад, хоҳ дар бедорӣ; 2) аз паси парда ва монеаҳои табиӣ, ба тавре ки каломи Худоро шунавад, вале Худоро набинад, ҳамон гуна, ки Мусо (а) каломи Худоро мешунид, вале Ӯро намедид; 3) ваҳй ба воситаи яке аз фариштагон, ба тавре ки худи фаришта дидаву шунида шавад, чунонки фариштаи ваҳй, малаки муқарраб Ҷабраил (а) дастуроти Худоро ба паёмбарон меовард; паёмбарон ҳам ӯро медиданд ва ҳам суханашро мешуниданд.
Дар ҳадис маротиби ваҳй ба Муҳаммад (с) ба шарҳи зер баён гаштааст:
- Ба сурати рӯъё ва хоби содиқона. Аз ҳамсари Паёмбар (с) Оишаи Сиддиқа ривоят шудааст: «Нахустин боре, ки ба Паёмбар (с) ваҳй нозил гардид, ба сурати руъёҳои содиқа дар хоб буд. Паёмбар (с) ҳар он чиро, ки дар хоб медиданд, монанди рӯшании субҳи содиқ ба ҳақиқат мепайваст ва ҳамон буд, ки хилватгузиниро ихтиёр карданд ва аввалин хилватнишиниашон дар ғори Ҳиро буд».
- Гоҳе фариштаи маъмур ваҳйро бар қалби Паёмбар (с) илқо менамуд, бе ин ки Паёмбар (с) худ фариштаро бубинад.
- Баъзан ваҳй ба шеваи садои ҷарас (занг) бар Паёмбар (с) нозил мешуд.
- Гоҳе Ҷабраил (а) ба сурати инсон ба Паёмбар (с) зоҳир мегардид.
- Баъзан фариштаи ваҳйрасон ба сурат ва шакли аслии худ ба Паёмбар (с) зоҳир мешуд ва ба ӯ ваҳй меовард.
- Худованд дар шаби меъроҷ бар фарози осмонҳо ба Паёмбар (с) ваҳй нозил намуд. Ҷабраил (а) панҷ ояти аввали сураи «Иқра»-ро дар Макка, ҳан-гоми дар ғори Ҳиро машғули ибодат будани Паёмбар (с) ба ӯ аз ҷониби Худованд ваҳй овард. Оишаи Сиддиқа мегӯяд: «Ман Паёмбари Худо (с)-ро дар рӯзи ниҳоят сарде дидам, ки ваҳй бар эшон нозил мегардид ва аз асари ин ваҳй ончунон таҳти фишор қарор гирифта буданд, ки арақ аз пешониашон сарозер гардида буд».
Тасаввуф
вироишВаҳй дар тасаввуф хабар додани умурест, ки аз ҳавос ниҳон буда, дар нафси одамӣ бидуни қасду такаллуфе ворид мешавад. Ба қавли Ибни Арабӣ, ваҳй чизест, ки ба ҷойи иборат ишора ба кор меравад, зеро бо иборат ме-тавон ба маънои мақсуд расид ва аз лафз ба маъно убур кард, ба хилофи ишорае, ки ваҳй аст, чи он ба зоти му-шор илайҳ таваҷҷуҳ дорад. Ба андешаи ориф, оғози ваҳй инзоли маонии муҷаррадаи ақлӣ дар қолибҳои ҳиссӣ аст, ки муқайяд ба ҳузури хаёл мебошад — хоҳ дар хоб сурат гирад, хоҳ дар бедорӣ. Аз нигоҳи Азизуддини Насафӣ («Инсони комил»), ҳар вақт ки малоика сухане ба дили одамиён илқо кунанд, он илқо агар дар бедорӣ бошад, номаш илҳом аст ва агар дар хоб бошад, номаш хоби рост аст. Ҳар вақт, ки малоика аз осмон ба замин оянд ва мусаввар гашта, бар анбиё зоҳир шаванду сухани Худоро ба анбиё расонанд, номаш ваҳй аст. Ба қавли ӯ, ваҳй баъзе анбиёро ҳамеша ва Паёмбари мо (с)-ро дар аввал шаш моҳ дар хоб мерасид. Ба андешаи Ҷалолуддини Румӣ («Маснавии маънавӣ»), «нуҷуму тиб ба ваҳйи анбиёст» ва «ҷумла ҳирфатҳо яқин аз ваҳй бувад». Мавлавӣ мефармояд:
Пас маҳалли ваҳй гардад гӯши ҷон,
Ваҳй чӣ бвад? Гуфтан аз ҳисси ниҳон.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Ваҳй / С. Маҳмадуллоҳ // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.
- Ислам. Краткий энциклопедический словарь. М., 1991;
- Мутаҳҳарӣ М. Ваҳй ва нубувват дар ислом. Д., 1999;
- Зубайдӣ Аҳмад. Мухтасари Саҳеҳи Бухорӣ. Д., 2005;
- Али-заде. Исламский энциклопедический словарь. М., 2007;
- Таббора А. А. Рӯҳи ислом. Д., 2011.