Ваҳобҷон Абдулазизов

Ваҳобҷон Абдулазизов — филолог, номзади илми филология (1993), дотсенти кафедраи забони адабии муосири тоҷикӣ Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.

Ваҳобҷон Абдулазизов
Таърихи таваллуд 29 октябр 1955(1955-10-29) (69 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Рӯдакӣ, ҶШС Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ фиолология
Ҷойҳои кор Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои филология
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Зиндагинома

вироиш

Ваҳобҷон Абдулазизов хатмкардаи факултети филологияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (1977). Муаллими мактаби миёнаи №90 н. Ленин (1977-1979), лаборанти кафедраи забони тоҷикии УДТ ба номи В.И. Ленин (1979-1980), сафари хидматӣ ба Ҷумҳурии демократии Афғонистон ба сифати тарҷумони мушовири КМ ВЛКСМ (1980-1983), мудири кабинети лингафонии факултети филологияи тоҷики УДТ ба номи В.И. Ленин (1983-1985), сафари хидматӣ ба Ҷумҳурии демократии Афғонистон ба сифати ёвари сармушовири КМ ВЛКСМ (1985-1987), муаллими забон ва адабиёти тоҷики мактаби миёнаи №90, н. Ленин (1987-1989), ассистент, дотсенти кафедраи забони муосири тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (1989), муовини декани факултети филологияи ДМТ оид ба тарбия ва илм, муовини декани факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба илм (1996-2005), Сардори Раёсати муносибатҳои байналмилалии Вазорати маорифи Тоҷикистон (2005- 2009), ректори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф (2009-20012). Аз соли 2012 то ҳол дотсенти кафедраи забони адабии муосири тоҷикии ДМТ. Дар давоми фаъолияти илмии омӯзгорӣ зиёда аз 30 мақолаи худро дар саҳифаҳои маҷаллаву рӯзномаҳо ва маҷмӯаҳои илмӣ ва илмиву оммавӣ ба табъ расонидааст. Дорандаи нишони сарисинагии «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон», ордени давлатии Ҷумҳурии Афғонистон- «Фидокорӣ», медали Давлатии Ҷумҳурии Афғонистон «Аз мардуми сипосгузори Афғонистон»(1987-1988) ва медали «10-солагии Инқилоби Савр» (1988) ҳамчунин медалҳои фахрии КМ ВЛКСМ- «За активную работу в Комсомоле» (1981); «Трудовая доблесть» (1983); медали КМ ВЛКСМ ва Комитети Созмонҳои Ҷавонони (КМО) СССР- «За укрепления Мира, дружбы и солидарности молодёжи»(1987) ва «Медали ифтихорӣ»-и «Созмони ДемократииҶавонони Афғонистон»- ду дафъа солҳои 1983 ва 1987 инчунин чандин Ифтихорномаҳои Вазорати Маориф мебошад.

  • Калимаю Таркибҳои пайвандакӣ дар ҷумлаҳои пайрави пуркунанда. Паёми донишгоҳи миллии Тоҷикистон, 1993, №4, саҳ. 13-20;
  • Вожагиҳои вожаи «то». Маҷаллаи «Адаб» 1995, №3-6, саҳ. 11-17;
  • Тобишҳои маъноии иловагии ҷумлаи пайрави пуркунанда. Дар китоби «Вазифаҳои воҳидҳои забонӣ дар ҷараёни гуфтор» (Маҷмӯи мақолаҳо).– Душанбе, 1995, саҳ. 153-159;
  • Сермаъноии ҷумлаи пайрави пуркунанда. Дар китоби «Сохтор ва корбасти воҳидҳои забони тоҷикӣ», (Маҷмӯи мақолаҳо).– Душанбе, 1999, саҳ. 130-136;
  • Вазифаҳои дастурии вожаи «чун» дар ашъори Абӯабдулло Рӯдакӣ. Дар китоби «Забон рукни тоат». (Маҷмӯи мақолаҳо).– Душанбе, 2004, саҳ. 96-106;
  • Ҷумлаи пайрави хилоф дар ашъори М. Турсунзода. Дар китоби «Вассофи сулҳу амонӣ ва дӯстии халқҳо» (Маҷмӯи мақолаҳо).- Душанбе, 2011.[1]