Венесуэла (исп. Venezuela, [βeneˈswela]), номи расмӣ — Ҷумҳурии Боливариании Венесуэла (исп. República Bolivariana de Venezuela, МФА(исп.): [reˈpuβlika βoliβaˈɾjana ðe βeneˈswela]) — давлат дар шимоли Амрикои Ҷанубӣ. Аз ғарб бо Колумбия, аз шарқ бо Бразилия ва Гайана ҳамсарҳад аст. Дар шимол соҳилҳояш аз баҳри Кариб ва аз шимолу шарқ аз уқёнуси Атлантик мегузарад.

Ҷумҳурии Боливариании Венесуэла
исп. República Bolivariana de Venezuela
Парчам Нишон
Парчам Нишон
Шиор: «исп. Dios y Federación
(«Худо в Федеросиюн»)»
Суруди миллӣ: «Gloria al bravo pueblo
(«Ифтихор ба мардуми шуҷоъ»)»
Забонҳои расмӣ испониёӣ ва Venezuelan Sign Language[d][2]
Пойтахт Каракас
Воҳиди пул sovereign bolivar[d]
Интернет-домен .ve
Рамзи ISO VE
Рамзи КБО VEN
Пешшумораи телефон +58
Минтақаи замонӣ UTC−04:00[d] ва America/Caracas[d][1]

Дарозии сарҳаддаш дар хушкӣ 4993 км. Масоҳаташ 916,5 ҳазор км². Аҳолиаш 29,4 млн нафар (2013). Пойтахташ шаҳри Каракас. Иди миллӣ — Рӯзи истиқлол — 5 июл (1811). Воҳиди пулӣ — боливар. Венесуэла узви СММ, Созмони давлатҳои Амрико (ТДА), Гурӯҳи Рио, Ҷомеаи миллатҳои Анд, Ташкилоти давлатҳои нафтсодиркунанда (англ. The Organization of the Petroleum Exporting Countries; ОПЕК) мебошад.

Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Венесуэла аз 5 октябри 2005 барқарор аст. Қароргоҳи сафири Венесуэла дар Тоҷикистон дар шаҳре Теҳрони ҶИЭ мебошад.

Бахшбандии кишварӣ

вироиш
Мақолаи асосӣ: Иёлатҳои Венесуэла

Аз ҷиҳати маъмурӣ ба ҳавзаи Федералӣ (пойтахт), 22 иёлат ва қаламрави федералӣ — 72 ҷазира дар баҳри Кариб, аз ҷумла бузургтаринаш Маргарита (1000 км²) иборат аст.

Сохти давлатӣ

вироиш

Венесуэла ҷумҳурии федеративӣ, президентӣ мебошад. Сардори давлат ва ҳукумат — Президент, ки тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба муҳлати 6 сол интихоб мешавад. Мақоми олии қонунгузор — Ассамблеяи миллии якпалатаӣ, ки ба муҳлати 5 сол интихоб мешавад. Мақоми олии судӣ — Суди олии ҳарбии адлия.

Табиат

вироиш

Релйефи Венесуэла ба се минтақаи асосӣ — қ-кӯҳи Анд (дар шимолу ғарб), ҳамвории Ориноко (дар марказ) ва суффакӯҳи Гвиана (дар ҷанубу шимол) ҷудо мешавад. Дар ҳудуди Венесуэла қисми шимолу шарқии қ-кӯҳи Анд — Сйерра-де-Периха ва қ-кӯҳи Кордилйера-де-Мерида ҷойгир шудаанд. Дар байни онҳо пастии тектоникӣ ва кӯли Маракайбо ҷойгиранд. Дар ҳудуди Венесуэла якчанд ҷузъи сохтори геологӣ — сипари Гвиана, хамиҳои канории Венесуэлаи Ғарбӣ ва Шарқӣ, қ-кӯҳҳои Кордилйера-де-Мерида ва Сйерра-де-Периха, пастии Маракайбо мавҷуд аст. Сарватҳои табиии асосии Венесуэла — нафту газ дар пастхамии Маракайбо, дар наздикии резишгоҳи д. Ориноко; маъдани оҳан, манган, алмос, тило, никел ва волфрам дар пуштакӯҳи Гвиана мавҷуданд. Аз се ду ҳиссаи захираи нафт (11,4 млрд т) ва 60 дарсади захираи гази табиӣ ба ин минтақа рост меояд. Дар Венесуэла захираи ангиштсанг, ангишти бӯр, маъдани оҳан, боксит, уран, никел мавҷуд аст. Конҳои маъдани тило, олтингӯгирд, асбест, фосфорит, талқ, доломит дар шакли пароканда мавҷуданд. Иқлими қариб тамоми Венесуэла субэкватории гарм аст. Ҳарорати миёнаи солона то баландии 800 м +22-29°С ва баландтар аз 4700 м аз 0°С пасттар. Миқдори бориши солона — аз 280 мм дар шимолу ғарб то 750—1200 мм дар қисми марказ ва 2000-3000 мм дар ҷанубу ғарб ва нишебиҳои шимоли Кордилйера-де-Мерида. Баландии беш аз 4700 м доиман барфпӯш аст.

Обҳои дохилӣ

вироиш

Қариб нисфи дарёҳои Венесуэла ба ҳавзаи д. Ориноко тааллуқ доранд. Хоки Венесуэла бештар сурхи латеритӣ (ферраллитӣ ва ферритӣ) буда, олами набототаш гуногун аст. Дар атрофи халиҷи Венесуэла кактусзорҳо ва қад-қади соҳил буттазорҳои анбӯҳи манра мавҷуданд. Олами ҳайвоноташ ғанист. Тақр. 20 намуди маймунҳо, мӯрчахӯр, гавазн, капибар, пекар, опоссум, оҳу, сагобӣ, пума ва ғ. мавҷуданд. Аз хазандагон морҳои гуногун (аз ҷумла, анаконда), калтакалос; сангпушт, тимсоҳ, мормоҳӣ ва ҳашарот хеле зиёданд. Парандаҳои муқимии Венесуэла тӯтӣ, намудҳои гуногуни лаклак, гарпия, гавдара, колибри ва ғ. мебошанд. Дар дарёҳо моҳиҳои морс, пирания, дар обҳои назди соҳил моҳиҳои саноатӣ (саморис, зағӯтамоҳии испанӣ, кефал, шӯрмоҳӣ, самак, аломоҳии баҳрӣ) мавҷуданд. Венесуэла 176 мавзеи ҳифзшавандаи табиат, аз ҷумла 40 боғи миллӣ ва тақр. 20 мамнуъгоҳ дорад. Аз онҳо Боғи миллии Канайма (яке аз бузургтарин боғҳои миллӣ дар ҷаҳон; 1962) соли 1994 ба феҳристи Мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО дохил карда шудааст. Дар боғҳои миллии Эл-Авила (200 км), Сйерра-Невада тақр. 750 намуд рустанӣ ва 260 намуд ҳайвон ба ҳисоб гирифта шудааст ва машҳуртарин сокини боғ уқоби андӣ аст. Обхезӣ, чарха, лойқасел, хушксолиҳо хатарҳои табиии асосии Венесуэла буда, чиркиншавии муҳит аз партовҳои истеҳсолӣ, махсусан дар минтақаҳои истеҳсоли нафт, афзоиши буридани ҷангалзорҳои тропикӣ, ки боиси бодлесии хок (эрозия), фуромадани ярч ва обхезиҳои пурхатар мегардад.

Аҳолӣ

вироиш

Тақр. 67 дарсади аҳолии Венесуэла венесуэлагиҳо - дурагаҳои испаниягиву ҳиндуҳо, 21 % сафедпӯстон, 10 % сиёҳпӯстон, 2 % ҳиндуҳо мебошанд. Қисми зиёди аҳолии Венесуэла пайрави мазҳаби католикӣ буда, боқимонда муътақидони протестантизм ва ҷараёнҳои дигаранд. Забони расмӣ — испанӣ, дар мамлакат тақр. 30 лаҳҷа вуҷуд дорад ва бо он мардуми маҳаллӣ (гуахиро, варао, пемон ва ғ.) гуфтугӯ мекунанд. Афзоиши солонаи аҳолӣ — 1,5 %, фавт — 5 % (2012). Фавти навзодон ба ҳар 1000 нафар 21 кас. Дарозии миёнаи умр — 74,5 сол (мардон — 70,8, занон — 77,1 дарсад). Зичии миёнаи аҳолӣ — 32 нафар дар 1 км². Шаҳрҳои бузургтаринаш: Maракайбо, Каракас, Валенсия, Баркисимето, Сиюдад Гюавана, Барселона, Мaтурн, Maрaкaй, Tурмеро.

Таърих

вироиш

Аввалин сокинони Венесуэлаи имрӯза қабилаҳои ҳиндуҳо буданд. Онҳо дар давраи палеолити нав дар ин сарзамин маскун шудаанд, баъдтар ҷойи онҳоро аравакҳо, дертар карибҳо гирифтаанд. Соли 1498 ин заминҳоро Х. Колумб ҳангоми сафари сеюмаш ба Замини нав кашф намуд. Аврупоиҳо 25 соли аввал асосан дар соҳилҳои шимолу шарқӣ мезистанд ва соли 1523 нахустин маҳалли истиқоматии онҳо дар Венесуэла бунёд гардид. Баъдтар бонки олмонии Весселей аз Аугсбург ин заминҳоро харид. Олмониҳо бо мақсади кашфи филиззоти нодир ба ин кишвар омада, ба нобарорӣ дучор шуданд ва Венесуэла боз мус тамликаи шоҳигарии Испания гардид. Роҳибони католик дар ин минтақа дайрҳо сохта, мардуми маҳаллиро маҷбуран ба дини насронӣ мегаравониданд. Заминаи иқтисодиёти мустамликаро захираҳои марворид, истеҳсоли тило ва мис ташкил медод. Дар нимаи дуввуми асри 16 испаниягиҳо дар плантатсияҳои бунёдкардаи худ ғуломони ҳинду ва сиёҳпӯстро, ки аз Африқо оварда мешуданд, кор мефармуданд. Испаниягиҳо низоми латифундии заминдориро бунёд намуда, дар заминҳои Венесуэла найшакар, тамоку ва какао кишт мекарданд. Заминҳои Венесуэла расман ба ҳайати шоҳигарии Гренадаи Нав дохил мешуданд, вале дар асл мухтор буданд. Ҳокимияти сиёсиву динӣ ба амалдорон ва усқуфҳое, ки Испания таъйин мекард, тааллуқ дошт. Иқтисодиёти Венесуэла ба монеаҳои зиёди маъмурӣ дучор шуда, боиси ҳаракатҳои озодихоҳии мардум гардид. Соли 1795 дар Коро шӯриш сар зад, ки ҳукуматдорон онро бераҳмона пахш карда, сарвари он Х. Л. Чириносро ба қатл расонданд. 19 апрели 1810 ватанхоҳон дар Каракас шӯриш бардоштанд, ки он оғози ҷанги озодихоҳона дар Амрикои Лотинӣ (1810-26) гардид. Доҳиён ва илҳомбахшони ғоявии он Ф. де Миранда ва С. Боливар буданд. Муборизаи шадид дуру дароз давом кард ва дар натиҷа соли 1819 ҷанговарон зери роҳбарии фармондеҳ Боливар испаниягиҳоро мағлуб намуданд. Ҳар се ҷумҳурии венесуэлӣ барҳам хӯрда, давлати федеративии Колумбияи Бузург бо сарварии Боливар бунёд ёфт ва Венесуэла низ ба ҳайати он дохил гардид. Баъди фавти Боливар соли 1830 федератсия пош хӯрд ва Венесуэла истиқлол ба даст овард. Нахустин президенти кишвар ҳамсафи Боливар — заминдори калон Х. А. Паэс буд. Ӯ ду дафъа (1830-35, 1836-43) сарвари қонунии мамлакат интихоб гардид, вале баъд ҳокимиятро ғасб намуд. Соли 1830 конститутсия қабул ва мувофиқи он ҳуқуқи шаҳрвандон аз рӯйи нишонаҳои молумулкӣ ва таҳсилотӣ, инчунин мансубияти ҷинсиву динӣ маҳдуд карда шуд. То соли 1863 ҳукумат дар дасти ҳарбиён буд ва онҳо бо усули мустабидӣ ҳукмронӣ карда, якдигарро сарнигун месохтанд. Дар ин давра Венесуэла ҷумҳурии ҳукмронии мутлақ буд ва мақомоти олии ҳокимияти кишварро ақаллияти шаҳрвандон бо роҳи тартиботи серзина тавассути коллегияи интихобкунандагон интихоб мекарданд. Ҳукумати бародарон Х. Т. ва Х. Г. Монагас (1847-58) як силсила тадбирҳо андешид, ки барои инкишофи капитализм мусоидат мекарданд. Онҳо ҳукми қатлро барои ҷиноятҳои сиёсӣ, ғуломӣ ва ғ. барҳам доданд. Дар охири соли 1850 муборизаи байни либералҳо ва консерваторон ба ҷанги шаҳрвандии хунин (1859-63) табдил ёфт, ки дар он либералҳо ғолиб омаданд. Онҳоро оммаҳои васеи мардум зери роҳбарии Э. Самора дастгирӣ мекард. Тибқи конститутсияи соли 1854 кишвар давлати федеративии Иёлоти муттаҳидаи Венесуэла эълон гардид ва ин ном то соли 1953 вуҷуд дошт. Аз байни роҳбарони давлатии Венесуэла диктатор Х. В. Гомес (1908-35) бештар ҳукмронӣ кардааст. Ӯ ягона шахсе буд, ки ҳисси эҳтиромро нисбати иерархия бедор карда, бесарусомониро аз байн бурд, сулҳ ва тартиботи барои пешрафти ҷомеа зарурро барқарор намуд. Дар давраи диктатураи Х. В. Гомес демократия ва автократия ба таври мавзун ба ҳам мепайванданд, Ибораи «қайсарии демократӣ» аз ҳамин ҷо сарчашма мегирад. Кашфи захираҳои нафт соли 1916 ва оғози саноати истеҳсоли маҳсулоти он боиси рушди соҳаи иқтисодиёту саноати мамлакат гардид. Нафт — сарвати асосии миллӣ зери назорати ШН ТНК «Стандарт ойл» ва «Ройял датч-Шелл» қарор дорад. Соли 1929 маблағгузории ИМА ба соҳаи нафт 226 млн долларро ташкил мекард. Аввалин амали сиёсии зидди диктатура — Ҳаракати соли 1928, ки намояндагони зиёии миллат ташкил намуданд, ба миён омад. Баъди фавти Гомес пайравонаш Э. Лопес Контрерас (1935-41) ва И. Медина Ангарита (1941-45) тадриҷан баъзе меъёрҳои демократияро ҷорӣ намуданд. Октябри 1945 ин раванд ба тариқи зӯрӣ қатъ карда шуд. Ба сари қудрат хунтаи ҳарбиву шаҳрвандӣ зери роҳбарии сиёсатмадори машҳур Р. Беланкур омад. Дар тӯли давраи «сесолагӣ» (1945-48) конститутсияи нав, ки дар он кафолати ҳуқуқу озодиҳои демократӣ эълом шуда буд, дастгирӣ ёфт ва бори нахуст дар мамлакат интихоботи мустақими мақомоти қонунгузор ва иҷроияи ҳокимият доир карда, барои беҳбуди вазъи моддии аҳолӣ як қатор тадбирҳо андешида шуд. Ноябри 1948 сегона (триумвират)-и афсарони ҷавон президенти қонунӣ Р. Галйегосро сарнигун ва фаъолияти ҳизби ҳукмронро манъ намуд. Тадриҷан низоми мамлакат ба диктатураи ҳарбии М. Перес Хименес (1952-58) мубаддал гашт ва он ба қувваҳои демократӣ фишори сахтро равона намуд. Соли 1953 номи давлат дигар шуд ва он Ҷумҳурии Венесуэла ном гирифт. Январи 1958 диктатура аз ҷониби хунтаи ватанхоҳон сарнигун карда шуд. Ин оғози давраи тозаи инкишофи кишвар гардид. Дар муборизаи шадиди байни роҳбарони ду қувва — сотсиалистӣ ва демократӣ демократҳо ғолиб омаданд. Авҷи фаъолияти намояндагони демократия ба соли 1970 рост меояд. Дар ин сол низоми бисёрҳизбӣ ба дуҳизбӣ табдил ёфт. Ҳизбҳои ҳоким якдигарро бо навбат дар сари ҳокимият иваз карда, самти ба ҳам монандро пеш мебурданд, ки он дар асоси даромадҳои афзун аз ҳисоби нафт бунёд ёфта буд. Маҷмӯи тадбирҳои бо ФБА (МВФ) мувофиқакардаи ҳукумат боиси сар задани ошӯби номуташаккили сокинони маҳаллаҳои қашшоқ, ки дар атрофи шаҳрҳои бузург ҷой гирифтаанд, гардид. Пасон эътирозҳои муташаккили заҳматкашон ва иттифоқҳои касаба сурат гирифтанд. Дар муддати нисбатан кӯтоҳ Венесуэла ба минтақаи ноороми сиёсиву иҷтимоӣ табдил ёфт. Соли 1992 ду кӯшиши сарнигун кардани ҳукумат ҷой дошт. Майи 1993 бори аввал дар таърихи Венесуэла ба президент нобоварӣ (импичмент) эълон карда шуд. Дар марҳалаи норозигии умумӣ ва бадшавии вазъи моддии ҷомеа феврали 1999 ба сари қудрат собиқ подполковники дастаҳои махсус Уго Чавес омад. Ӯ дар интихоботи декабри 1998-ум 60 дарсади овозҳоро соҳиб гардид. Феврали 1992 барои сарнигун кардани президенти қонунӣ кӯшиш кард, вале ба он ноил нагашт. Баъди ин нобарорӣ ӯ чанде дар маҳбас буд ва пас аз авф шудан сохтори сиёсии расмиро ташкил намуда, муборизаро бо роҳи парламентӣ идома дод. Декабри 1999 У. Чавес ва ҳаммаслаконаш розигии мардумро барои нав кардани конститутсия ба даст оварда, сохтори сиёсиро бозсозӣ намуданд. Соли 2000 интихоботи тамоми бахшҳои ҳокимият доир шуд ва У. Чавес дубора сарвари давлат интихоб гардид. Аз соли 2000 мамлакат аз нав Ҷумҳурии Боливарии Венесуэла (ба хотираи Боливар) номгузорӣ шуд. Ҳукумати У. Чавес самти вусъат додани бахши давлатии иқтисодиёт, сипас миллигардонии соҳаҳои истеҳсоли нафт ва дигар соҳаҳои саноатро пеш гирифт. Декабри 2006 У. Чавес аз нав Президенти Венесуэла интихоб гардид ва то замони маргаш (марти 2013) сарварии Венесуэларо бар уҳда дошт. Апрели 2013 сиёсатмадор Николас Мадуро президенти Венесуэла интихоб гардид.

Иқтисод

вироиш

Асоси иқтисодиёти Венесуэларо истихроҷ ва коркарди нафт ташкил дода, 80 дарсади даромади содиротӣ, 50 дарсади даромади буҷет ва 30 дарсади ММД-и мамлакат аз ҳисоби он аст. Ҳаҷми ММД 344 млрд долларро ташкил медиҳад, ки 35 дарсади он ба ҳиссаи маҳсулоти саноат, 4 % ба кишоварзӣ, 47, 2 % ба соҳаи хидматрасонӣ ва дигар соҳаҳо рост меояд. Дар иқтисодиёт мавқеи давлат хеле устувор буда, он корхонаҳои нафту газ, неругоҳҳои барқи обӣ, корхонаҳои истихроҷи сарватҳои табиӣ ва саноати филиззкориро дар бар мегирад. Ширкатҳои бузургтарини Венесуэла: РDVSА (саноати нафту газ), СVG (саноати электроэнергетика, маъданҳои кӯҳиву филиззот), ВАNDES (Бонки рушди иқтисодиву иҷтимоӣ). Сармоягузории хориҷӣ ҳамчун омили муҳимми рушд боқӣ мемонад. 24,7 дарсади сармоягузорӣ ба саноати истеҳсолӣ ва 24,8 % ба саноати коркарди нафт рост меояд. Истеҳсоли неруи барқ 106 млрд квт/ соатро ташкил мекунад, 62 дарсади он дар НБО ва 38 % дар НГБ, ки асосан бо газ кор мекунанд ба даст оварда мешавад. Дар иқтисодиёти Венесуэла истеҳсоли бокситҳо, маъдани оҳан, тило ва алмос нақши муҳим дорад. Оҳан дар конҳои Серро-Боливар, Сан-Исидро, Лос-Барранкос ва Лас-Пайлас дар иёлати Боливар истеҳсол мешавад. Тило ва алмосро дар якчанд кони иёлати Боливар истихроҷ мекунанд. Яке аз роҳҳои раҳоӣ аз мушкилоти иқтисодиёти Венесуэла истихроҷи нафт ва рушди саноати коркард мебошад. Маҳсулоти асосии филиззоти сиёҳ пӯлод, тунука, лӯлаҳо ва симҳои сохтмонист. Яке аз соҳаҳои дигари муҳимми Венесуэла саноати нафту кимиё мебошад. Муҷтамеъҳои бузурги кишвар Эл-Табласо, Ансоатеги, Морон пластмасса, нуриҳои минералӣ, туршии олтингӯгирд, маводди тарканда ва ғ. истеҳсол мекунанд. Соҳаҳои кимиёи дорусозӣ, атриёту ороишӣ, кимиёи суратгирӣ хеле пеш рафтаанд. Дар мошинсозии Венесуэла мавқеи намоёнро васлкунии худрав, истеҳсоли муҳаррикҳо ва қисмҳои эҳтиётӣ барои худравҳо дар корхонаҳои ширкатҳои «FIАТ», «Тоуота» ишғол менамояд. Истеҳсоли техникаву таҷҳизоти кишоварзӣ (аз ҷумла трактор) тараққӣ кардааст. 28 дарсади истеҳсоли саноатиро соҳаҳои анъанавӣ — хӯрокворӣ, тамоку, бофандагиву дӯзандагӣ, чармгариву пойафзор ва чӯбу тахта ташкил мекунанд, аз ҷумла, истеҳсоли шакар, гӯшт, оби ҷав, тамоку афзалият доранд. Дар заминҳои обии Лйянос пахта ва тамоку мекоранд. Аз се як ҳиссаи чарогоҳҳои киштшаванда дар минтақаи кӯли Маракайбо ҷойгир шудаанд. Зиёда аз 50 дарсади ҳудуди Венесуэларо ҷангалзорҳо ишғол кардаанд, дарахтони капок ва калебас, навъҳои гуногуни арча ва эвкалипт бисёр ба назар мерасанд. Маҳсулоти муҳимтарини хоҷагии ҷангал бамбук, рустаниҳои шифобахш, асал, муми арча мебошанд. Моҳидорӣ дар соҳилҳои шимолии Венесуэла ва кӯли Маракайбо ривоҷ ёфтааст.

Нақлиёт

вироиш

Нақлиёти асосии Венесуэла автомобил буда, 90 дарсади мусофирбарӣ ва 70 дарсади интиқоли бор бо он сурат мегирад. Дарозии умумии роҳҳои автомобилгард 95,7 ҳазор км аст. Роҳи асосии автомобилгарди Венесуэла ш-ҳои Баркисимето, Валенсия, Маракай, Каракас ва Лос-Текесро ба ҳам мепайвандад. Нақлиёти р. о. асосан барои интиқоли бор истифода мешавад. Тӯли умумии р. о. 682 км буда, як қисми он шахсӣ аст. Хатсайрҳои асосӣ: Пуэрто — Кабелйо — Баркисимето ва Яритагуа — Акаригуа. Дарозии роҳҳои дохилии обӣ — 7100 км. Дарёҳои киштигард — Апуре, Араука, Сан-Хуан ва кӯли Маракайбо метавонанд киштиҳои баҳриро низ қабул кунанд. Бандарҳои асосии дарёӣ — Сан-Фернандо-де-Апуре, Сюдад-Боливар, Пуэрто-Ордас, Сан-Феликс, Тукупита, Карипито; дар кӯли Маракайбо — бандари Эскаланте. 90 дарсади ҳаҷми савдои берунии Венесуэла бо нақлиёти баҳрӣ ва ба воситаи бандарҳои Ла-Гуайра, Маракайбо, Пуэрто-Кабелйо анҷом дода мешавад. Гардиши бор дар нақлиёти ҳавоӣ — 2 млн т км. Венесуэла 369 аэропорт дорад. Бузургтарин аэропортҳои байналмилалии Венесуэла: Симон Боливар дар Майкетия, Артуро Мичелен дар Валенсия, Хасинто-Лара дар Баркисимето, Ла Чинита дар Маракайбо. Дарозии лӯлаҳои интиқоли нафт 8352 км, лӯлаҳои интиқоли газ 5262 км-ро ташкил мекунад. Равобити иқтисодии Венесуэла асосан бо ИМА, Бразилия, Колумбия, Итолиё, Мексика ва Русия сурат мегирад. Венесуэла асосан нафт, бокситҳо, алюминий, қаҳва, ангиштсанг, никел, зумуррад, муз, гул ва ғ-ро содир намуда, мошину таҷҳизот, масолеҳи бинокорӣ ва хӯроквориро ворид мекунад. Сайёҳӣ дар иқтисодиёти Венесуэла аҳаммияти бузург дорад. Ба Венесуэла соле то 604 ҳазор сайёҳи хориҷӣ меояд.

Тандурустӣ

вироиш

Ба соҳаи тандурустӣ дар Венесуэла 4,9 дарсади ММД сарф мешавад. Ба ҳар ҳазор нафар 2,9 кати беморӣ, ба 1 духтур 722 сокин рост меояд. Марказҳои бузургтарини тиббӣ: Пажӯҳишгоҳи бемориҳои Донишгоҳи мухтори Каракас, Пажӯҳишгоҳи беҳдоштии миллии «Доктор Рафаэл Ранхел», Пажӯҳишгоҳи миллии маводди ғизоӣ, Пажӯҳишгоҳи биологиву тиббӣ.

Варзиш

вироиш

Кумитаи олимпии Венесуэла соли 1935 таъсис ёфтааст. Дар кишвар дар бораи 53 намуди варзиш федератсияҳои умумимиллӣ мавҷуданд. Дар байни бозиҳои дастӣ бештар бейсбол, футбол, волейбол ва баскетбол маъмуланд. Велосипедронӣ, гимнастика, найзапартоӣ, теннис, дзюдо, боулинг, намудҳои обии варзиш — варзиши бодбонӣ, лижаи обӣ ва ғ. ривоҷ ёфтаанд. Мусобиқаҳои анъанавии халқӣ — асптозӣ, ҷанги барзагов ва хурӯсҳо хеле маъмуланд.

Маориф

вироиш

Дар замони зери мустамлика қарор доштани Венесуэла таҳсилот дар ихтиёри калисо ва танҳо ба гурӯҳи маҳдуди аҳолӣ дастрас буд. Ҳоло дараҷаи саводнокии аҳолии Венесуэла 93,4%-ро дар байни аҳолии калонсол ташкил менамояд. Таҳсилот дар салоҳияти Вазорати маориф, фарҳанг ва варзиш мебошад. Низоми муосири таҳсилот муассисаҳои томактабӣ барои кӯдакони 3-6-сола, таҳсилоти 9-сола барои кӯдакони 7-15-сола, мактабҳои миёнаи махсус ва мактабҳои олиро дар бар мегирад. Аз соли 1980 таҳсилоти ибтидоии кӯдакони 7-15-сола ройгон аст. Мактаби 9-сола аз ду силсила: собиқ мактаби 6-сола (мактаби нопурраи асосӣ) ва мактаби 3-солаи миёнаи асосӣ иборат аст. Таҳсилоти миёнаи пурраро (кӯдакони 16-18-сола) мактабҳои дусолаи махсуси гуманитарӣ ва тиҷоратӣ, мактабҳои сесолаи техникӣ, кишоварзӣ ва омӯзгорӣ медиҳанд. Ба низоми таҳсилоти олӣ донишгоҳ ва коллеҷҳои олӣ дохил мешаванд. 90 дарсади донишҷӯёни донишгоҳҳо ва 50 дарсади донишҷӯёни дигар мактабҳои олӣ таҳсилоти давлатӣ мегиранд. Бузургтарин донишгоҳҳо: Донишгоҳи Марказӣ (1725), Донишгоҳи «Симон Боливар» (1967) дар Каракас, Донишгоҳи иёлати Сулия дар Маракайбо (1891), Донишгоҳи Анд дар Мериле (1785), Донишгоҳи иёлати Карабобо дар Валенсия (1852), Донишгоҳи католикии «Андрее Белйо» дар Каракас (1953), Донишкадаи пажӯҳишҳои олӣ дар соҳаи идоракунӣ дар Каракас (1965).

Нахустин муассисаҳои илмӣ нимаи дуввуми асрҳои 19-20 таъсис ёфтанд: Пажӯҳишгоҳи илмии ба номи Пастер дар Каракас (1895) ва Маракайбо (1896), Академияи миллии тиббӣ (1904), Академияи илмҳои физика, математика ва табииёт (1917) ва ғ. Низоми муосири миллии илмӣ, технологӣ ва ихтироот тибқи қонуни соли 2001 бунёд ёфта, Вазорати илм ва технология, муассисаҳои таҳсилоти олии касбию техникӣ, пажӯҳишгоҳҳои давлатӣ ва хусусӣ, шабакаҳои иттилоотӣ, муассисаҳои истеҳсолкунандаи мол ва хидматҳои технологияи олӣ, шахсони инфиродиеро, ки дар соҳаи таҳқиқоти илмӣ ва таҷрибавиву конструкторӣ — КИТТК машғуланд, дар бар мегирад. Вазорат сиёсат, нақша ва афзалиятҳои рушди илмиву техникиро муайян менамояд ва барои КИТТК маблағ ҷудо мекунад. Донишгоҳҳо марказҳои муҳимми илмианд.

Адабиёт

вироиш

Адабиёти Венесуэла ба забони испониёӣэҷод мешавад. Таърихи адабиёти Венесуэла роҳи аз байн бурдани мухолифат ва ҳамзамон омезиши анъанаҳои фарҳанги аврупоӣ ва миллиро паси сар кардааст. Чеҳраҳои дурахшон аз байни таърихнависон X. де Кастелянос, П. де Агуадо («Таърихи Венесуэла», 1582) ва П. Симон мебошанд. Асарҳои муҳимми давраи барокко - «Таърихи ғасб ва маскуншавӣ дар музофоти Венесуэла»-и (1723) X. Овйедо-и-Банйоса ва «Ёддошт»-и (1771-92) Ф. де Миранда, инчунин осори манзуми М. де Лос Анхелес буд. Марҳалаи дуввум — пайдоиши адабиёти миллии Венесуэла бо Ҷанги озодихоҳонаи солҳои 1810-26 пайваст аст. Намояндагони барҷастаи адабиёти ин давра А. Белйо ва С. Боливар мебошанд. Нахустин асарҳои барҷаста дар давраи севвуми инкишофи адабиёти Венесуэла дар доираи равандҳои романтизм ва костумбризм (тасвири урфу одатҳо дар жанри очерк ё хроника) эҷод шуданд. Равшантарин симоҳои мактаби назми романтикӣ Х. А. Майтин ва А. Перес Боналде буданд, ки тимсоли назми романтикӣ гардиданд. Костумбризм бо номи нависандагон Э. Бланко («Саратэ», 1882), М. Венесуэла Ромеро Гарсия («Пеония» 1890), мунаққидон ва эссенависон (С. Акоста, Х. Венесуэла Гонсалес ва А. Урданета — муаллифи аввалин асар дар таърихи нақди адабии Венесуэла — «Сервантес ва интиқод» (1877) сахт пайванд аст. Тафовути адабиёти Венесуэла аз адабиёти дигар кишварҳои Амрикои Лотинӣ дар давраи севвум — давраи модернизм он аст, ки он на дар назм, балки дар наср равшан зуҳур намуд. Дар доираи модернизм позитивизм ва креолизм ривоҷ меёфтанд. Нависандагони бузурги позитивизм X. Хил Фортоул ва Л. Лопес Мендес, креолизм Л. М. Урбанеха Алчелпол ва шоир Ф. Ласо Март буданд. Асри 20 дар Венесуэла айни замон бо фаъолияти занон дар адабиёт фарқ мекунад. Дар ин аср шоираҳо Э. Арвело Ларрива, Л. Дел Валйе Силва, М Бермудес де Белйосо ва нависандазан А. Паласйос маъруф буданд. Осори шоирони солҳои 1920 бо «насли соли 1918» (донишҷӯёне, ки ба ғояҳои радикалии марксизм майл намуда, мехостанд дар Амрикои Лотинӣ ислоҳот ба амал биёваранд) Ф. Пас Кастилйо, Х. А Рамое Сукре, Э. Бланко ва дигарон пайваст аст. Романҳои Отеро Силва («Табларза», 1939; «Панҷ нафаре, ки хомӯш буданд», 1966; «Вақте ки гиряам меояд, намегирям», 1970 ва дигарон) шуҳрати умумиҷаҳонӣ касб намуда, дар баробари асарҳои X. Кортасар, А. Карпентйер, Г. Г. Маркес, М. А. Астуриас самти асосии насри Амрикои Лотиниро дар солҳои 1950-60 муайян карданд. Давраи нави адабиёти Венесуэла аз соли 1936 оғоз меёбад. Соли 1946 гурӯҳи шоирону нависандагони «Контрапунто» (Х. Р. Медина, Р. Пинеда ва дигарон) — навоварони жанри ҳикояи хурд арзи вуҷуд намуданд. Гармендиа, А. Гонсалес Леон, Р. Исагирре ва Л. Бритто Гарсиа симоҳои асосии насри солҳои 1960-1980-и Венесуэла буданд. Бузургтарин нависандаи асри 20 дар Венесуэла собиқ президенти кишвар Ромуло Галйегос (1884-69) ба шумор меравад. Асарҳои ӯ ба муносибати инсон ва табиат бахшида шудаанд, романаш «Доня Барбара» аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Шоири шинохтаи Венесуэла дар асри 20 Андрес Элой Бланко (1897—1955) буд. Аз ҷумлаи насрнависони маъруфи муосир Мигел Отеро Силва (1908-85), муаллифи чандин роман дар мавзӯъҳои иҷтимоӣ, муаллифи романи барҷастаи таърихии «Шоҳи озодӣ» (1979) Лопе де Агирре ва Артуро Услар Пйетри (1906—2001)-ро ном бурдан мумкин аст.

Театр

вироиш

Нахустин театр солҳои 1783-84 дар шаҳри Каракас аз тарафи Мануэл Гонсалес Торрес де Наварро бунёд гардид. Соли 1804 аввалин асари драммавӣ дар Венесуэла бо номи «Венесуэллаи таскинёфта» аз ҷониби нависанда Андрес Белйо эҷод шуд. Мавҷи ҷангҳои озодихоҳӣ боиси рукуди санъати театрии Венесуэла шуд. Танҳо соли 1824 дар теат ри Каракас нахустнамоиши фоҷиаи «Виргиния» аз рӯйи асари Доминго Наваса Спинола баргузор гардид. Созҳои маъмули мусиқии миллии Венесуэла марака (шақшақаи аз кадуи хушк сохташуда), уди хурд ва гитори чортора — куатро мебошанд. Рақсҳои маъмули халқӣ тоно лянеро, пасилйо, валси креолӣ, меренге, «тангито», тангои венесуэллагӣ. Сурудҳои халқии Венесуэла дар жанрҳои копл (банд-банд) ва корридо, ки дар заминаи романси испониёӣташаккул ёфтааст, маъруфанд. Бисёр асарҳои мусиқии халқӣ ба репертуари хори «Орфеон Ламас» (оҳангсоз Висенте Эмилио Сохо; 1887—1974) дохил шудаанд. Дар Венесуэла (Каракас) толору театрҳои бисёр ба монанди «Атенео», «Театро Алберте де Пас», «Тилинго», «Флорида», «Урданета», «Карибе», «Лидо», «Аула Магна», «Театро насйонал», «Театро мунисипал», «Конча Акустика», театри лухтак ва ғ. мавҷуданд, ки дар онҳо гурӯҳҳои гуногуни эҷодӣ — «Университарио», «Компас», «Маскарас», «Театро дел Дуэнте», «Леонсио Мартинес», «Театро де Болмилио» фаъолият менамоянд.

Ҳунарҳои таҷассумӣ ва меъморӣ

вироиш

Ҳунарҳои таҷассумӣ дар фарҳанги Венесуэла мавқеи хос дорад. Дар нимаи аввали асри 20 санъати тасвирии Венесуэла дар натиҷаи ҳукмронии ҷудоигароёнаи Х. В. Гомес то андозае дорои хусусияти хосси худ гашта буд. Асарҳои нахустин чанд тасвир дар деворҳои дайри Сан Франсиско, дар ҷазираи Кубагуа мебошанд. Аз асри 17 то замони мо асосан мусаввараҳои муаллифони беном расидаанд. Дар таърихи санъати тасвирӣ танҳо номҳои Томас де Кокара ва Хуан Агустин Рйера маълуманд. Муаллифи асарҳои дигар, одатан, чун «Устод аз Токуйо» ё «Устод аз Трухилйо» номбар шудаанд. Бузургтарин рассоми Венесуэла дар давраи мустамлика Хуан Педро Лопес (1724—1787), муаллифи мусаввараҳои динӣ буд. Дар байни расссомони ҷавон Освалдо Витас эътироф гардидааст. Аз ҳайкалтарошон Алехандро Колина ва Франсиско Нарваэс (1908) маъруфанд. Бинои Капитолияи миллӣ (1872-75; меъмор Л. Урданета) бо услубии класситсизми нав бунёд шудааст. Дар иморатҳои муҳташами Венесуэла анъанаҳои давраи мустамликавӣ эҳё гардиданд. Саҳнаи мудаввари ҷанги барзаговҳо дар Маракае (1931) тибқи услуби асримиёнагии испониёӣсохта шудааст. Дар майдони Боливар дар яке аввалин иморатҳои иқоматии замонавӣ ҳайкали Симон Боливар гузошта шудааст.

Синамо

вироиш

Санъати кино дар Венесуэла аввали асри 20 арзи вуҷуд карда буд, вале дар тӯли ним аср мактаби миллии санъати кино бунёд наёфт. Ҳарчанд Венесуэла дорои адабиёти ғанӣ, театри драммавӣ ва фолклори нотакрори мусиқӣ аст, вале то охири солҳои 60 он ҳамчун мамлакати «бекино»-и минтақа боқӣ монд. Аввалин филм дар Венесуэла («Карнавал дар Каракас», коргардон Г. Видал ва А. Гонат) соли 1909 ба навор гирифта шуда буд. Муассисаҳои кинои ин давра аз қабили «Триунфо филмс», «Венесуэла синематографика», «Кондор филмс», «Авила филмс» ва ғ. мелодрамма ва мазҳакаҳои ашковари бешумор истеҳсол мекарданд.

Осорхона ва китобхонаҳо

вироиш

Дар Венесуэла осорхонаи Креоли, осорхонаи санъати давраи мустамликавӣ, осорхонаи санъати муосир, осорхонаи ҳунарҳои зебо, Осорхонаи Боливар (1911), Осорхонаи инфиродии Симон Боливар, осорхонаи саноеи нафиса (1938), осорхонаи бостоншиносӣ мавҷуданд. Дар хазинаи Осорхонаи санъати муосир на танҳо мусаввараҳои беҳтарин рассомони давраи венетсианӣ, инчунин асарҳои рассомони бузург — Миро, Шагал, Лежер ва Пикассо маҳфузанд. Дар Нигористони санъати миллӣ зиёда аз 400 асари рассомони давраи испаниягӣ, инчунин бозёфтҳои археологии рӯзгори мардуми ҳинду, ки ба давраи томустамлика тааллуқ доранд, гирд оварда шудааст.

Расонаҳо

вироиш

Оҷонсии иттилоотии давлатии Venpres (1975) дар шаҳри Каракас воқеъ аст. Рӯзномаҳои бузургтарини Венесуэла — «EL Nacional» (1943), «EL Universal» низ дар шаҳри Каракас ва рӯзномаи «Panorama» дар шаҳри Маракайбо нашр мешаванд. Радиошунавонӣ аз соли 1930 ва намоишҳои телевизионӣ аз соли 1952 оғоз ёфтаанд.

Адабиёт

вироиш