Вейсмюллер Питер Ҷон

Вейсмюллер (Weissmuller) Питер Ҷон (2.6.1904–20.1.1984), варзишгари амрикоӣ (шиноварӣ) ва ҳунарпешаи кино. Чемпиони Бозиҳои олимпии соли 1924 (100 м, рекорди олимпӣ – 58, 9; 400 м ва эстафетаи 4х200 м; медали биринҷӣ дар ватерполо). Муддати 8 сол ҳеч сабқатро дар масофаи спринтерии сабки озод набохтааст. Техникаи шиноварии сабки озодро ба унвони «кроли амрикоӣ » такмил дод. Замони дар саҳнаи варзиш будан дар масофаҳои гуногун 67 бор рекорди ҷаҳонӣ гузошт. Аз соли 1932 дар 12 филм аз саргузашти Тарзан нақши асосиро бозида, машҳур гардид. Нафосати варзишӣ имкон дод, ки дар рафти филмбардорӣ ҳаракату ҳилаҳои мураккабро иҷро кунад. «Тарзанинсон-бӯзина» (1932), «Тарзан ва ҳамсари ӯ» (1934), «Тарзан ва парии обӣ» (1948) аз ҷумлаи филмҳое мебошанд, ӯ дар онҳо ҳунарнамоӣ кардааст.

Вейсмюллер Питер Ҷон
Сурат
Ном ҳангоми таваллуд олмонӣ: Peter Johann Weißmüller
маҷорӣ: Weissmüller János
Таърихи таваллуд 2 июн 1904(1904-06-02)[1][2][3][…]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 20 январ 1984(1984-01-20)[1][2][3][…] (79 сол) ё 21 январ 1984(1984-01-21)[4] (79 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Пеша ҳунарпешаи синамо, swimmer, ҳунарпеша, water polo player, ҳунарпешаи телевизиюн
Ҳамсар Bobbe Arnst[d], Lupe Vélez[d], номаълум, номаълум ва номаълум
Фарзанд Johnny Weissmuller Jr.[d]
Ҷоизаҳо
Вебгоҳ johnnyweissmuller.com(англ.)
 Парвандаҳо дар Викианбор

Сарчашма

вироиш
  1. 1.0 1.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  2. 2.0 2.1 Encyclopædia Britannica (ингл.)
  3. 3.0 3.1 Discogs (ингл.) — 2000.
  4. Find a Grave (ингл.) — 1996.
  5. http://arhiva.kurir-info.rs/Arhiva/2004/jun/08/ST-02-08062004.shtml