Вержил
Публий Вергилий Марон (лот. Publius Vergilius Maro; 15 октябр 70 то м.[1][2], Andes[d], Cisalpine Gaul[d], Ҷумҳурии Рим[d][4][2] — 21 сентябр 19 то м.[3][2], Бриндисӣ[d], Итолиёи Румӣ[d], Имперотурии Рум[d][4][2]) — шоири румӣ.
лот. Publius Vergilius Maro | |
Таърихи таваллуд: | 15 октябр 70 то м.[1][2] |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 21 сентябр 19 то м.[3][2] (50 сол) |
Маҳалли даргузашт: | |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | шоир, нависанда |
Жанр: | epic poem[d] ва pastoral poetry[d] |
Забони осор: | лотинӣ[5] |
Осор дар Викитека | |
Парвандаҳо дар Викианбор | |
Гуфтовардҳо дар Викигуфтовард |
Зиндагинома
вироишАз хонаводаи кишоварзи муваффақе дар наздикии Монтио ба дунё омадааст. Дар Кремона, Милан ва Неопол таҳсил кард ва сипас дар шаҳри Рум фалсафа ва суханвариро омӯхт. Асари нахустини Вергилий маҷмӯаи ашъор бо номи «Каталентон» («Хурду реза») аст, ки аз 15 шеър иборат буд. Нахустин асари бузурги ӯ «Буколика» ё «Сурудҳои чӯпонӣ» (нигаред Буколика) мураттаб аз 10 суруди чӯпонӣ буда, ҳасрату афсӯси шоирро пиромуни асри тилоии афсонаӣ, ки замоне дар он мардум дар сидқу сафо мезистанд, бозтоб мекунад. Баъдан Вергилий достони «Георгис» («Дар боби кишоварзӣ», солҳои 38-30)-ро дар чаҳор ҷилд барои низомиёни бознишаста, ки соҳиби замин гашта буданд, навишт ва он дорои машваратҳо пиромуни боғдорӣ, чорводорӣ ва ғайра мебошад. Ба достон худи император Август таваҷҷуҳ зоҳир намуд; бо эҳтимоли зиёд андешаи таълифи шоҳкори ҳамосии Вергилий пиромуни таъсиси Рум − «Инаид» (12 ҷилд, солҳои 29-19) аз ӯ сар задааст. Вергилий сайъ кардааст, ки дар ин асар суннатҳои ахлоқии Руми Бостонро зинда созад ва зоти илоҳӣ будани дудмони Юлиҳоро, ки Август аз он буд, таъйид кунад. Ин достон нотамом монд ва пас аз марги Вергилий аъзои маҳфили Майкенос онро мунташир карданд. «Инаид» бо достонҳои Ҳомер шабоҳат дорад, ҷилдҳои 1-6 ба «Одиссея», 7-12 ба «Илиада» монанд мебошанд. Аммо ин асари Вергилийро бархе аз пажӯҳишгарон ҳамчун тақлиди ноуҳдабароёна дар пайравии достонҳои Ҳомер баҳо додаанд, ҳарчанд ки ин ду адиб дар тасвири чандин ҳодиса бархурди муштарак доранд, ба мисли Трояи оташгирифта, разми Энея ва шоҳи Турин, масири саёҳат ва ғайра. Вергилий вазнҳои шеърии Ҳомерро низ риоя кардааст.
Дунёи масеҳият ба Вергилий баҳои баланд додааст (барои он ки гӯё дар яке аз сурудҳои достони «Буколика», ӯ зуҳури Исои Масеҳро пешгӯӣ кардааст). Иқтибосҳои масеҳиён аз «Буколика» бавижа «Гуфтугӯи чаҳорум», эътибори Вергилийро дар асрҳои миёна афзуданд, то он ҷо ки Данте дар «Мазҳакаи илоҳӣ» барои тавсифи ҷаҳони пас аз марг аз Вергилий илҳому ибрат гирифтааст.
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 G. L. P. Virgilius (ингл.) // Dictionary of Greek and Roman Biography and Mythology / W. Smith — Boston: Little, Brown, 1870. — Vol. 3. — P. 1263—1268.
- ↑ 2.0 2.1 2.2 2.3 2.4 2.5 2.6 2.7 Национальная библиотека Франции — 1537.
- ↑ 3.0 3.1 Williams R. D., Bell A. Encyclopædia Britannica (ингл.брит) — Encyclopædia Britannica, Inc., 1768.
- ↑ 4.0 4.1 4.2 4.3 Archivio Storico Ricordi — 1808.
- ↑ CONOR.Sl
Адабиёт
вироиш- Вергилий Марон Публий // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.