Ве́ста (лот. Vesta) — илоҳаи нигаҳбони оташ дар асотири Рум ва Юнони Бостон.

Веста
Votive relief dedicated to Vesta, from Rome, Italy. 140-150 CE. Marble. Altes Museum, Berlin, Germany.jpg
Мифология ancient Roman religion[d]
Сфера влияния kitchen stove[d], home[d] ва Оила
Пол зан
Отец Saturn[d]
Мать Ops[d]
Братья и сёстры Jupiter[d], Neptune[d], Pluto[d], Juno[d] ва Ceres[d]
В иных культурах Hestia[d]
Commons-logo.svg Парвандаҳо дар Викианбор

Веста илоҳаи нигаҳбони оташи хонадон дар асотири Юнони Бостон бо номи Гестия маъмул буда, дертар парастиши он дар Итолиё ва Осиёи Хурд паҳн шуд. Оташкадаи хонадон аз қадим ҳамчун меҳроби ниёишу саҷдагоҳи оила хидмат карда, сарвари хонадон, маъмулан, ба Веста назру қурбонӣ менамуд. Веста дар тасаввури муътақидон илоҳаи пуштибони адолату покии занона буда, дар тимсоли дӯшизаи зебову отифа падид меомад. Дар Руми Бостон ба шарафи Веста ибодатгоҳи мудавваре бунёд шуда буд, ки дар он оташи муқаддас аз ҷониби весталкаҳо нигаҳбонӣ мешуд. Алангаи оташ аз рӯйи эътиқоди пайравон покизагиву бакорати дӯшизаворро таҷассум намуда, то паҳншавии дини масеҳӣ парастиши Веста хеле маъмул буд. Бузургдошти оташ дар миёни ориёитаборони Осиёи Марказӣ ва Эрон қабл аз Юнону Рум маъмул буда, дар китоби муқаддаси Авесто худои оташ бо номи Агни ва Отар зикр шудааст. Дар ибодатгоҳи оташпарастии ниёгони мо оташи муқаддасро андаруни оташкадаҳо пос дошта, онро отарбонҳо ва муғон нигаҳбонӣ мекарданд. Оташкадаҳои бостонии ниёгони мо бо номҳои Навбаҳор (дар Балх), Озарфарнбағ ва Озармеҳрбарзин (дар Эрон), Озаргушнасп (дар Озарбойҷон) ҳамчун ибодатгоҳи зардуштиён шуҳрат дошта, то густариши ойини ислом побарҷо буданд.

ЭзоҳВироиш

АдабиётВироиш