Вето
Вето (аз лот. veto — манъ мекунам, мамнӯъ медорам) — ба тариқи шифоҳӣ гузоштани маҳдудият ё манъ намудани фаъолияти мақомоти босалоҳияти давлатӣ ё шахси мансабдори ҳокимияти давлатӣ; аз ҷониби сардори давлат гузоштани маҳдудият ба қонуни қабулнамудаи мақомоти қонунгузор.
Дар таҷрибаи ҳуқуқтатбиқкунии давлатҳои муосир ду намуди вето — мутлақ ва нисбӣ амалӣ карда мешавад. Ветои мутлақ нисбат ба қонунгузорӣ маънои онро дорад. ки ба матни комили санади меъёрӣ-ҳуқуқӣ аз тарафи сардори давлат маҳдудият гузошта мешавад ва ё мақомоти қонунгузор ҳуқуқи ба назар нагирифтани веторо надорад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фақат амалӣ шудани ветои нисбӣ нисбат ба раванди қабули қонунҳо имкон дорад. Масалан, қонунҳое, ки Маҷлиси намояндагон қабул намудааст, ба Маҷлиси миллӣ пешниҳод мешаванд, ба истиснои қонунҳо дар бораи буҷаи давлатӣ ва авф. Маҷлиси миллӣ қонунро бо тарафдории аксарияти шумораи умумии аъзои худ ҷонибдорӣ мекунад. Дар мавриди дастгирӣ наёфтани қонун аз ҷониби Маҷлиси миллӣ қонун такроран дар Маҷлиси намояндагон баррасӣ мешавад. Дар сурати бо қарори Маҷлиси миллӣ норозӣ будани Маҷлиси намояндагон, қонун ҳамон вақт қабулшуда ҳисоб мешавад, ки агар Маҷлиси намояндагон онро такроран бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии вакилон тасдиқ намояд. Қонунҳо дар бораи буҷаи давлатӣ ва авф танҳо аз ҷониби Маҷлиси намояндагон қабул карда мешаванд. Қонунҳои конститутсионӣ дар бораи масъалаҳое қабул карда мешаванд, ки Конститутсия муайян намудааст. Қонунҳои конститутсионӣ бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии вакилони Маҷлиси намояндагон қабул мегарданд ва Маҷлиси миллӣ бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи аъзои худ онҳоро ҷонибдорӣ мекунад.
Қонунҳо барои имзо ва интишор ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мешаванд. Агар Президент ба қонун ё қисми он розӣ набошад, қонунро дар муддати понздаҳ рӯз бо далелу эродҳо ба Маҷлиси намояндагон бармегардонад. Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон бо тартиби муқарраркардаи Конститутсия қонуни мазкурро такроран баррасӣ менамоянд. Агар ҳангоми баррасии такрорӣ қонун дар матни пештар қабулшудааш бо аксарияти аз се ду ҳиссаи шумораи умумии аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон дастгирӣ ёбад, Президент дар муддати даҳ рӯз ба қонун имзо мегузорад ва онро интишор менамояд. Ҳангоми баррасии қонуни аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардонидашуда, ки онро пештар Маҷлиси намояндагон бо аз се ду ҳиссаи овозҳо қабул намуда буд, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон онро такроран бо аксарияти на камтар аз се ду ҳиссаи овозҳо тарафдорӣ мекунанд. Агар Президент қонуни конститутсиониро баргардонад, Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллӣ бо тартиби муқарраркардаи Конститутсия қонуни мазкурро так роран баррасӣ менамоянд. Агар ҳангоми баррасии такрорӣ қонуни конститутсионӣ дар матни пештар қабулшудааш бо аксарияти аз чор се ҳиссаи овозҳои шумораи умумии аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон тасдиқ шавад, Президент дар муддати даҳ рӯз ба қонуни конститутсионӣ имзо мегузорад ва онро интишор менамояд.
Зери мафҳуми вето инчунин ҳуқуқе дар назар дошта мешавад, ки ваколати шахс ё гурӯҳеро барои ба таври яктарафа манъ кардани қабули ин ё он қарор нишон медиҳад.
Дар ҳуқуқи байналмилалӣ манзур аз вето ҳуқуқи аъзои доимии Шӯрои амнияти СММ барои манъ кардани қарорҳоест, ки ба қабули онҳо мувофиқ нест. Ҳар як узви Шӯро як овоз дорад. Қарор дар бораи масъалаҳои муҳим ҳамон вақт қабулшуда ба ҳисоб меравад, ки на кам аз 9 аъзо, аз ҷумла 5 аъзои доимӣ овоз дода бошанд. Ҳатто агар як узви доимӣ муқобили қарор овоз диҳад, он радшуда ба ҳисоб меравад.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Вето / А. Имомов // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.