Венера
«Венера» — номи силсилаи дастгоҳҳои байнисайёравии худкори шӯравӣ барои таҳқиқи сайёраи Зуҳра ва фазои байнисайёраӣ.
Нахустин дастгоҳи ин силсила — «Венера-1» соли 1961 ва охиринаш — «Венера-16» соли 1983 ба кайҳон сар дода шудаанд. «Венера-1» ва «Венера-2» аз назди сайёра парвоз карда гузашта рафтанд. «Венера-3» ба аввалин радифи маснӯъи Зуҳра табдил ёфт. Дастгоҳҳои баъдӣ ба сатҳи сайёра фуруд омада, дар бораи хусусиятҳои оптикию мушаххасоти атмосфера ва таркибу хусусиятҳои хоки он ба Замин маълумот фиристоданд. Тасвири сатҳи сайёра низ ирсол карда шуд. Идомаи барномаи «Венера» дар ИҶШС барномаи «Вега» («Вега-1» ва «Вега-2») буд, ки ба тавассути он ҳам сайёраи Зуҳра ва ҳам зузанаби Ҳаллей таҳқиқ шуданд. Дар Русияи пасошӯравӣ барномаи дар соли 2024 ба сайёраи Зуҳра ирсол намудани аппаратҳои байнисайёраии худкор мавҷуд аст.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Венера // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.