Весталкаҳо (лот. virgo vestalis, Vestālēs) — роҳибони оташбон, дӯшизаҳои зебо ва покдомани Рум, ки оташи муқаддаси Вестаро нигаҳбонӣ мекарданд.

Le culte de Vesta - G.Surand.jpg

Весталкаҳоро ба ибодатгоҳ дар синни 6-солагӣ пазируфта, дар тайи 10 сол онҳоро ҳамчун нигаҳбони оташи муқаддас омода мекарданд. Баъди даҳ соли хидмату риёзат весталкаҳо ба тарбият ва омӯзиши духтарони хурдсол машғул шуда, нигаҳбонони ояндаи оташи муқаддасро ба камол мерасонданд. Пас аз интиҳои 30 соли ранҷу хидмат весталкаҳо метавонистанд ихтиёран тоату ибодатро идома диҳанд ё ба шавҳар баромада, зиндагии осудаҳолонаи дунявиро пеш гиранд. Ҳангоми буду бош дар ибодатгоҳ весталкаҳо вазифадор буданд, ки оташи дар оташкадаи махсус маҳфузро содиқона нигаҳбонӣ намоянд. Весталкаҳо пайваста ба оташи муқаддас ҳезум афканда, бовар доштанд, ки хомӯш шудани оташ боиси нохушии бузурге дар Рум мегардад. Весталкаҳо пироҳани сафеди ҳошиядор пӯшида, дар миёни сокинони Рум эҳтироми зиёд доштанд. Онҳо тимсоли покию риёзати занона буда, дар маросиму ид ва ҷамъомадҳои мардумӣ дар ҷойҳои хосса менишастанд ва ҳатто баъди марг дар қабристони бошукӯҳи канори Рум дафн мешуданд. Дертар баъди паҳн гардидани дини масеҳӣ дар Рум нуфузи весталкаҳо ва парастиши оташ коста, соли 380 императори Рум Феодисии I бузургдошти илоҳа Веста ва ойини оташпарастиро расман манъ кард. Бо оташбон ва ё муғи оташпарастон айният дорад.

Адабиёт

вироиш